ХАБАРИ ДОҒ

Мақсади Валиева хона аст, на дард!

  • Душанбе, Нояб 13 2017


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар робита ба мақолаи Валиева Мамлакат «Бемории силаму хона надорам» (СССР, 19.09.2017) чунин маълумот медиҳад. Тибқи маълумотномаи сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе, Валиева (с.тав.1966, маъюби гурӯҳи 2) таҳти назорати мутахассисони Маркази саломатии ш.Душанбе қарор дорад. Ӯ соли 1991 бо ташхиси «Сили ҷузъии шуши рост» дар қайди Маркази шаҳрии мубориза бар зидди бемории сили ш.Кӯлоб гирифта шудааст. Моҳи сентябри с.1991 бемор дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» ба табобат фаро гирифта шуда, баъдан табобати дармонгоҳиро дар Маркази шаҳрии мубориза бар зидди бемории сили ш.Кӯлоб давом дода, пурра шифо ёфтааст. Тибқи хулосаи Комиссияи машваратии тиббии Маркази мубориза бар зидди бемории сили ш.Душанбе аз 27.10.2011 вай бинобар ба сабаби шифо ёфтанаш аз қайди дармонгоҳи маркази мазкур бароварда шудааст. 21.09.2017 ӯ аз муоинаи мутахассисони Маркази саломатии №6-и ш.Душанбе ва таҳлилҳои озмоишгоҳӣ ба таври ройгон гузаронида шуда, ба ӯ табобати дахлдор таъин ва бемор бо маводи дорувории зарурӣ ба таври ройгон таъмин шудааст. Ташхису табобати бемор ба бемории сил иртибот надорад. Ягона хоҳиши ӯ ин таъмин намудан бо манзили зист аст.

А.Одиназода, муовини вазир

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter