ХАБАРИ ДОҒ

Генералҳо аз аттестатсия гузаранд

  • Душанбе, Окт 30 2017


Солҳои 1960 дар мактаби №10, собиқ хоҷагии ба номи Шаталови н.Кӯлоб мехондам. Муаллими фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ шодравон Давлат Тошмуҳамедов дар баъзе маврид бо фахр мегуфт, ки «бародари ман Мастибек Тошмуҳаммадов-якумин генерал дар РСС Тоҷикистон аст». Аз суҳбатҳои устод пай бурдан душвор набуд, ки онҳо бо бародараш дар оилаи бомаърифат ва илмдӯст тарбия ёфтаанд. Воқеан ҳам дар асри 20 дар СССР аз ҷиҳати миқдори илми олидорҳо бар сари ҳар 1 оила мардуми ВАБК дар ҷои 1 меистод. Чанд сол пас генерал Муҳаммадҷонов ва генерал Раҳимов пайдо шуданд. Рутбаи полковникӣ ҳам нисбатан кам буд. Бо рутбаи майор фақат сардори ШКД фаъолият мекард. Ҳоло шумораашон бениҳоят зиёд ва дар баъзе ноҳияҳо, хиёбонҳо чандин генералҳо пайдо шудаанд ва ба касе маълум нест, онҳо барои кадом хизмат дар назди Модар-Ватан ба чунин рутба ва унвону мукофот сарфароз шудаанд. Лекин ҳаминаш дертар ошкор мешавад, ки «фалон генерал, ё полковник хоини Ватан ё порахӯр будааст». Дар мисоли Маҳмуд Худойбердӣ, Мирзо Ҷага, Ҳоҷӣ Ҳалим ва Гулмурод Ҳалим. Ва ё аксари боздоштшудаҳо-кормандони собиқи Агентии зидди коррупсия айнан чунин рутбаҳо доштанд. Аз ин рӯ, бисёр хуб мешуд, ки тамоми генералу полковникҳо аз аттестатсия-ғалбер гузаранд. Чунки касе кафолат дода наметавонад, ки фардо аз дигар сохторҳои қудратӣ бо чунин рутба хоинон пайдо намешаванд! Мо Метавонем!

Ҷаббор Раҷабов,
мухбири мардумии СССР, н.Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter