ХАБАРИ ДОҒ

Ҳамаи мусофир ба мо қадр дорад…

  • Чоршанбе, Нояб 15 2017


(Вокуниш ба мақолаи «Аэропорти Хуҷанд: Мусофирони Душанбе қадр надоранд», СССР, 30.10.2017)

Маъмурияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» барои шароити номусоид, ки бинобар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар аэровокзали марказии фурудгоҳ муваққатан ба амал омадаанд аз кулли мусофирон сидқан маъзарат мехоҳад. Лек ин ҳама муваққатӣ ва гузаранда аст. Таҷдиди бинои аэровокзали марказии фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба меъёрҳо ва талаботҳои байналмилалӣ амалӣ шуда истода, ҳадаф аз таҷдиди бинои аэровокзал пеш аз ҳама муҳайё кардани шароити хуби хизматрасонӣ ба мусофирон мебошад. Муваққатан дар давраи рафти корҳои сохтмонӣ, барои ободии фурудгоҳ, барои ободии як гӯшаи диёри худ, ҳамчун фарди ба ору номуси ҳамин ватану ҳамин миллат шароитҳои мавҷударо фаҳмидан ҳеҷ айбе надорад. Мусофирон, меҳмонон, шаҳрвандон ҳама инро мефаҳманд ва борҳо барои ободкориҳо ва созандагиҳои роҳбарияти фурудгоҳ ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ раҳмат гуфтаанд. М.Аминова менависад, ки дар фурудгоҳи Хуҷанд гӯё нисбат ба мусофирони хатсайрҳои байналхалқӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, нисбат ба мусофирони хатсайрҳои дохилӣ беҳурматӣ зоҳир мешуда бошад. Хоҳари азиз, аз худи ҳамон аэровокзали марказии фурудгоҳ, ки Шумо чун «харобазор» тасвир кардаед, ҳам ба мусофирони хатсайрҳои байналхалқӣ хизмат расонида мешавад ва ҳам ба мусофирони маҳаллӣ. Чӣ тавр дар 1 терминал барои 1 гурӯҳ мусофирон хизматрасонӣ дигар хел мешудаасту барои гурӯҳи дигар тамоман дигар хел. Дар ин ҷо аз ҷониби фурудгоҳ ҳеҷ гуна тафриқаандозӣ гузошта намешавад, магар ин ки Шумо ба таври тааҷҷубовар ҷудо кардаед. Охир мусофирони ҳамон хатсайрҳои маҳаллӣ ва байналхалқӣ шаҳрвандони кишвари маҳбуби моянд, хизматрасонӣ дар фурудгоҳ ба ҳама навъи мусофирон сарфи назар аз нажод, миллат ё мансубияти ҷуғрофӣ 1 хел аст. Мусофир дар фурудгоҳ барои мо-меҳмон аст ва вазифаи муқаддаси ҳар 1 корманди фурудгоҳ ба амал баровардани хизматрасонӣ бо сатҳу сифати баланд ва маданияти баланди муошират мебошад. Дуруст аст, ки шояд баъзе аз техникаву таҷҳизоти хизматрасонӣ ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир набошад, лек то қадри имкон роҳбарияти фурудгоҳ азму ирода карда таҷҳизоти навро харидорӣ карда сифати хизматрасониро дар сатҳи мӯҳтадил нигоҳ дошта истодааст. Мавсуф менависанд: «Ин терминал, ки сохтмонаш ҳоло хобидааст…». Хоҳари гиромӣ мегӯяд: «Москва якбора сохта нашудааст», сохтмони чунин иншооти бузург вақт талаб мекунад. Дар асл сохтмони бинои иловагӣ ба аэровокзали фурудгоҳ нахобидааст, дар он корҳои сохтмонӣ ва васлунасбкунӣ давом доранд. Фақат бинобар бо воситаҳои худии фурудгоҳ амалӣ шудани тамоми корҳои сохтмонӣ шояд корҳо тӯл кашида истодаанд. Охир барои сохтмони чунин иншоотҳои бузург маблағҳои калон лозиманд, ин як хонача ё утоқи корӣ нест, ки дар ду рӯз онро сохта мавриди истифода қарор диҳед. Бар замми ин дар фурудгоҳ аз соли 2013 инҷониб лоиҳаи «Таҷдид ва муҷаҳҳазсозии техникии аэродроми фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» амал карда истодааст, ки таҷдиди пурраи аэродроми фурудгоҳро дар бар гирифта, маблағгузориаш аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ карда мешавад. Сарфи назар аз он ки то ба имрӯз якчанд нафар роҳбарони фурудгоҳ фаъолият бурдаанду иваз шудаанд, касе барои амали намудани чунин корҳо ҷуръат накардааст. Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбони Алимардон ҳанӯз аз рӯзи аввали таъин шуданаш ба вазифаи мазкур корҳои ободонӣ ва сохтмонӣ, дигаргунсозии иншоотҳои кӯҳнашудаю навкунии таҷҳизоти мӯҳлати истифодааш тамомшударо шурӯъ кард. Магар ҳамаи ин корҳо барои пешравӣ нест? Ё чун роҳбарони пешина ба ҳама чашм пӯшида дар курсӣ нишастан лозим буд? Ҳар саҳар чашми субҳ накафида аз ҳама пеш ба кор меояду, нимашаб баъд аз ҳама аз кор меравад, тамоми рӯз-ҳам дар гармои тафсон, ҳам дар сармои зимистон дар сохтмони иншоотҳо гаштугузор карда корҳоро худаш шахсан назорат мекунад. Натиҷаи чунин роҳбарии содиқона буд, ки дар 1 муддати кӯтоҳ фурудгоҳ имрӯз чунин тарҳу симои наву ҷолибро соҳиб шудааст. Дар айни замон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» зиёда аз 950 нафар кор мекунанд, чӣ гуна будани шахсияти директори генералиро метавонед аз дилхоҳ корманди фурудгоҳ бипурсед. Мавсуф инчунин менависанд: «…ҳол он, ки аз пули чиптаи харидаи мо барои хизматрасонии рӯизаминии фурудгоҳи Хуҷанд маблағ ҷудо мешавад…». Аз соли 2008 инҷониб баъд аз реструктуризатсияи КВДҲ «Тоҷик Эйр» бо қарори Ҳукумати ҶТ ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ аз ҳам ҷудо карда шуда, хариду фурӯши чиптаҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ мансуб аст. То ба имрӯз аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ ҳамеша дастгирӣ карда шуда, барои хизматрасонии рӯизаминӣ то 60% таҳфиф пешниҳод карда мешавад. Бо вуҷуди  ин, ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ дар назди фурудгоҳ то ҳол қарзҳои гарон доранд. Вазифаи фурудгоҳ таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ барои мусофирон аст ва имрӯз бе шубҳа нисбат ба солҳои пешина шароити хизматрасонӣ хеле беҳтар шудааст. Марҳамат, ҳар кас хоҳишманд аст ба фурудгоҳ ташриф орад ва бо ободиҳо ва пешравиҳои фурудгоҳ аз наздик шинос шавад. Мудом аён мегардад, ки навиштаҳои «СССР» ҳақиқатанд ё пешравиҳои фурудгоҳ? Пештар барои ворид шудан ба аэровоказли фурудгоҳ, мусофирон масофаи зиёда аз 500 метр роҳро бо бору бағоҷи вазнин ва кӯдакони хурдсоли худ пиёда мегузаштанд. Имрӯз роҳи даврии назди аэровокзали фурудгоҳ сохта ба истфода дода шудааст, ки мусофирон метавонанд то даромадгоҳи бинои аэровокзал савори нақлиёт омада, аз ин ҷо фуроянд. Имрӯзҳо барои кашонидани бору бағоҷи мусофирон 100 адад аробачаҳои замонавӣ муҳайё карда шуда, кори мусофирон боз ҳам осон карда шудааст. Чаро муаллифи мақола дар бораи ин навгониҳо чизеро зикр накардаанд. Якчанд биноҳову иншоотҳо, аз ҷумла бинои маъмурият, толори вакилони расмӣ, толори маҷлисгоҳ ва дигарҳо, ки тӯли зиёда аз 40 сол инҷониб таъмири куллиро надида буданд, таҷдид ва аз нав муҷаҳҳаз гардонида шуда, шароитҳои беҳтарини корӣ барои кормандон муҳайё ва музди меҳнати кормандон аз 20 то 60% баланд бардошта шуданд. Дар ҳудуди перрони фурудгоҳ ҳамаи истгоҳҳои таваққуфи тайёраҳо аз нав мумфарш карда шуда, як истгоҳи нав барои ҳавопаймоҳои меҳмонони олиқадр ва як шоҳроҳи нави протоколӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Системаи рӯшноидиҳӣ ва огоҳкунии аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд бо истифода аз қарзҳои дарозмуддати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва воситаҳои молиявии худи фурудгоҳ пурра навсозӣ карда шуда, таҷҳизоти замонавии DME/N (таҷҳизоти муайянкунии дақиқии байни масофаи ҳавопаймо ва хатти парвозу фурудойӣ) васлу насб карда шуд, ки амсоли он на танҳо дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар миқёси Осиёи Миёна вуҷуд надорад. Раванди қайд ва азназаргузаронии мусофирон ҳангоми парвозу фурудойӣ хеле сабук ва осон карда шуда, имрӯзҳо шиносномаҳои мусофирон танҳо аз ҷониби хадамоти сарҳадӣ назорат карда мешаванд (пештар, дар ҳар як қадам азназагузаронии ҳуҷҷатҳо ба амал бароварда мешуд). Корҳои ободонии мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон ва таъмини хизматрасонӣ ба амал бароварда шуда, меҳмонони зиёди хориҷӣ, хоса, шаҳрвандони Федератсияи Россия ҳангоми омаду рафт рӯҳбаландии худро аз ободкориҳои фурудгоҳ сидқан изҳор намуда, барои дигаргуниҳои назаррас, пешрафти инфрасохтор ва сифати хизматрасонӣ миннатдорӣ баён мекунанд. Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Мардум худ мефаҳманд, ки кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ, куҷост ҳақиқату куҷост дурӯғ. Дарҳои ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ҳамеша барои мусофирон, ҷурналистон ва меҳмонон боз аст. Дилхоҳ вақт омада аз фурудгоҳ дидан карда, бо корҳои ободонӣ аз наздик шинос шуда хулоса баровардан мумкин аст. Мо минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон ва таъмини сатҳи баланди бехатарии парвозҳо пайваста кӯшиш ва содиқона хизмат хоҳем кард.

Бо эҳтиром, аҳли кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»
Муовини аввали директори генералӣ, Шобутолибов Д.Ш.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter