ХАБАРИ ДОҒ

Хиёнат ва ҷиноят-2

Хоналӣ Қурбонзода дӯсти бисёр фарҳангӣ, маорифпарвар, доктор, профессор, ректори Донишгоҳи такмили ихтисос дар китоби нави худ «Роҳбарӣ дар муассисаи таълимӣ» хӯю хислати муаллимонро ба 6 категория табақабандӣ кардаву яке аз пуарзиштарин рукни рушди маорифро дар ҷасорати омӯзгор дидааст (5 категорияи дигарро аз китобаш хонед!)…
Воқеан ҳам то муаллим ҷасур нест, ӯ шахсият нест ва то омӯзгор шахсият нест авангарди ҷамъият буда наметавонад. Имрӯз, мутаассуф, омӯзгор нақши калидии хешро аз даст раҳо кардан дорад. Наранҷед. Ҳамаро дар назар надорам. Аммо дар кулл чунин аст. Фарзи мисол, дилхоҳ бодовардаи навҷавоне, ки 3-4 ҳарфи росту дурӯғи арабӣ гуфта метавонад, дар дилхоҳ маҷлису маҳфил муаллимро сухан гуфтан намегузорад. Ҳоло аз маҳофиле, ки 3-4 муллои солдида таҷаммуъ мекунанд, ман чизе намегӯям. Воқеан ҳам, агар аҳамият додаӣ, хонанда, мулло-мубаллиғини антидунявӣ ба маҳофил бо «группа поддержки»-гурӯҳи тарафгирони худ меоянд. Шайх Тимурро ёд доред? Вале куҷо дидае(м)д, ки барои ҳифзи муаллиме чанд омӯзгори дигар камар баставу ҷонибдорияш кунанд? Ман надидаам…
Муаллими советӣ чунин набуд. Реалитар мешуд, агар гӯям дар даврони шӯравӣ чунин набуд. Зеро ҳамон муаллимон ҳоло ҳам ҳастанд, аммо дигар шудаанд, хомӯшанд. Ҳаргиз нагӯед ҷасорат бо маош бастагӣ дорад. Дар даврони ҶБВ муаллим гушнатар аз дигарон буд, ки сер на. Аммо садо дошт, овоз дошт, Мани худро дошт. Иллат дар дигар чист, ки рӯяш бояд кор кард! Зеро ҳамон мулло ақаллан маоши ҳамин муаллимро намегирад…
Муаллим ва мулло (равандҳои ҷадид дар назар аст) имрӯз антониманд. Муаллим ҷонибдори дунявият, рушд, тараққӣ, илму фанноварист ва мулло баракси ин ҳама. Муаллим аз зиндагонӣ мегӯяду мулло таронаи маҳв ва марг месарояд. Дуруст аст? Дурусттт!!! Зимнан ин 2 қудрат ҳамеша дар пархошанд. Ва дар сурате, ки 90% аз муаллимин баъдан мулло ва ё муриди муллое мешаванд, 1 муллое нест, ки муаллим шавад! Тазодд? 100%. Аммо факт!!!
Муллоҳо саривақт дар симои муаллимин, ба вежа, мударрисини ҷасур «душмани худ»-ро дидаву зиддашон амалиёт сар карда буданд. Ёд оред, шиори ҲНИТ-ро, ки дар оғози кор «Нони муаллим ҳаром!»-у «Зани муаллим талоқ!»-ро овеза кард. Яъне қабл аз набард идеологҳои ваҳҳобизм окопҳои душмани эҳтимолиро хароб карданд. Дар ҷамъият дигар «гапи муаллим намегузашт» ва «қурби муаллим паст рафт». Зеро занталоқро гӯш кардан даюсисту нони ҳаром хӯрдан гуноҳи кабира. Зимнан бо 1 ҳуҷуми барқосо ҷосусони ваҳҳобия дар солҳои 1990-92 муаллимонро хунсо, изолятсия карданд.
Ҷасорати омӯзгорон коҳиш ёфт. Зеро баробари «занталоқ»-у «нонҳаром»-ӣ агар садо мебароварданд, кофир низ ҳукм мегирифтанд. Дар 2 дақиқа мубаллиғи зиндагонӣ, ришро то ноф кӯч дода, тобеъи мубаллиғини марг шуд. Ва дигар ҷамъият ба муллои ҷасуре бовар кард, ки нотарсона бар муаллим тамғаи куфр мебаст. Чунки ҷамъият ҳамеша ҷасоратпараст аст! Дар ин доду ситад муаллимон ҷасорате наёфтанд аз худ дифоъ кунанд. Зеро парканда ва пароканда буданд. Ҷамъият бошад аз ҷасорат истиқбол мекарду мекунад. Зимнан ба муаллимин шарт ва зарур аст ҷасорати аздастдодаро барқарор ва чун гавҳари чашм ҳифз кунанд. Зеро:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад хира аз бехирад рӯзгор!
Аммо чигуна омӯзгор? Албатта, оне, ки ҷасорат дорад! Ҷасорати пиндор. Ҷасорати пиндор аз ҷасорати маъмулӣ фарқи кулл дорад. Аблаҳе низ метавонад корду шамшер кашидаву ба лонаи гург дарояду ӯро гургро даронад. Вале ҷасорати пиндор намегузорад, ки ҷаҳолат ҷамъиятро маҳв созад. Масалан, муаллими ҷасур метавонад гиребони мубаллиғи маргро гирифтаву гӯяд, «номаъқулро 100 бор кардаӣ, зеро нони ман аз ҳисоби заҳмати ҳалоли ман асту тарбияти атфол, вале нони ту аз фиреби авом, яъне ман ҳалоламу ту ҳаром! Ва зани ҳаромхӯр талоқ аст, на ҳалолхӯр!!!». Аммо чанд танеро мешиносӣ, хонанда, ки ин иддаоро дар маҷлисе карда бошад? Ман чунин ҷасоратро танҳо дар симои Иброҳим Усмонову Абдуқодиру Сафват дидаам ва Хоналӣ Қурбонзода, ки китоби ҷадидаш сабабгори навишти ин матлаб шуд…Шояд дигар нафаре ҳам бошад. Лек хеле каманд. Ба таъбири русҳо «раз два и обчелся» ва ин дар ҳолест, ки Ҳукумати марказӣ бо сарварии Президенти ҶТ шахсан дар ҳимояти муаллимини ҷасур ва авангардҳои ҷамъият қарор доранд. Тасаввур кардан даҳшатовар аст, агар ҳукумат пуштибони муаллимон намебуд…
Ман, чун шогирди шумо, омӯзгорони бисёр мӯҳтарам, ҳуқуқи насиҳат надорам, вале чун Тоҷики вораста муваззафам бигӯям:
-Аз ҷаҳолат наҳаросед, аз фитна канор нагиред, аз мулло натарсед, дар пархош бошед бо инҳо, ки тору пуду тару хушкамонро хоҳанд сӯхт. Аз ҷасорат кор бигиред ва ҷамъияти маризеро, ки дар асри 21 фикр дорад, мубаллиғини марг бо фалсафаи кулӯху маҳсиву калуш, раҳову ворастааш мекунад, аз дасти инҳо халос кунед. Танҳо дар ин сурат шумо миссияи асливу азалии хешро иҷро ва дарҳои ҷаннатро ба рӯи худ хоҳед кушод. Зеро Худо ҳам ҷасуронро дӯст медорад. Дар сурати акс 1 пайғамбари тарсу низ меофарид…
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter