ХАБАРИ ДОҒ

Бидуни ғараз-1

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил


(Саъдӣ)


Ҷамъият бисёр мехост, моҳича неву наҳангҳоро мақомот шикор кунад. Ва ин ҳам дар самти коррупсия. Хеле мунтазир будем. Зеро коррупсия бо он ҳам-ҳамаву дам-дамааш, ки таваллуд шуда буд, тӯли чандин сол танҳо муаллим медошту духтуру гаишник ва он ҳам бо 200-300 доллар пора. Воқеан ҳам ин боздошти мударрисину табибон обу рӯи ин касбҳоро дар кишвар ба хоки хунук баробар кард. Албатта, сарватмандоне ҳабсу моликияташон мусодира мешуд, вале баъди ба сиёсати бузург даст заданашон. Ким моликияти ҳабсшудаи Зайд Саидов, Ҳоҷӣ Ҳалим ва М.Кабириро ёд надорад? Суолҳое он замон буданд, ки то боздошт ва ё фирори ин хиёнаткорон чаро мақомот он сарвату давлатро намедид? Коррупсия!!!
Аммо ҳабси 10 корманди коррупсия бо маблағҳои гӯшношуниди овоза-пресси мардумӣ, ки пулашонро то 35 млн доллар дакка мехӯронданд (нафаре пул надорад, барои ӯ ҳазор чиву миллиону миллиард чӣ? Гуфтан мегирад!), ба боздошти фасодкорони наҳангбашара оғоз гузошт. Ҳамакнун гиру дори ину он судяву бонкиру фақиру кабир касеро ҳайратзада намекунад. Зеро, ба назар мерасад, ки миёни ниҳодҳои қудратӣ 1 навъ набарди шадиди бе эълони ҷанг шуруъ шудааст.
Дар ҳамин додуситад ширкати маъруфтарини ватанӣ-Умед-88 баста ва садри он боздошт шуд. Ҳоло овозаҳост, ки Илҳом-командири маъруфи ҷанги гражданӣ, маъруфтар бо исми Илҳоми ботурободӣ низ бо ҷурми фасод дастгир шудааст. Аммо агар Илҳом-қумандон шахсияти танҳо ба мавзеъи Қурғонтеппа ошно бошад, пас Раҷабалӣ Одинаев-садри Умед-88 чеҳраи бизнеси ватанист… Зимнан боздошти ӯ сару садоеро дар олами бизнес ва «капиталовложение» ҳатман ба бор хоҳад овард! Ин дар ҳолест, ки тибқи хабароти расмӣ Умед-88 қарзи ҳангуфти баробар ба 170 млн сомониро аз ҶСК «НБО Роғун» бо миёнчигарии Вазорати молия гирифтааст. Воқеан ҳам ин бори аввал нест, ки баъди сари кор омадани Абдусалом Қурбониён -вазири нави молия, ин вазоратхона дар маркази хабарҳои сенсатсионӣ қарор мегирад, ки роҷеъ ба ин мавзуъ ҳатман хоҳем навишт. Мо Метавонем!
Ҷиҳати дигари кор ин аст, ки таври маълум халқи оддӣ сар аз мактабхон то нафақахӯру бознишаста ҳамон солҳо охирин дирами худро барои бунёди ин Нерӯгоҳ рехта буду НБО Роғун, метавон гуфт, умеди охирини 8 млн тоҷикистонӣ ба ояндаи рахшон (бо ҳар 2 маънӣ) гардид. Ва ана акнун хулоса кун, хонанда, ки то кадом ҳадд бояд ноинсоф бошӣ, ки аз умеди мардум 171 млн сомонӣ рабудаву чун қарз ба Умед-88 диҳӣ…
Ҳамаи ин дарди ба хайр аст. Ғаробати кор дигар ҷост. Ҳамагӣ 2 ҳафта пеш Агентии мубориза бо коррупсия Аскар Нурализода-муовини сардори Раёсати барномаҳои инноватсионии Вазорати рушди иқтисодро боздошт кард. Акои Аскаралӣ қабл аз ҷудо намудани 10 млн доллари амрикоӣ барои рушди соҳаи парандапарварии н.Ҷ.Балхӣ (воқеан тибқи хабари сарчашмаҳои мо дар ин ноҳия ин соҳа ҳоло вуҷуд надорад!) аз масъуле…1 млн доллари амрикоӣ талаб кардааст! 10% яъне, ки…
Акнун шояд тафтишот муайян мекунад, ки аз 171 млн сомонии «зикрашбахайр» масъуле % гирифтааст, ё на? Шахсан ман бовар надорам, ки на…
Бо ин ҳама Одинаев соҳибкор аст. Соҳибкор таври маълум чун гург аз ҳар тараф меканаду бизнесашро рушд мебахшад. Яъне агар ба таҳқиқ бингарем, дар ин моҷаро бештар онҳое гунаҳкоранд, ки ба ширкати Умед-88 қарзи бузург додаанд. Зеро агар рӯи худоро бингарем, дилхоҳ бизнесмен аз чунин «қарз» ҳаргиз рӯ нахоҳад тофт. Рости гапро гуфтам? Конечно! Мо Метавонем!
Вале акнун баргардем, сари номи матлаб. Тоҷикон бисёр масали хубе доранд:
-Арӯса дар арӯсиш-кучука дар кучукиш…
Маънояш фаҳмост? Яъне алави чашми арӯсро дар оғози зиндагонӣ бояд гирифту сагро дар хурдияш бояд таълим кард. Тамом! Дигар то охири умр, бухуру бугард, бача.
Масали маро нафаҳмидед? Дар интихоби кормандони масъул бояд масъулияти  бештар эҳсос кард. Интихоб ва тарбияти масъулини воломақоме, ки бо пул, мол, буҷҷа, иқтисодиёт сару кор доранд, бояд то ҳадде шаффоф гардад, ки зимни фасодкории 1 чиновник ҳатман онҳое, ки ӯро тавсия додаанд, низ муҷозот шаванд. Танҳо дар ин сурат метавон аз фасоди бузург садд гузошт. Ва боз 1 чизи дигари на он қадар муҳим, ки онро метавон модари фасод (уммулфасод) хонд:
-Маоши чиновникҳое, ки бо пулу моли давлат сару кор доранд, бояд аз 5-6 ҳазор доллар камтар набошад!
Ин барои буҷҷаи мо гарон аст, мегӯед шумо? Дуруст мегӯед! Вале бинед, ки 1 дузд ё фосиде онгуна пул мерабояд, ки бо он метавон чандсад масъулро маоши бузург дод. То маош кам аст, коррупсия на-ме-ми-радддд. Касе ба ин аксиомаи ман бовар надорад, нависад. Тӯҳфаи вежаи СССР ӯро интизор аст.
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter