ХАБАРИ ДОҒ

Аз кӯчаи идеология ҳоло ҳам даргузарем!

  • Ҷумъа, Янв 12 2018


Вобаста ба мақолаи М.Мубориз (СССР, №49, 7.12.2017) гуфтанием, ки воқеан дар ш.Сарбанд не, балки дар ш.Қӯрғонтеппа баргузор шудани чорабинии фарҳангӣ-адабӣ ба ифтихори адиби шинохтаи кишвар Аброри Зоҳир боиси таассуф аст. Барои мо бошад боиси таассуф ва нигаронии дучанд аст, ба он хотир, ки ҳанӯз аз моҳи апрели соли 2017 сар карда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, ки дар он адиб таҳсил намудааст, вобаста ба ҳаёту эҷодиёти нависанда ба баргузории чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ оғоз карда будем. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Сарбанд ва дастгирии маорифчиён таклиф пешниҳод гардид, ки мактаби миёнаи №4 ба номи Аброри Зоҳир гузошта шавад. Ин пешниҳодро вакилони Маҷлиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» аз 30.06.2017 ва Маҷлиси вакилони халқи ш.Сарбанд якдилона маъқул шумориданд. Ҳамин тавр қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқ аз 27.09.2017 барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод шуд ва мо бовар дорем, ки он мусбат ҳаллу фасл мегардад. Дар бораи раванди омодагӣ ба чорабинии мазкур ҳаминро бояд гуфт, ки бо ибораи нависандаи ин мақола «аз пайвандони раҳматии Аброр» фарзанди ӯ Шаҳбоз 1 бор шахсан ба ман муроҷат карда буд ва мо албатта розигии худро додем. Ният доштем, ин чорабинӣ ба дараҷаи баланди фарҳангию адабӣ ва сиёсӣ барпо гардад. Вале баъди он ки хабар ёфтем, даъватномаҳо ба иштироккунандагон бе мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Сарбанд дастрас шудааст, таклиф кардем, ки бояд як муддат омодагии пурра гирифта, баъд чорабиниро гузаронем. Ин ба он хотир буд, ки тибқи даъватномаҳои аллакай дастрасшуда, аҳли илму адаб на танҳо аз вилоят, балки аз пойтахт ва дигар минтақаҳо меомаданд ва раванди чорабинӣ бояд дар сатҳи баланд мегузашт ва вақти муайянро тақозо мекард. Мутаассифона, бе таҳлилу хулосабарорӣ чорабиниро дар ш.Қӯрғонтеппа гузарониданд, ки дар мақола ҳамчун «аз кӯчаи идеология нагузашта» муаррифӣ шудем, агарчӣ зиёда аз 21 сол дар ҳамин «кӯчаи идеология» қадам зада, аз пастиву баландиҳои бешумори он гузашта истодаем.

Санавбар Самизода, раиси шаҳри Сарбанд

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter