ХАБАРИ ДОҒ

Троллейбусронҳои бераҳми Душанбе

  • Панҷшанбе, Фев 01 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, Довудхӯҷа Раҳимов сокини ноҳияи Шоҳмансур аз маҳаллаи Ховарон бо телефони 98 588 58 76 ба СССР занг задаву гуфт, ки дирӯз дар 1 троллейбус (№2098) аз назди Маркази Савдои Садбарг нишастам. Бовар кунед, то омадан ба бинои Сирк ронанда ҳамаро девона кард! Ронанда ҷавони 25-сола на интизом дораду на фаросат, дар светафор намеистад, бақия намедиҳад... Ва мисли Стракесу Тангемҳо троллейбусро ронда, дар ҳар 1 қадам меистаду клиент мегирад. Ғайр аз ин, чунон бо суръати баланд меронад, ки чанд зани кӯдакдор бо атфолаш ва мӯсафеди асодор аз курсӣ дар “коридор”-и троллейбус афтиданд. Ронанда гапи ягон мусофирро гӯш намекунад!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter