ХАБАРИ ДОҒ

Вақте вузаро муҷозот мешаванд…

  • Панҷшанбе, Фев 08 2018

Хиёнат ва ҷиноят-5

Амрико боз 210 русиявиро ба рӯйхати сиёҳи «Минфин» дохил кард. Дар ин феҳрист аксарияти вузарои Путин ва 96 олигарх, яъне миллиардерони рус шомиланд. Ҷанги сарди Амрикову Русия гармтарак шуд.
Дмитрий  Медведев, Сергей Лавров, Александр Новак, Максим Соколов, Денис Мантуров, Николай Никифоров, Александр Ткачев, Антон Вайно, Владислав Сурков, Дмитрий Песков, Валентина Матвиенко, Володин, Сечин, Миллер, Наришкин, Бортников, Михаил Федотов… номҳои ба сиёсати кулл ошноянд ва ҳамагӣ ба рӯйхати экстремистӣ-террористии Амрико даромаданд.
Вале 1 чиз маро ҳайрон мекунад дар ин доду ситад. Ягон ҷои инҳоро ғам нест! Вашингтон метавонад пулу молашонро дар Аврупо бандад, бонкрот кунад, равуояшонро масдуд созад. Аммо инҳо парвое надоранд. Зеро…патриотанд!
Солдатанд! Сарбозони ВВП-анд. Лозим шуд, автомат гирифтаву ба ҷанг мераванд.
Дар мо чӣ? Намегӯям патриот надорем. Дорем! Аммо чаро дар 25 сол то ҳанӯз 1 вазир писарашро ба хизмати ҳарбӣ равон накардааст??? Чаро 1 раисбача хидмат намеравад. Ва аз ҳама муҳим:
-Хизмат дар мо чун қаҳрамонӣ матраҳ мешавад!
«Писари ман хизмат кардааст! Баччаи ман сарбоз аст!! Лгот, имтиёз диҳед!!!». Бархе аз руъасо боз мушт бар сина мезананд, ки барои ихтиёриён замини наздиҳавлигӣ медиҳем. Аз кай хидмат ба Модар, ба Падар, ба Ватан миннат шудааст? Идеология…
Ва акнун бармегардем сӯи Русия. Чӣ қадар халқи русро фишор оваранд, ҳамон миқдор патриот, ватанпарвар ва муттаҳид мешаванд. Таърих мегӯяд, на ман, ки Русияро касе шикастан наметавонад. Ва ба назар мерасад, ки ВВП амдан мехоҳад кишвараш зери фишори фишангҳои иқтисодӣ қарор гирад. Ҳоло ин таҳримҳо бар нафъи Путин-амак аст.
Русия, албатта, шарики стротежики мост. Аз Русия дар 100 соли дигар гумон аст мо халос хӯрем. Барои 1 кишвари хурд ва он ҳам ҳаммарз бо Афғонистони махуф, ки НАТО плонҳои бузургу сиёҳе матраҳ месозад, доштани 1 шарик чун Маскав хеле зарур аст. Кремлин фишоре, ки сараш мерезад, сари мо мекашад. Хеле мехоҳад вориди шартномаҳои иқтисодиву гумрукияш шавем. Бой медиҳем, агар ворид гардем ва инро дар Душанбе аз ман дида хубтар медонанд. Ин аст, ки бо ҳар роҳу восита шартномаҳои урусиро игнор мекунанд.
Вале аз Русия бояд патриотизмро омӯхт. Вазирону сағирону кабирони Русия воқеан патриотанд. Идеологияи миллӣ, ки каме бӯи фашизм низ мекунад, дар ҳоли рушд аст. Русҳо дар ягон давру замон ба ин ҳадд муттаҳид набуданд, ки ҳамакнун ҳастанд. Маҳалгароӣ дар Русия ҳаст. Инро касе инкор мекунад, ки Русияро намедонад. Вале маҳалчигии русҳо дарди ба хайрест, ки дар дилхоҳ маврид миллат онро раҳо кардаву иттифоқ мешавад. Дар мо баракс, маҳалгароӣ дар ҳоли рушд аст. Миллати мо дар дилхоҳ маврид ба маҳалла табақабандӣ мешавад. Дар 25 сол доруи ин маразро кашф накардем, ки накардем...
Кори мо ба ҳаддест, ки фарзи мисол, фикр дорем, мушкили Ворухи Исфараро бояд исфарангиҳо ҳаллу фасл кунаду масоили марзи Афғонистонро кӯлобиҳо ва баракс…
Ба пиндори сирф фардии ман панатсеяи миллӣ бояд кашф гардад ва сари Тоҷиксозӣ бояд талош кард. Шояд бас будагист, маҳалгароӣ…
Ва қадами №1 дар ин роҳ ба Артиш рафтани тамомии фарзандони вазирони Ҳукумати имрӯза буда метавонад! Амалан бояд собит сохт, ки Мо Метавонем!
Шумо чӣ фикр доред?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter