ХАБАРИ ДОҒ

Коллеҷе, ки 2 аср боз иҷорашин аст!

  • Сешанбе, Окт 17 2017

Ба таваҷҷӯҳи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Насим Олимзода
Ба таваҷҷӯҳи раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ

Шояд боварнокарданист, лек ҳақиқати ҳол он аст, ки ягона даргоҳи илм ва ҳунаре, ки мутахассисони миёнаи соҳаи тибро дар водии Зарафшон тайёр мекунад, коллеҷи тиббии ш.Панҷакент 2 аср боз иҷоранишин аст. Дар ҳоле, ки ҳамасола даҳҳо соҳибкорон барои бунёди мағозаву дӯкон ва тарабхонаву чойхонаву ошхонаву ким кадом «хона»-ҳои дигар соҳиби замин мегарданд, ин коллеҷ 25 сол боз дарбадар аст ва имкон дорад барҳам хӯрад. Коллеҷ таърихи 30-сола дошта, ҳамчун филиали омӯзишгоҳи тиббии ш.Хуҷанд ҳанӯз с.1987 ташкил шуда буд. То ин вақт ин даргоҳ дар чандин макону мавзеъҳо тариқи иҷора фаъолият кардаву бо ин вуҷуд садҳо мутахассисони тибро ба воя расонидааст. Коллеҷ ҳоло дар бинои раёсати омори ш.Панҷакент мешинад. Аз аввал мушкили бинои худи таълимгоҳ вуҷуд доштааст ва бино ба иттилоъ, аз ҳамон замон то ҳол роҳбарони коллеҷ чандин бор ба роҳбарони ҳукумати ш.Панҷакент барои гирифтани бино ё замин барои сохтмон ариза пешниҳод кардаанд. Аз рӯи маълумоти директори он-Муҳаббат Собирова, дар коллеҷ якҷоя бо филиали он дар н.Айнӣ, айни замон ҳудуди 1000 нафар донишҷӯ таҳсил ва 67 нафар фаъолият доштаанд.

АРИЗАИ 20 СОЛА КУҶО ШУД?
Дар 1 нишасти матбуотӣ роҳбарият ва устодони коллеҷ гуфта буданд, ки агар ба мо замин ҷудо мекарданд, тариқи ҳашар синфхонаҳо барои таълими донишҷӯён бунёд мекардем. Шояд устодони ин даргоҳ дуруст ҳам гуфтанд ва агар дар тӯли 25 сол ҳар 1 донишҷӯ ва корманди ин таълимгоҳ рӯзе яктоӣ хиштро болои хиште мегузоштанд, соле 109500 дона хишт ва дар 25 сол 2 млну737 ҳазору 500 дона хишт мешуд. Худ қазоват кунед, ки ин миқдор хишт барои бинои чандошёна мерасид, лек аз сабабе, ки замин набуду ин даргоҳ шояд барои нафароне эътибору эҳтиром надошт, ин амали савоб иҷро нашуд! Коллеҷ ягона дар водии Зарафшон буда, ин ҷо аз рӯи 2 ихтисос-момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ ба донишҷӯён дарс гуфта мешавад. Собирова мегӯяд, имкони кушодани дигар ихтисосҳоро ҳам дорем, аммо аз сабабе, ки соҳиби бино нестем ва ҷой намерасад, нақшаҳоямон амалинашуда мемонанд. Тибқи талаботи қонун ҳар 1 муассисаи таълимӣ барои фаъолият аз атестатсияи давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва вобаста ба тобеъияти муассисаи таълимӣ ба ин ё он вазорат аз намояндагии ҳамон вазорат гузаронида мешаванд. 1 шарти асосии атестатсияи санҷишӣ ин доштани бинои худи таълимгоҳ аст. Атестатсияи навбатӣ барои ин коллеҷ баҳори с.2018 ба нақша гирифта шудааст. Дар сурате, ки ин таълимгоҳ бинои худро надорад, мушкили фаъолияти минбаъдаи он пеш меояд ва эҳтимоли басташавиаш ҳам мавҷуд аст.

Вазир: КОЛЛЕҶ БАРҲАМ МЕХӮРАД!
Аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ Вазири тандурустӣ-Олимзода Насим ҳангоми ба Панҷакент ташриф оварданаш ба раиси ш.Панҷакент Ислом Зиёзода проблемаи коллеҷро гуфта, таъкид ҳам кардааст, ки агар мушкил ҳал нашавад, мо коллеҷро мебандем. Дар сурати баста шудани коллеҷ садҳо нафар ҷавонони водии Зарафшон бе ҷои таҳсил ва даҳҳо омӯзгор бе ҷои кор мемонад. Магар ин ба фоидаи кор аст? Мавзуна-муҳассили ин даргоҳ мегӯяд, “гарчанде синнам аз 30 гузашта бошад ҳам, ба хулосае омадам, ки бояд ҳадди ақал ҳамшираи шафқат шавам ва ба ин даргоҳ дохил шудам. Ақаллан оилаву фарзандҳоямро сӯзандору карда метавонам ку”. Мисли Мавзуна даҳҳо зану ҷавонони дигар ҳастанд, ки бо вуҷуди синну сол ба қавле “то ба ҷое расидан” интихоби касби табибиро пеша мекунанду роҳ ба сӯи коллеҷи тиббии Панҷакент мегиранд. Вале агар ҷои бунёди коллеҷ ҷониби вазири тандурустӣ, ё раиси вилояти Суғд онро банданд, ҳоли мардум чӣ мешавад? Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!


Хуршед Фозилов,
Панҷакент, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter