ХАБАРИ ДОҒ

Нахустин машварати ФХТ дар Регар

  • Душанбе, Нояб 13 2017

Газетаи мардумии СССР дар пайи зангҳои бешумори ҳаводорони матолиби таърихӣ-ҷангномаҳои солҳои 1992 тасмим гирифт, ки дар такя бар асноди 25 соли пеш ва сӯҳбат бо шоҳидони ҳаводис муфассал ва бисёр фарох роҷеъ ба вуруди «Армияи Кенҷаев» ба Душанбешаҳр бинависад… Ҳоло аз он мегӯем, ки муқаддима-хишти аввалини «ҳуҷум ба марказ» дар Регар чӣ гуна, кай ва бо ширкати киҳо гузошта шуд ва ҳадаф чӣ буду ҷонибдорону муқобилон киҳо буданд?...

(идома аз шумораи пешин)

SOS!!! Дар 2 рӯз 29 нафарро куштанд
14.10.1992. Соат бо вақти Регар 12:00 дақиқа. Расо 25 сол қабл.
Ҷиёнхон Ризоев-собиқ раиси кумиҷроияи вилояти Кӯлоб, Рустами Абдураҳим-«дуторнавоз»-и Фронти Халқӣ ва Пирӣ Ҳусейн-сардори РКД Кӯлоб дар чархболе нишаста, ба Регар-шаҳри Турсунзода омаданд. Онҳоро «мағз»-ҳои Фронти Халқии Тоҷикистон - генералу профессорҳо ва донишмандон пешвоз гирифта, ҳамроҳ сари дастурхон нишаста, «обед» карданд. Баъд аз ношто Амирқул Азимов-сарвари фронти 1-уми ФХТ маърӯза карда, гуфт, авзоъ дар пойтахт лаҳза ба лаҳза тунду муташанниҷ шуда истодааст. Зеро оппозитсияи мусаллаҳ аз шаҳру ноҳияҳои «ҷангзада» гурехта, вориди Душанбе шуда, бо ҳамдастии роҳбарияти ҷумҳурӣ соҳиби хонаву дар ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ гардида, пойтахтиёнро ғорат намуда, хонаҳоро оташ мезананд. Тибқи ахбори Азимов, тайи 2 рӯзи охир дар Душанбе 29 нафар ба қатл расида, ба ҷони Ғайбулло Орифов-депутати халқӣ, раиси ҷамъияти сиёсии «Ҳамдилон», Григорий Талиевейгер-директори Институти «Тоҷик ГИИНТИЗ» ва ноиби ӯ Аҳмадулло Файзуллоев, инчунин миникорхонаи «РУНО»-и фирмаи «Интерфир» суиқасд намудаанд. Мардум ба дод омадааст! Ҳарчӣ тезтар, худи ҳамин рӯз бояд чора андешид».
Дар идомаи изҳороти Азимов, В.Воробев командири дивизияи 201-и ФР дар ҶТ гуфт:
«Ҳукумати Федератсияи Русия аз амнияти 400.000 русзабонон-сокинони Душанбеву Қӯрғонтеппа ва навоҳии тобеъи пойтахт сахт дар ташвиш аст ва дер кардан на танҳо барои мардуми рус, балки кулли тоҷикистониён хатарбор аст. ФХТ бояд аз сухан ба амал гузарад!»

«Плани Барбаросса»-и Ҷиёнхон
Ҷиёнхон бо ҷонибдорӣ аз суханони ин 2 нафар меафзояд: «Барои ба Душанбе даромадан мо тайёрем! Шахсан бо қумандонҳо-Сангак Сафаров, Лангарӣ Лангариев, Файзалӣ Саидов, Ёқуб Салимов, Маҳкамбой Шарифов, Бӯрихон Ҷобиров… масъаларо ҳал намудем. Оид ба варианти 2-ум, ки маслиҳат карда будем, эшон тайёранд, ки амалиётро рӯзи шанбе, 17.10.1992 оғоз кунанд. Соати 5-и субҳ бояд дароем. Дар ситоди марказии Горди миллии вилояти Кӯлоб ва «Наҷоти Қӯрғонтеппа» пас аз муҳокимаи тӯлонӣ бо қумондонҳои саҳроӣ ба хулосае омадем, ки ба Душанбе дастаи Лангарӣ бо 1500 нафар сарбоз медарояд, зеро худи Лангарӣ истиқоматкунандаи пойтахт асту ҳар кӯчаву паскӯча ва даромаду баромади онро бисёр хуб медонад. Файзалӣ бо 500 тан сарбоз ва техникаи ҳарбӣ, дастаи Ёқуб ва қисми фронти 2-и ФХ бо сардории Тағойхон Шукуров дар ағбаи Фахробод ҷамъ омада, мунтазири фармон мешаванд. Дастаи Сангак, Бӯрихон, Саидшо Шамолов, Саидамир Розиқов, Шералӣ Мирзоев, Бегмат-полвон, Кӯчар-полвон, Маҳкамбой, Хӯҷамурод Хаспаллаев, Худойқул Тошев, Қӯқан Қодиров, Тошпӯлод Кавраков, Азим Ғаниев, Рустам Одинаев, Сӯҳроб Афғонов… дар Қӯрғонтеппа монда, вазъиятро таҳти назорат мегиранд. Ҷомӣ Азонов-ҷонишини Лангарӣ бошад бо 500 сарбоз дар шаҳри Норак барои Горди миллии оппозитсия ва ҳукуматии дар н.Орҷоникидзеобод (ҳоло н.Ваҳдат) бударо ба худ ҷалб намудан ва хотирашонро парешон сохтан ҳар замон ба тарафи онҳо амалиёти ҳарбӣ мегузаронад. Дастаи дикторҳои радио ва ТВи вилояти Кӯлоб бо сарварии Р.Абдураҳим аз ш.Турсунзода бо ҳамроҳии фронти 1-уми ФХ вориди Душанбе мешавад. Қумондонҳо соати 10-и саҳар дар бинои Шӯрои Олӣ, ки аз рӯи нақша гирифтани он ба зиммаи Лангарӣ вогузор гардидааст, вомехӯранду вазъияти ба миён омадаро ҳал мекунанд…».

Харитаи ҳуҷум ба Душанбе
Дар ин нишаст андешаву нақшаҳои Ҷиёнхонро Рустами дуторӣ ва П.Ҳусейн тасдиқ карда, ҷумлагӣ ба ақидаи сарварони кӯлобии нишаст бо бардоштани дасти рост розигии худро нишон медиҳанд. Баъд аз он ки пешниҳодоти Ризоев аз ҷониби ҳозирин дастгирӣ меёбад, боз ниёзмандӣ ба шумораи зиёди автомат, якчанд гранатомёт, граната, пулемёти дастӣ, барои мошинҳои зиреҳпӯш ва танкҳои Файзалӣ тирӯ тӯбро талаб намуд. Аҳли нишаст-«мозг»-ҳои ФХ назари ӯро қабул намуда, мегӯянд, ҳатман ҳамин рӯз тамоми эҳтиёҷотро ҳал мекунем. Сипас, «хариташиносон»-у мутахассисони ҳарбии ФХ бо тахаллуси «Борис» ва «Сергей» диққати умумро ба харитаи Душанбе ҷалб карданд. Дар харита ҳар 1 хонаву кӯчаю бино, гузаргоҳ, шаҳрак, майдонҳо, ҷогиршавии штабҳои оппозитсия комилу рӯшан аён буданд. Машваратчиён аз рӯи харита муайян мекунанд, ки ҳар 1 даста, бо кадом роҳ бояд ҳаракат кунанд, дар куҷо ба гурӯҳҳо тақсим шаванд, дар мавридҳои зарурӣ чӣ гуна аксуламалҳо бояд гузаронанд, дар кадом соат ва дар куҷо бояд қумандонҳои дастаҳо бо ҳам вохӯранд, макони ҷойгиршавии қувваҳои иловагӣ, аломатҳои фарқкунанда, тибқи низом бо хӯрок таъмин кардани онҳо, ёрии тиббиву таъҷилӣ… Ин буд хулосаи «картежник»-ҳои ФХ дар ин нишаст.

Муҳосираи Душанбе дар харитаи ФХ
Тибқи ишораи ин харита, фронти 1-уми ФХ таҳти сарварии Амирқул Азимов (қумондонҳо Ибодулло Бойматов, Абдумалик Солеҳов, Раҳматҷон Холматов, Ҳабибулло Насруллоев, Бобосубҳон Мирзоев, Тоҳир Исроилов, Абдуманнон Зокиров, Рауф Салимов, Давлат Муродов, Саъдулло Мирзоев, Шералӣ Файзалиев…) бо кӯчаҳои онвақтаи Путовский, И.Сомонӣ, А.Рӯдакӣ, К.Маркс, Пионерская, Каримов, 8 Март, Коммунистӣ, Комсомолская, Салтиков-Щедрин, Орҷоникидзе, Пушкин, Дӯстии Халқҳо, Партизани Сурх, Чапаев, Свериденко, М.Горкий… гузашта, мебоист, ки масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуби Чархӣ, Қасри президент, идораи радио ва ТВ ва н.Октябр (ҳоло И.Сомонӣ)-ро таҳти назорат гирифта, штаби «Наҷоти Ватан»-ро муҳосира кунанд. Яъне бо 2 хатти набард Душанберо аз самти шимолу шарқ ва ғарб дар муҳосира қарор бидиҳанд.
Дастаи Лангарӣ бо кӯчаи «40-солагии Тоҷикистон» гузашта, ба хиёбони «Правда», кӯчаҳои Хлопзаводская, Свериденко, Куйбишев, Рӯдакӣ, Айнӣ, Чехов, Лоҳутӣ, Шапкин, Дӯстии халқҳо омада, бинои Шӯрои Олӣ ва н.Роҳи Оҳан (ҳоло Шоҳмансур), истгоҳи ЖД Вокзалро пурра гирифта, ба дастаи ФХТ (н.Ҳисор) дар Майдони Озодӣ бояд мепайваст. Инчунин, дастаи ӯ штаби оппозитсияро, ки дар автобазаи 3-уми шаҳраки Шоҳмансур воқеъ буд, печонида, роҳи Кофарниҳон-Душанберо дар километри 7-ум (Жилмассив) мебаст. Яъне Душанберо аз шарқу ҷануб маҳкам мекард.

Давом дорад

Шаҳрзоди Амин,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter