ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Барои чӣ аз хизмат мегурезем?

  • Панҷшанбе, Фев 01 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, Мирмӯҳсин Очилдиев, сокини ноҳияи Айнӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, таври маълум, тибқи қонун ҳар ҷавонписар, ки синнаш ба 18 расид, бояд ба хизмати ҳарбӣ равад. Лек афсӯс, имрӯз аксари талабагоне, ки мактабро хатм мекунанд, аз хизмати ҳарбӣ рӯ метобанд ва барои «рӯзкӯркунӣ» ба донишгоҳ дохил, ё ба Русия муҳоҷир мешаванд. Оне, ки бо ҳар восита ба донишгоҳҳо дохил шуда, 5 соли ҳаёти худро беҳуда бо оворагӣ мегузаронад, ҳам зарари моддӣ мебинад, ҳам маънавӣ. Барои ҳамин, хуб мешуд, дар ҷумҳурӣ барои онҳое, ки ба хизмати ҳарбӣ рафтан намехоҳанд, 1 қонуне қабул шавад, то бар ивази сарбозӣ маблағи муайяне бипардозанд. Ва ба ононе, ки ихтиёран ба хизмати Ватан-Модар мераванд, маоши хуб дода шавад ё имтиёз.

Китобҳо

Flag Counter