ХАБАРИ ДОҒ

Чораҳои мақсаднок меандешем

  • Душанбе, Окт 23 2017


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе мақолаҳои «Нашуд… натавонистед!» (СССР, 14.09.2017, №37(470) ва «1 қадам ба пеш, 2 қадам ба қафо?!» (СССР, 21.09.2017, №38(471)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Бо ташаббуси шаҳрдорӣ шурӯъ аз моҳи январи с.2017 ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасонии нақлиётӣ бо истифода аз тамоми имконият ва шароити мавҷуда чораҳои мақсаднок андешида мешавад. Таҳлили 8-моҳаи нишондиҳандаҳои иқтисодиву истеҳсолии корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатӣ ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ, ки фаъолияти мусофирбариро дар шаҳр амалӣ мекунанд, муайян кард, ки ҳаҷми мусофиркашонӣ нисбати ҳамин давраи с.2016 101,4% ё ин ки 1 млну 425 ҳазору 200 мусофир зиёд ва гардиши мусофирон бошад 101,7% ё ин, ки 12 млну  360 ҳазору 710 мусофир километр зиёд иҷро шудааст. Иҷрои машина-даврҳои воситаҳои нақлиёти мусофирбарии корхонаҳои коммуналӣ нисбат ба ҳамин давраи с.2016 15 ҳазору 959 ва воситаҳои нақлиёти сектори хусусӣ бошад нисбат ба ҳамин давраи с.2016 61 ҳазору 733 нишондод зиёд иҷро шудааст. Қобили зикр аст, ки дар хатсайрҳои шаҳр ҳаҷми мусофирбарӣ ба ҳисоби миёна дар 1 рӯз 540-550 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз 138 млну 473 ҳазору 400 мусофири дар 8 моҳи с.2017 интиқол додашуда 65 млну 361 ҳазору 400 мусофир ё 47,2% тариқи нақлиётҳои корхонаҳои коммуналӣ ва 73 миллиону 122 ҳазор мусофир 52,8% тариқи сектори хусусӣ интиқол дода шудааст. Шумораи кормандону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба 40%-и ин нишондиҳанда (ҳаҷми мусофирбарӣ) баробар аст. Бо вуҷуди он, ки парки воситаҳои нақлиёти корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии мусофирбарии пойтахт соли равон аз ҳисоби харидорӣ шудани 64 адад автобусҳои нави замонавии тамғаи «ISUZU» афзоиш ёфта, таъмини сокинон ва меҳмонон бо хизматрасонии сифатан баланд беҳтар гардида бошад ҳам, интиқолдиҳандагон дар 1 вақт имкони пурраи ҳамлу нақли мусофиронро дар соатҳои зиёдшавии анбуҳи мусофирон надоранд.
Новобаста аз ин, масъулони соҳаи нақлиёти мусофирбарии шаҳр муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои ш.Душанбе, пурра қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони ш.Душанбе тамоми чораҳои мушаххаси мақсаднокро амалӣ намоянд.

Бо эҳтиром,
 Қурбон Саидзода

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter