ХАБАРИ ДОҒ


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Н.Хусрав доир ба матлаби “Чилучорчашма зиёратгоҳ аст, ё зино?” чунин иттилоъ медиҳад, ки ҳаққонӣ мавзеъи “Чилучорчашма” дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ҳамин ноҳия ҷойгир буда, дар ҳудудҳои ин ҷамоат беш аз 10.500 нафар аҳолӣ зиндагонӣ доранду аз оби ин чашмаи нодиру мусаффо истифода менамоянд. Оид ба он, ки аҳолии ҷамоатҳои деҳоти “Наврӯз”, “Истиқлол” ва “Фирӯза” аз ин об менӯшанд, гуфтанием, ки аҳолии “Наврӯз”-у “Истиқлол” ҳар кадом дар манзилҳои худ чоҳҳои амудӣ (качалка) доранд. Танҳо ба ҷамоати деҳоти “Фирӯза” тариқи лулаҳо аз макони баромади чашмаҳо, ки аз мавзеъи барои шиноварии мардум 50 метр болотар воқеъ аст, об оварда шуда, бо маҳлули хлор безарар гардонида, ба мардум дода, аз поёноби чашмаҳо беш аз 1650 га заминҳо обёрӣ карда мешаванд. Оид ба он, ки гӯё меҳмонон барои дарёфти “арӯс” омаданд ё дар ин мавзеъ мардум ба зино ё бадахлоқи машғул мешаванд, асоси воқеӣ надорад, зеро он ҳамчун қадамҷою ҷои муқаддас байни аҳолӣ машҳур буда, мардуми мо, ки қариб ҳамагӣ дини мубини исломро пос медоранд, намегузоранд, ки касе он ҷо ба корҳои фаҳш машғул гардад. Гузашта аз ин ба таври доимӣ 6 нафар кормандони шуъбаи ВКД дар н.Н.Хусрав ба таври шабонарӯзӣ тартиботи ҷамъиятиро назорат мебаранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то мавсими оянда барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ қасд дорад, дар ин макон дурбинҳои мушоҳидавиро насб намояд.

Садриддинзода Н.Т. Раиси ноҳияи Н.Хусрав

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter