Принт

Шеф забонро хор кард!


Ҳоло хуб аст, ки филмҳои тасвириро ба забони модарии мо тарҷума ва пешкаш мекунанд. Ҳарчанд онҳо бо забони кӯчагӣ ҳам бошанд, аммо аз русиву англисӣ хубтаранд. Зеро мо-кӯдакон онро мефаҳмем. Вале масъулони ин филмҳои тасвирӣ дар ин кор ба хатоҳо роҳ медиҳанд. Масалан, дар филми тасвирии «Шефи Кӯдакон» онҳо чанд хато кардаанд. Аввал, ҷои кӯдак-кудак навиштаанд. Ва боз ба ҷои «ба забони тоҷикӣ» «ба Забони Тоячикӣ» навиштаанд. Магар миллати мо ТОЯЧИК аст, ё Тоҷик? Ман, ки бо ҳамроҳии хориҷиҳо мехонам, дар назди дӯстонам шарм мекунам, ки миллати маро ТОЯЧИК нависанд. Ин корро бас кунед! Мо Метавонем!
Мубориз Достиев
Хонандаи синфи 5, Мактаби байналмилалии президентӣ-IPS

Матлабҳои дигар