ХАБАРИ ДОҒ

Хиёнат ва Ҷиноят-4

Агар Сухан қадру Сухангӯ қурб намедошт, Худои Бузург пайғамбаронашро бо сухан неву бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ мефиристод!
(Муаллиф наҷӯед. Ин андешаи фардии ман аст…)
Брилёв, Киселёв, Соловёв, Михалков ва Познер. Ин номҳо барои ҳар яки мо шиносанд. Зеро асмои давлатсозанд. Русияро ҳаминҳо сохтаанд, месозанд ва аз таҳоҷуми фарҳангиву иттилоотӣ ҳифз медоранд. Дар ҳамин шабу рӯзе, ки тамомии олам зидди Путин ва сиёсати Кремл бархестааст, мардуми Русия атрофи ВВП ва Маскав зичтар мепечаду муттаҳид мешавад. Барои чӣ? Барои он ки мубаллиғини сиёсати ВВП ана ҳамин 5 нафарест, ки дар миёни мардум авторитет доранд. Тасаввур мекунӣ, хонанда, агар инҳоро пенсия равон мекарданд, бознишаста менамуданд, ҳоли идеологияи Маскав чӣ мешуд?
Дар ТВ-ҳои мо чӣ? Ку авторитетҳои мо? Надорем? Оре. Аммо доштем! Абдуқодири Абдуқаҳҳор, Абдуғаффор Камолов, Давлат Сафар… инҳо ҳамин Брилёву Киселёву Соловёвҳои мо буданд, ки бо «швабра»-и «реформа» ва «омолаживание» рӯфта партофтем! Мӯи сафед, рӯи нуронӣ, нигаҳи хирадмандонаи солор… душмани ТВ шудааст…
Дуруст аст, ки ҷавонҳо барномаҳои хубу диданӣ таҳия мекунанд. Аммо миллати мо мисли дигар қавму халқиятҳои пешрафтаи олам бештар ба «Кӣ мегӯяд!», таваҷҷӯҳ дорад, ки ба «Чӣ мегӯяд!» дошта бошад. Ва ин дуруст аст. Зеро дар тамомии олам мардуми прогматик ба корифейҳои касб, ровиёни таҷрубадор, «гургҳои борондида»-и сиёсат ва дипломатия бовар мекунанд. Раванди «омолаживание» чунон рафта истодааст, ки ҳамин бечора ҷавонҳо то авторитет мешаванд, ки реформа онҳоро низ рӯфта мепартояд. Абдуқодиру Давлату Абдуғаффор на танҳо барномаҳои диданӣ доштанд. Онҳоро баъди солиёни тӯлонии долу зарби кор дар ТВ гӯш ва бовар мекарданд!
Мо ҳатто Познери зинда дорем: Иброҳим Усмонов. О, истифода баред аз нерӯву тавонаш!!! Бигзор дар нафақа асту бознишаста, аммо андешаи миллатсоз ҳам дораду ҷаҳонбинии хеле васеъи сиёсӣ низ. Сиёсат футбол нест, ки синну сол рафт дар сатҳи олӣ бозӣ карда натавонӣ. Баракс, синну сол, мӯи сафед, таҷруба, ҷаҳонбинӣ, ҷаҳонгардӣ бар иззати мардум меафзояд. Иброҳим Кенҷаевич геополитикаро ҳам бештар аз ману мо мефаҳмаду дипломатияро низ. Чанд соли умрашро дар кашмакаши гуфтугузори Сулҳи Тоҷикон гузаронидааст. Таҷрубаи зиндагонии кор бо мухолифин дорад. Кухняро аз дарун медонад. Суханаш вазн дорад.
Михалкови мо метавонад Қурбони Собир, Меҳмон Бахтӣ, Гулрухсор ё Муъмин Қаноат бошад. Фикр мекунед, Никита Михалков дигар коре надорад, ки камера бардоштаву кӯча ба кӯча душмани дохилӣ меҷӯяд? Давлат барои ӯ кор мекунад. Вале чун душмани дохиливу бегона кашф шуд, бояд аз даҳони нафаре фош гардад, ки халқ ба Ӯ бовар дорад. Яъне нақши калидии Шахсиятро ҳоло касе радд накардааст.
Медонам, ки Шахсиятҳо гоҳ-гаҳ сухани худро мегӯянду «мегузаронанд». Аммо ин имтиёз-лготи Шахсият аст! Аз ин набояд тарсид. Зеро бовар дорам, маддоҳон метавонанд дар 2 соат пӯстин чаппа пӯшанду хиёнат бар ватану давлату миллат кунанд, аммо Шахсият ҳич гоҳ ин корро намекунад. Мо Метавонем!
Ман матлабҳои хубу хонданиеро, ки бо имзои мустаор дар ВАО бар алайҳи душманони дохиливу беруна нашр мешаванд мехонаму мегӯям, «ҳайфи мақола!». Зеро имзои мустаор дар ҳама давру замон рекламаи визавист. Чунки мардум фикр мекунад, «а-ҳа, раз муаллиф метарсад имзояшро гузораду аксашро фош созад, пас танқидшаванда қувва аст, қудрат аст…». Ё не, мӯҳтарам идеологҳои давлатӣ?
Дар набарди иттилоотӣ ҷои Шахсият холист. Онро бояд пур кард. Фейкҳои давлатӣ ҷои 1 имзои душмани дохилиро гирифта наметавонанд, чӣ расад бар душмани хориҷӣ, ки дову дастгоҳи мӯҳташам дорад.
Дуруст аст, бархе аз онҳое, ки мо Шахсият мепиндорем, метарсанд бо имзои худ сухан гӯянд. Дар ин маврид онҳо Шахсият нестанд. Зеро Шахсият ҷасорат дорад ва ҳар нафаре тарсуст Шахсият нест. Омили нахустини Шахсият нотарсист. Ман медонам, афродеро, ки омодаанд аз манофеъи миллӣ бо имзои худ пуштибонӣ кунанд. Вале ноШахсиятҳо аз тарси курсии мансаб (ҳарчанд Шахсиятҳо ҳаргиз талоши маснад надоранд!) онҳоро ба фосилаи тиррас ба ВАО роҳ намедиҳанд. Онҳо курсӣ ҳифз мекунанду инҳо Миллату Давлат. Тафриқа дигар ана ҳамин асту бас…
Сахт гуфтам? Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter