ХАБАРИ ДОҒ

Вақте хиёнатро аз хиёнат фарқ намегузоранд…

  • Ҷумъа, Янв 26 2018

Хиёнат ва ҷиноят-3

Ҳафтаи пор дар саҳфаи Фейсбукиям навиштам, ки “Нафаре хиёнатро мебахшад, худ хиёнаткор аст!”. Дӯстон билкулл фикр карданд дар бораи хиёнати маъшуқае менависам. Менталности мо ҳамин шудааст, дигар.
Усулан, дар бораи Миллат, Давлат, Ватан, Марз, Бум...ёд намекунем. Зеро миллати сександеша гаштан дорем ва танҳо аз 1 чиз метарсем: хиёнати зану маъшуқа. Хиёнат ба Ватану Давлату Миллат кори 2х2 шудааст. Фарзи мисол, нафаре дар Интернет бозии “ба кадом миллат тааллуқ дорӣ?” баровардаасту ҳар нафаре ба он ворид шуд, миллаташ “памирец» мешавад. Бархе механданд, зумрае ҷолиб менамоядашон ин бозӣ, ангуштшумор афроде эрод мегиранд. Вале касе нест гӯяд, ки ин аблаҳон бо Миллат бозӣ мекунанд, тухмаи бадӣ, сепаратизм, миллатзудоӣ мекошанд. Памирец, яъне кӣ ва ё чист? Кулябец, Ленинабадец, Зерафшанест, Гармиец…инҳоро ҳам биоед пас «миллат» хонем. Решаи ин бадӣ дар Қирғизистон аст. Воқеан ҳам кишваре, ки дар он ҷо Институти Осиёи Марказӣ чанде пеш қомат афрохт. Роҳҳо ба ҳамин ҷо мебаранд! Аммо бадӣ дар унҷову ун чанд аблаҳ нест. Бадӣ ин ҷост, ки 1 бадахшие нахест ва бо мушти ҷамъиятӣ таки фуки ин чанд беадаб накӯфт, ки «Мо Тоҷикем» ва ана баъд памирецу кулябецу дигару дигар…ец…
Хиёнат ба Миллат палидтарин гуноҳ аст. Хиёнат оҳиста-оҳиста рушд мекунад. Зеро хиёнаткор мушти ҷамъиятӣ, ки нахӯрд, ба таъбири Бобои Ғулом «аз худ меравад».
Ин бозӣ аз куҷо маншаъ мегирад? Шояд аз чанд асолатбохтаи дигаре, ки дар Интернет чандин сол аст, талош доранд, то “исбот” намоянд, ки Миллати Тоҷик вуҷуд надораду ҳамаи мо порсем?! Ин неопорсҳо падару модари худро инкор мекунанд. Вале касе нест силлие ба ишон занад. Ҳама хап ва ҳама гул! Метарсем! Аз дилхоҳ бодоварда метарсем!!!
Иттифоқи Нависандагон, Иттифоқи Журналистон, Академияи Улум, ба таъбири Дима Медведеви дӯсти питерии ман “пачка-пачка” олимони Тоҷик, ки аксарияти кулл филологу таърихшиносу философанд, чаро хомӯшанд дар ин росто? Магар кори ҷонии ҳаряки мо нест, миллати хешро ҳифз кардан?
Ана ҷабҳаи набарди иттилоотӣ куҷост. Садорати ИНТ ин ҷо дарояд ва ҷанг кунад, на бо 2-3 солхӯрдаи собиқ аъзои худ. Чаро Кумитаи Радио ва ТВ бо ин асолатбохтагон ошкоро баҳс намекунад? Чаро мақомот хомӯшанд? Тасаввур карда метавонӣ, хонанда, ки фарзи мисол, аз Тоҷикистон истода, миллати қирғизҳоро “Ошец”, “Бишкекянец” барорем? Фардо қирғизҳо бо белу каланд ба мо дармеафтанд ва хуб ҳам мекунанд. Зеро онҳо хиёнатро дар гоҳворааш буғӣ кардан метавонанд. Ва ё қанд зану 1 бор даъво пеш овар, ки ӯзбеку қазоқҳо миллат нестанд. Фардо парвандаи ҷиноӣ боз мекунанду аз Ватан бадарға.
Миллатро нафаре дар саҳифааш ба овоз мондааст, ки “Тоҷик вуҷуд дорад, ё не?”. Инро ҳамонҳое мекунанд, “памирец” ё неопорсӣ ҳастанд. Танҳо 1 нафар, Саъдии Маҳдӣ, дӯсти газетаи мо ба ин бодовардаи ҳарзафурӯш эрод гирифт, ки чунин бархӯрд ба Миллати Шарифе, ки 8 млн нафар ва Ҳукумату Давлату Марзу Бум дорад, ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад!
Умуман ба назари ман, аз Тоҷик танҳо 1 нафар пуштибонӣ мекунад дар ин сарзамин: Иброҳим Усмонов! Нонаш ҳалолаш бод!!! Аксарияти кулл ҷасорати пиндор надорем, то бо 3-4 асолатбохта ақаллан баҳс кунем. Тарсуем. Интеллигенсияи тарсу ҳич гоҳ авангарди ҷамъият шуда наметавонад. Зимнан, фармон аз БОЛО моро таҳрик медиҳад. Бе фармон зиёӣ кор мекунад, фармон, ки шуд, зиёӣ зиёДӣ мегардад, чиновник мешавад, ба механизм табдил меёбад...
Хиёнати оддӣ, масалан, агар маъшуқаатон бар шумо кард, ҳоло бахшиданист. Зеро хиёнати фардист. Аммо хиёнат ба Миллат ҷинояти вазнин аст ва бояд дар назди Қонун посух гуфт. Ба пиндори сирф фардии ман, фурсате фаро расидааст, Фейкҳоеро, ки тухмаи миллатситезӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ мекошанд, фош кардаву ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашем. Ҳоло механдед. Ух, как метарсам, ки фардо нагирйед...
Хомӯшии аҳли зиё ва равшанфикрони миллат дар баробари миллатситезиву миллатгурезии чанд фардаке низ хиёнат аст. Зеро тарси мо чашми онҳоро мебандаду ҳатман рӯзе ба чоҳи манқуртизм меафтанд. Вале то он соат чанд бесаводи дигареро бо худ хоҳанд бурд ба ин чоҳ, суоли матраҳ аст.
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter