ХАБАРИ ДОҒ

Бидуни ғараз-3

Аргумент: Маркази мутолиоти исломии Уммон Эмомалӣ Раҳмон-президенти Тоҷикистонро ба Феҳристи «500 мусалмони бонуфузи олам» шомил кард. Хотиррас мешавем, ин феҳрист сар аз соли 2009 омода ва пахш мешавад ва ба он нафароне шомил мегарданд, ки барои рушди исломи ноби бидуни таассубгароӣ ва экстремизм хидматҳо кардаанд. Президенти ҶТ дар тӯли 8 соли фаолияти Маркази мазбур барои бори 4-ум аст, ки шомили ин феҳрист мегардад. Маркази омӯзиш ва мутолиоти Уммон аз бонуфузтарин муассисоти исломист, ки бар он дар ҳама давлатҳои рушдкардаи исломӣ арҷ мегузоранд ва ғояашро эътироф менамоянд.
Парадокс: Баҳои баланди Маркази мусалмонони олам ба Тоҷикистон дар шахси Президенти он, дар ҳолест, ки ташкилоту муассисоти Ғарбӣ борҳо Душанбеи расмиро санг мезананд, ки динситезӣ дорад ва мусалмононро фишор меорад. Хеле аҷиб аст, кишварҳои исломӣ моро ба расмият чун бунёдгузори ислом мешносанду кишварҳое, ки олами мусалмониро пайваста бомбаборон мекунанд, баракс, ҳукумати моро ба динситезӣ муттаҳам доранд. Онҳо чӣ мехоҳанд? Афғонистони дуввум кардани кишвари моро, ки сареҳатан дар Сарқонунаш навишта шудааст, Тоҷикистон давлати дунявист? Намешавад! На-ме-та-во-неддд! Зеро Мо метавонем!
Суол: Пурсида мешавад, оё мубориза бо ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ки дар худи Амрикову Аврупо ба рӯйхати сиёҳи террористӣ шомиланд, магар динситезист?
Алҳамдулиллоҳ, ҳамаи мо мусалмонем! Сар аз коргари қаторӣ то Президент калимаи шаҳодат гардонидаву фароизи исломиро ҳамасола иҷро мекунем (қудрат бар тавоноӣ). Аммо мо намегузорем, равияҳои ҷадид ва хавориҷ доминант дар олами исломии Тоҷик бошанд. Мо адабпарвардаи мазҳаби Эмоми Аъзами Тоҷикем ва то ҳастем ба ин мазҳаб содиқ хоҳем монд. Арзишҳои миллиро низ дар баробари арзишҳои ноби исломи прогресс, на регресс, мо ҳифз мекунем. Фарзи мисол, агар арҷгузорӣ бар атласи бонуи Тоҷик, ки ба таъбири худи ғарбиён «рамзи зиндагонист», дар нисбат ба сатри сиёҳи кафанпечи арабӣ, ки боз ҳам ба таъбири аврупоиҳо «рамзи марг» аст, динситезӣ бошад, пас Ғарб бояд паралелҳои тасаввуроташ дар бораи ҳуббулмазҳабро ба мо пешкаш намояд. То бифаҳмем, онҳо чӣ мехоҳанд?!
Факт: Дуруст аст, ки Тоҷикистон бо фундаментализми антимазҳабӣ ҳарб мекунад. Ин фарзи нонавиштаи мазҳабии мост. Фарзи мисол, оё мешавад озодона дар кишварҳои арабии ваҳҳобигарову Эрони шиъапеша таблиғу ташвиқи Ҳанафия кард? Ҳаргиз!!! Пас чаро дифоъи мазҳаби миллӣ аз салафияву ташаййуъи 12-эмома динситезӣ бошад???
Бубинед, то замоне, ки Бухорои Шариф бунгоҳ ва такягоҳи мазҳаби Эмоми Аъзам буд, равияву аҳзоби сиёсии исломӣ (инҳо ҳама сиёсиянд то мазҳабӣ бошанд) варшикаста буданд. Имрӯз Душанбе бояд миссияи Бухорои Шарифро иҷро намояд ва такягоҳи мазҳаб гардад. Мутаассуф, дар мамолики пасошӯравӣ, ки бо таъсири абармардони Тоҷик мазҳаби доминант аз Эмоми Аъзам аст, ягон кишваре кӯшиши сарпарасти расмии кеши Эмоми Аъзам буданро намекунад. Ин амал оқибати баде дорад. Ӯзбакистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия (Тотористон) низ шодихӯрдаи ҳамин мазҳабанд, вале расман кореро дар роҳи побарҷоии он ва таблиғу ташвиқаш намекунанд. Ин дар ҳолест, ки Саудӣ, Қатар, Эрон, Туркия… расман аз ину он оин пуштибонӣ мекунанд. Ва ана ҳамин пуштибонии моливу пуливу таблиғотист, ки кӯдакони мо аз Шаҳритусу Исфараву Кӯлобу Ванҷ «карамултук» сари гардан, ба ҷиҳодҳо мераванд.
Яъне чӣ? Яъне ташвиқи мазҳаби таҳаммулпазиртарини Исломи ноб, мазҳаби Эмоми Аъзам дар ин кишварҳо бо 2 по мелангад. Чун имрӯз таблиғу ташвиқи мазҳабӣ тариқи расонаҳои расмии электронӣ манъ аст, уламои моро шарт ва зарур аст, ки аз интернет истифода кунанд. Ҳоло дигар замоне нест, ки барои шарҳу тафсири ояе харакиву аспакӣ пеши Домуллои Тоҷикободӣ ва ё Мулло Ҳайдар ба Ғарму Кӯлоб равӣ. Муруре бар саҳифоти иҷтимоӣ кофист, то наврасе, ҷавоне, аз интернет бо 1 линк ба саволи худ посух гирад. Вале агар ба ин сайтҳо мурур кунед, медонед посухро ким ба шумо медиҳад? Ёфтед! Мубаллиғини исломи экстремистӣ. Онҳое, ки бо бадномсозии Ислом сару кор доранд…
Ҷои набард ин ҷост ва бояд уламои саршиноси мо дар ин саҳафот пайваста баҳс кунанд. Дуруст аст, ки тарафгирони Исломи толерантро дар ин замбӯрхона таҳқиру дашному тавҳину таҳдид интизор аст. Аммо бояд барои мазҳаб риск кард. Наҳаросед ва паҳлӯи Ҳукумати Марказӣ ҷо гиред, домуллоҳои мӯҳтарам. Мо низ дар ҳамин ҷоем. Мо Метавонем!
Хатм: А, сиёсати дугунагӣ, дупогонӣ ё худ дилеммаи исломгароӣ, ки Ғарб пеша кардааст, ҳаргиз тағйир намепазирад-сиёсати 1 бому 2-ҳавоӣ... Ва барои 1 кайк, яъне баҳои манфии созмонҳои ба ном ҳуқуқдифоъи ғайридавлатӣ, пӯстин, яъне мазҳабатонро насӯзонед…Хатар ин ҷост! Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter