ХАБАРИ ДОҒ

Қасри фарҳанги ноҳия аз сари нав таъмиру таҷдид гашта, дар атрофаш боғи наву варзишгоҳ ва толори варзишӣ бунёд карда шуд. Ҳоло ин боғ ҷои дӯстдоштаи мардуми шаҳрак шудааст, ки шомгоҳон омада бо фарзандони хеш назди фаввораҳо истироҳат менамоянд. Мактаб-гимназияи наву муосир, Хонаи ақди никоҳ, коргоҳи дӯзандагиву ҳунар, ки дар он занону духтарон ҳам касб меомӯзанд ва ҳам маош гирифта зиндагиро пеш мебаранд, маҳз бо ибтикори раис сохта ва таҷдиду таъмир карда шудаанд. Аз ҳама муҳим, шаҳрак шабҳо чароғон гардидааст!

Дӯстони азиз! Чуноне ки шумо огоҳед, дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?» мо тибқи арзу пешниҳод ва даъвати шумо бо навбат ба ин ё он шаҳру ноҳия сафар карда, бо зисту зиндагонии сокинон, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва ободонӣ ошно мегардем. Чӣ гуна раиси шаҳр, ё ноҳия ба мушкилоти сокинонаш расидагӣ мекунад, бархӯрди раис бо мардум чӣ хел аст, барои шаҳру ноҳия ва сокинонаш чӣ кард ва боз ҳам чӣ хоҳад кард-ин аст муҳимтарин нуктаи сафару боздиди мо.


Ин дафъа ман ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бесабаб интихоб накардаам-пешопеши 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихиву тақдирсози миллати Тоҷик, ки 17.11.1992 маҳз дар Қасри Арбоби ҳамин ноҳия сурат гирифта буду тақдири миллатро барои садсолаҳои дигар муайян сохт, омаданам басо рамзӣ шуд. Ин ноҳия калонтарин ноҳияи вилояти Суғд буда, ҳудудаш 41% майдони умумии вилоятро ташкил менамояд. Ноҳия аз 11 ҷамоати деҳот-Хистеварз, Унҷӣ, Ёва, Ҳайдар Усмонов, Исфисор, Исмоил, Овчиқалъача, Ғозиён, Дадобой Холматов, Зарзамин, Чашмасор ва шаҳраки Ғафуров иборат аст. Дар тӯли 2 рӯзи сафари худ фурсат пайдо кардам аз ҷамоати Хистеварз, Қасри Арбоб, Боғи Миллӣ, азимтарин корхонаҳои саноативу истеҳсолии ноҳия, амсоли ҶДММ «Ғаллаи Суғд», иншоотҳои наву замонавӣ, Қасри фарҳанг, маркази ноҳия дидан карда, дар қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия-Зариф Назирӣ низ ширкат варзам. Он чизе, ки дар Б.Ғафуров дидаму шунидам ба шумо низ бо навбат хоҳам гуфт. Мо метавонем!

Хистеварз-калонтарин деҳаи Тоҷикистон
3.11.2017. Соат бо вақти Б.Ғафуров 8:30 дақиқа. Ҷамоати Хистеварз (Қистақӯзи собиқ ва маъруф!!!) ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам имрӯз калонтарин деҳаи кишвар маҳсуб ёфта, айни замон шумораи аҳолияш аз 60.000 нафар ҳам гузаштааст. Яъне, 2 маротиба аз теъдоди аҳолии ш.Бӯстон бештар! Шуғли асосии хистеварзиҳо кишоварзиву боғдорӣ буда, ҷамоат бо н.Лайлаки вил.Боткенти Ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон ҳаммарз аст. Агар шумо аз маркази ноҳия ба самти Конибодому Исфара равед, ҳатман мебинед, ки 1 тарафи шоҳроҳ Тоҷикистон асту самти дигараш Қирғизистон, агар чойхонаи ин тараф «Тоҷикистон» ном дошта бошад, мағозаи самти дигар ҳатман номи «Қирғизистон»-ро дорад. Ҳамеша ҳамин тавр буд ва мардуми Хистеварз шукр аз он мекунанд, ки дар тӯли тамоми асрҳои ҳамсоягӣ боре ҳам дар ин минтақа низоъҳои наздимарзӣ сар назадаанд-мардуми ҳар 2 тараф бо кишоварзӣ ва чорводории хеш машғуланду коре ба касе надоранд. Ин хуб аст!
Дар Хистеварз айни замон барои рушди фарҳангу варзиш, маорифу тиҷорат ва пешбурди зиндагӣ аз тарафи чӣ ҳукумати вилоят ва чӣ ноҳия тамоми шароит омода карда шудааст. Варзишгоҳи бузург бо ҳавзи шиноварӣ барои марду зан, мактабҳои муосир ва дорои тамоми имконияту шароити замонавӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва савдо, марказҳои омӯзишӣ, алалхусус, дӯзандагиву адрасбофиву қолинбофӣ, муассисаҳои томактабӣ барои рушди насли наврас фаъол буда, ягона яслӣ-боғча дар вилоят барои кӯдакони имконияташон маҳдуд низ маҳз дар Хистеварз фаъол аст. Ин боғча бо ташаббуси З.Назирӣ бунёд ва таҷҳизонида шуда, бино ба гуфтаи мардум, раис ният кардааст боз 1 чунин муассисаро барои кӯдакони ношунаво ва нобино ҳам бисозад. Аҳсант!

Қасри Арбоб
Соат бо вақти Б.Ғафуров 12:30 дақиқа. Аз Хистеварз мошин киро карда, рост ба тарафи ҷамоати Унҷӣ, ки дар ҳудуди он Қасри таърихии Арбоб ҷойгир аст, роҳ пеш мегирам. Корҳои омодагӣ дар Қасри Арбоб дар ҷӯшу хурӯш аст-агар аз 1 сӯ тамоми мавзеи сабзи маҷмаа аз сари нав ободкорӣ шуда истода бошад, аз сӯи дигар тамоми бино рангубор гашта, шабеҳи Қасри Зимистонаи Санкт-Петербург ба худ қабои нав мепӯшад. Дар толори маҷлисгоҳи қаср тамоми фарҳангиёни суғдӣ ҷамъ омада, барои бошукӯҳ пешвоз гирифтани меҳмонони ҷаласаи ҷашнӣ, ки қарор аст ҳафтаи оянда бо ширкати президенти кишвар ва фарҳехтагони мамлакат баргузор гардад, тайёрӣ дида истодаанд. Ман нахостам ба касе халал расонам ва тасмим гирифтам бо истифода аз фурсат осорхонаи қаср ва оромгоҳи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ-Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаевро, ки дар ҳамин макон воқеъ аст, бубинам. Мегӯянд, ҷасади қаҳрамонро пас аз ба хок супоридан фарзандонаш гирифта дар дигар ҷой ба хок супоридаанду ҳоло бошад танҳо сангаш боқӣ мондааст. Пеши худ гуфтам, ки ҳатман дар ин бора хоҳам навишт. Дар осорхонаи қаср бошад нусхаи хонаи қаҳрамон, алалхусус, бошишгоҳи саҳроияш сохта шудааст, ки ба ҳар бинанда хуш меояд.



Шаҳраки Ғафуров симояшро нав кардааст
Соат бо вақти Б.Ғафуров 15:30 дақиқа. Аз Қасри Арбоб ба шаҳраки Ғафуров-маркази ноҳия баргашта, ба тамошои он мебароям. Шаҳракро, ки боз бо номи «Вокзал»-ба хотири воқеъ будани калонтарин истгоҳи роҳи оҳани вилоят машҳур аст, 12 сол пеш дида будам. Солҳои охир он билкулл симояшро иваз намудааст. Сокинонаш мегӯянд, пас аз омадани Назирӣ ба раисии ноҳия корҳои таҷдиду азнавсозӣ такони нав гирифт. Дар муддати 1,5 соли охир кӯчаҳои шаҳрак пурра азнавсозӣ шуда, мумфарш гардиданд. Танҳо дар 9 моҳи соли равон беш аз 206,5 км роҳҳои ноҳия, аз ҷумла, 16 км роҳҳо пурра мумфарш, 156,9 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бо асфалт ва зиёда аз 33,6 км роҳ шағалпӯш карда шуданд. Қасри фарҳанги ноҳия аз сари нав таъмиру таҷдид гашта, дар атрофаш боғи наву варзишгоҳ ва толори варзишӣ бунёд карда шуд. Ҳоло ин боғ ҷои дӯстдоштаи мардум шудааст, ки шомгоҳон омада бо фарзандони хеш назди фаввораҳо истироҳат мекунанд. Мактаб-гимназияи наву муосир, Хонаи ақди никоҳ, коргоҳи дӯзандагиву ҳунар, ки дар он занону духтарон ҳам касб меомӯзанд ва ҳам маош гирифта зиндагиро пеш мебаранд, маҳз бо ибтикори раис сохта ва таҷдиду таъмир карда шудаанд. Аз ҳама муҳим, шаҳрак шабҳо чароғон шудааст!

Тақсими хӯрока ба мардуми камбизоат
4.11.2017. Соат бо вақти Б.Ғафуров 8:00 дақиқа. Бо мақсади ширкат дар қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия ба бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Б.Ғафуров ҳозир мешавам. Диққатамро рафтуомади мардум ба воситаи дарвозаи хизматии ҳукумат ба худ ҷалб мекунад. Пештар рафта дидам, ки ин ҷо мизу курсӣ монда, нафаре аз корманди ҳукумат ба чанд тани дар навбат истода, кӯмаки хӯрока-орду шакар, равғану макарон, намаку чой тақсим мекард. Баъдан фаҳмидам, ки аз фонди захиравии раис ба оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳар ҳафта миқдори муайяни кӯмаки хӯрока тақсим шуда, мардум бо навбати худ моҳе 1 бор барои ин кӯмак меомадаанд. Коре, ки дар ягон ҳукумати шаҳру ноҳияи рафтаам надида будам. Офарин, Назирӣ!

«Ба ман роҳкиро диҳед!»…
Соат бо вақти Б.Ғафуров 8:45 дақиқа. Ба масъулони қабули шаҳрвандони ҳукумат ман ҳам худро номнавис карда, ба толор медароям. Ғайр аз ман боз 5 каси дигар барои арз нишастаанд. Боқимонда кӯмаки хӯрокии хешро гирифта рафтаанд. Расо соати 9:00 дақиқа Зариф Назирӣ ворид шуда, ба шунидани арзи сокинон сар мекунад. Муроҷиаткунандагон фақат дар бораи мушкилоти худ мегуфтанд: яке барои табобати фарзанд кӯмаки пулӣ мехосту дигаре барои пӯшонидани боми хонааш шифер, сеюмӣ барои ба Душанбе барои ташхиси тиббӣ рафтан роҳкиро мепурсид, чорумӣ мехост раис ӯро бо кор таъмин кунад. Эҳсос кардам, ки ин ҷо мардум бештар бо мушкилоти шахсии хеш меоянд, на мушкилоти калоне, ки ба ноҳия вобаста бошад. Инчунин, фаҳмидам, ки Назирӣ дар тӯли кораш дар ноҳия ба чандин нафар кӯмаки молӣ кардааст, то ҷарроҳии хешро гузаронанд… Ғайр аз ин бо ибтикори ӯ дар ноҳия комиссияи хосе амал мекунад, ки пас аз баррасиву омӯзиши муроҷиаткунандагон тасмим мегирад соле 2 маротиба ба оилаҳои ниёзманд барои таъмири хона кӯмаки пулӣ ҷудо кунад. Ин тариқ даҳҳо оилаҳо тавонистанд пешопеши мавсими тирамоҳу зимистон бомҳои худро пӯшонида дару тирезаҳояшонро таъмиру таҷдид намоянд. Беҳтарин иқдом!

Кардиология ва лабораторияи нав!
Соат бо вақти Б.Ғафуров 10:00 дақиқа. Пас аз ба охир расидани қабул тасмим мегирам ба беморхонаи марказии ноҳия рафта аз бинои нави бахши кардиологӣ ва неврологӣ дидан кунам, зеро ин бино бо ташаббуси шахсии раиси ноҳия бунёд ёфта, аз рӯи талаботи муосир муҷаҳҳаз шудааст. Муҳим он ки дар тӯли тамоми солҳои фаъолият беморхонаи марказии ноҳия на бахши кардиологӣ дошт, на бинои алоҳида ва ҳоло на танҳо табибон, балки беморон низ шоданд, ки метавонанд аз шарту шароити он бархӯрдор бошанд. Боз 1 бинои наве, ки бори нахуст дар ноҳия сохта шуд ин лаборатория-ташхисгоҳ аст, ки онро ҳам Зариф Назирӣ бунёд кардааст. Ташхисгоҳ дар ҳудуди бинои маъмурии Шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳия қомат афрохта, бо таҷҳизоти муосир фаъол асту дар он тамоми анализҳоро гузаронидан мумкин.

Назирӣ: «Шароитро фароҳам кунед!»
Соат бо вақти Б.Ғафуров 11:30 дақиқа. Боздидамро аз ноҳия ба охир расонида барои арзи сипос ва хайрухуш назди Назирӣ медароям.
-Барои мардум аз ҳама муҳим он аст, ки обу барқу гармӣ дошта бошаду дар рӯи дастархонаш нон. Барои ҳамин ман саъй мекунам пеш аз ҳама вазъи иҷтимоии мардумро ҳаллу фасл намоям, зеро оила орому осуда бошад ноҳияву кишвар низ осуда аст!  Кор дар пеш зиёд аст, бояд роҳҳоро таъмиру таҷдид кунем, ба деҳоти дурдаст хатти об бикашем, амсоли он, ки то деҳаи дурдасттарин-Янгиқурғон 14 км об кашидем, заминҳои корамро зиёд кардан даркор, то мардум пахтаву гандум коранд. Раис бе мардум ҳеҷ аст ва ҳар коре, ки дар ноҳия дидед, танҳо накардаам-ҳамааш бо ёрӣ ва иштироки бевоситаи мардуми ноҳия анҷом ёфтааст-таъкид намуд раис.

Раиси дастрас!
Мардуми ноҳия мегӯянд, раис Назирӣ бисёр хоксору нуктасанҷ ва одил аст. Ба ғайр аз рӯзҳои чоршанбе ва шанбе, ӯ боз ҳафтае 1 маротиба ба дилхоҳ деҳаи ноҳия рафта бо мардум во мехӯрад. Нисбат ба ҳар 1 соҳа ва ҳар 1 проблема бисёр ҷиддӣ менигарад, ҳатто ба ашхосе, ки гирифтори касалиҳои рӯҳӣ буда, пайваста ба ҳукумат меоянд, раис муносибати индивидуалӣ дорад. Аз ҳама муҳим Назирӣ барои мардум дастрас аст ва ҳеҷ гоҳ шаҳрванди бо мушкил ба наздаш омадаро ноумед намекунад. Браво, Назирӣ!


Ҷамила Ҳусейнова,
СССР, Душанбе-Бобоҷон Ғафуров-Душанбе
3-4.11.2017

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter