Принт

Дари суди иқтисодиро кӯбед


Прокуратураи н.Зафаробод мақолаи адиб Ҳаким Исмоилзодаро бо унвони “Замини Давронро кӣ бармегардонад?” (СССР, №44(477), 2.11.2017) мавриди баррасӣ қарор дод. Муайян шуд, ки байни шаҳрвандон Муллоева Б.Ж. ва аъзои кооперативи истеҳсолии «Шоҳҷаҳони Даврон» аз с.2010 инҷониб баҳси замин давом дорад. Барои аз тарафи Муллоева худсарона истифода кардани заминҳои аъзои кооперативи мазкур нисбати ӯ бо моддаи 334, қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 26.08.2016 пешбурди он бо татбиқи моддаи 6, қисми 1-и Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз 24.08.2016 таҳти №1355 дар истеҳсолот қатъ карда шудааст. Ҳамчунин нисбати Муллоева барои сохтмони худсарона дар қитъаҳои замини аъзои «Шоҳҷаҳони Даврон» бо моддаи 338, қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуда, бо ҳукми суд аз 21.04.2017 нисбати номбурда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъйин ва бо татбиқи моддаи 71-и КҶ ҶТ нисбаташ 1 сол муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шудааст. Муроҷиатҳои роҳбарият ва аъзои КИ «Шоҳҷаҳони Даврон» нисбати Муллоева чанд бор аз тарафи прокуратураи ноҳия мавриди санҷиш қарор дода шуда, аз натиҷаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул ва ба муаллифон тавсия дода шудааст, ки метавонанд тибқи моддаи 4-и Қонуни ҶТ “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барои бартараф кардани монеа тариқи пешниҳоди даъво ба суди иқтисодӣ муроҷиат кунанд.

Султонзода А.Ю.,
прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1

Матлабҳои дигар