ХАБАРИ ДОҒ

Чаро Ғоибова роҳи моро баст?

  • Панҷшанбе, Фев 01 2018


Ман дар ҳамсоягӣ бо Ғоибова Маърифат зиндагонӣ дорам. Байни хонаи ману ӯ роҳраве мавҷуд буд, ки бо ин роҳ фарзандони мо ба мактаб мерафтанду мо ба кор. Аз чӣ бошад, ки ӯ роҳравро ба замини наздиҳавлигии худ дароварда, атрофи заминашро девор гирифт. Ҳоло роҳи рафту омади мо пурра баста шудааст. Ҳол он ки замини наздиҳавлигии Ғоибова аз 0,30 га зиёд аст. Дар вақти баҳисобгирии заминҳои наздиҳавлигии маҳалла аз тарафи Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ дар с.2010 ин қитъаи замин ҳамчун роҳ нишон дода шудааст ва ба замини Маърифат дохил карда нашудааст. Аз муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён-раиси Суди Олии ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки замини роҳрави моро барқарор карда, ҳақро ба ҳақдор расонад. Аминем, ки ин мушкили заминии мо дар чаҳорчӯбаи қонун ҳал хоҳад шуд.

Мушкинисо Файзиева,
деҳаи Элтӣ, н.Бохтар, тел: 902 66 42 46

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter