ХАБАРИ ДОҒ

Иқдоми «Грин Голд» бар зарар нест

  • Душанбе, Нояб 06 2017


Мақолаи дар сайти интернетии СССР бо акси ман чоп кардаи журналист Б.Уроқов аз он шаҳодат медиҳад, ки талаботҳои Конститутсияи ҶТ ва дигар қонунҳо риоя нашуда, муаллиф аз вазифаи хизматиаш суистифода намуда, бо ҳар роҳ мехоҳад шаъну эътибори маро ҳамчун раиси ноҳия паст зада, дар як вақт мехоҳад дар байни аҳолии осоиштаи ноҳия иғво ангезад. Қарори раиси ноҳия дар бораи додани қитъаи замин ба ҶДММ «Грин Голд», ки дар ҳудуди ҶТ фаъолият намуда, андозсупоранда аст, то давраи кории ман, яъне 2.03.2016 қабул шудааст. Дар асоси қарори мазкур ба ин Ҷамъият барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ дар майдони 88,61 га, ки аз ин 77,55 гектараш замини боир, яъне аз гардиши кишоварзӣ бозмонда, мебошад, дода шудааст. Беш аз 15 сол ин қитъаҳои замин бинобар набуди об истифода намешуданд. Ҷамъият баъди ба замин соҳиб шудан дар масофаи наздики 2000 метр роҳро ҳамвор намуда, барои мондани қубурҳои обкаш симчӯб монда, қувваи барқро бурда истодааст ва мехоҳад дар ин майдон ниҳоли писта шинонад… Воқеан, дар асоси муроҷиатҳои шифоҳии аҳолии деҳаи Ватан ва намояндагони ҶДММ «Грин Голд» ин мавзеъро аз назар гузаронидам ва аён гашт, ки баъди баровардани об замини қабристон, ки дар пастӣ ҷойгир аст, шояд зери об монад ва ин аз ҷиҳати талаботи қонунгузории ҳифзи саломатии аҳолӣ мухолиф аст, зеро оби он ҷасадҳоро зери об гузошта ва баргашта ба канали оби нӯшокӣ мерезад. Аз ин рӯ, таклиф кардам, ки барои қабристон замини ҷои баландро пешниҳод кунанд, таклифи онҳоро дастгирӣ мекунам. Намояндагони ҶДММ «Грин Голд» ҳатто гуфтанд, ки ба гӯронидани фавтидагон зид нестанд ва ҳатто барои маҳкам кардани атрофи қабристон кумак расонида, аз ҳисоби Ҷамъият бо симтӯр онро маҳкам менамоянд. Магар дар ин ҳолатҳо ягон қонуншиканӣ дида мешавад? Дар ҳолати такрор ёфтани мақолаҳои беасосу иғвоангез маҷбур мешавам, ки ба мақомоти судӣ муроҷиат намоям.

Оймаҳмадзода Р.А. Раиси н.Шаҳритуз

Аз СССР: Мӯҳтарам раис! Мо низ зиёд мехоҳем бо Шумо дар суд вохӯрем ва соҳибони он гӯрҳое, ки дигар роҳи рафташонро сари марқади азизонашон бастаед, низ он ҷо ҳузур дошта бошанд. Ҷои муҳокимаро худатон маълум кунед. Аммо мардумро бе гӯристон мондан дар 2 дунё ҷиноят аст: заминӣ ва замонӣ. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter