ХАБАРИ ДОҒ

Дуздони фукбаланд ҷазо гирифтанд

  • Панҷшанбе, Фев 01 2018


Зикриёи Дилшод дар матлаби худ (“Дуздони Мастчоҳ бо фуки баланд мегарданд”, СССР, №37(470), 14.09.2017) оид ба симчӯбҳои ноқилҳои баландшиддат, ки дар ҳудуди маъмурии н.Мастчоҳ мегузаштанду дар мувозинати ноҳияи мо нестанд, навишта, нисбати беаҳамиятии ШВКД-и ҶТ дар н.Мастчоҳ гуфтааст, ки нодуруст аст. Аз ҷониби муфаттишони ШТ ШВКД ҶТ дар ноҳия аз с.2015 то ҳол оид ба ин масъала 5 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбати 9 нафар шаҳрванд оғоз шудааст. Аз инҳо, бо 4 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбати 7 нафар айбдоршаванда ҷазоҳои сазовор аз ҷониби суди н.Мастчоҳ таъйин карда шудааст. Боқӣ, 1 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 2 тан шаҳрванд бо сабаби номуайян будани шахсияташон дар истеҳсолоти тафтишотӣ боздошта шудааст. Аз тарафи ШВКД дар ҳамбастагӣ бо мақомоти прокуратураи ноҳия бо ин парвандаҳои ҷиноятӣ ба фоидаи буҷаи давлат маблағи 58.950 сомонӣ барқарор карда шудааст.
Навруззода Б. муфаттиши ШТ ШВКД ҶТ дар н.Мастчоҳ, лейтенанти калони милитсия

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter