ХАБАРИ ДОҒ

Чаро маҳсулоти ҳунармандҳои Тоҷикӣ кам таблиғ мешаванд?
Эълон шудани соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ ба назарам беҳтарин иқдом аст, зеро то ҳол имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумии мо ба таври лозима таблиғ нашудаанд. Агар аз 1 сӯ рушди инфрасохтор дар минтақаҳо барои тараққиёти туризми хориҷиву дохилӣ проблемаи №1 аст, аз самти дигар ҳуҷҷатгузориву пардохти андоз ва набуди таваҷҷӯҳи мардуми маҳаллӣ ба маҳсулоти эҷодкардаи ҳунармандони Тоҷик мушкилоти дигарро зам мекунад. Имрӯз ба мағозаву марказҳои савдо нигарем, тамоми маҳсулоти гӯштиву ширӣ ва нониву қаннодӣ истеҳсоли ширкатҳои ватаниянд ва ин хеле хуб аст. Гоҳ-гоҳ таблиғи ҳасибу қаймоқу ҷурғоти Тоҷикиро дар ТВ дидан ҳам мумкин. Вале мо таблиғи зарфҳои кулолӣ, гулдӯзиву сӯзаниву гулбаст, либосҳо аз атласу адрас, кафшҳои зардӯзӣ, дутору дойраву таблак, табақу чойнику пиёлаи сафолӣ, собуну сабаду сандуқчаҳои Тоҷикиро, ки барои фурӯш пешкаш шуда бошанд, қариб намебинем. Чаро маҳсулоти ҳунармадони Тоҷик кам таблиғ мешавад? Мо тасмим гирифтем сари ин масъала андеша намуда, бо чанд ҳунарманди кишвар, ки дар минтақаҳои гуногун зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, сӯҳбат намоем. Мо Метавонем!



Ҳунарманд бояд эҷод кунад!
Рӯзи 20.01.2018 бо нияти боздид аз маҳфили кулолгарии Маркази фарҳангӣ ба ш.Турсунзода сафар кардам. Омӯзгори ин маҳфил Фозилҷон Носировро хуб мешиносам-борҳо ӯро дар намоишгоҳҳои зимистона ва баҳории Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дидаам. Мавсуф ҳам устост ва ҳам омӯзгор, аз нозукиҳои кулолгарӣ ба шогирдон дарс мегӯяд, бо онҳо кӯзаву қаламдон, ҳуштаку ҳайкалчаҳои хурду калон месозад, дар оташдон пухта рангубор мекунад. Усто бо шогирдонаш дар 1 моҳ то 300 номгӯи маҳсулотро омода мекунанд, аммо дар фурӯши он мушкил мекашанд.
-Ҳунарманд бояд эҷод ва нақши дар тахайюл кашидаро дар амал татбиқ кунад, ба дигарон аз нозукиҳои ҳунар ёд диҳад, яъне дар олами худ бошад. Лек ҳоло дар баробари эҷоду сохт мо бояд дар бораи таблиғу фурӯши маҳсули эҷодамон низ бояд фикр кунем ва ин ҳатман вақти бештарро тақозо менамояд. Ба ҷуз намоишгоҳҳое, ки соле 3-4 бор сурат мегиранд, мо маҳсулоти хешро дар чорабиниҳои оммавӣ ба мардум пешкаш мекунем. Дар намоишгоҳҳо ба қадри маҳсули дасти мо мерасанд ва харидорӣ мекунанд, аммо кам! Мардуми маҳаллӣ ба маҳсулоти кулолгарӣ таваҷҷӯҳ надорад, барои таблиғи маҳсулот маблағи зиёд лозим, ки барои мо имконнопазир аст. Хуб, ки имсол моро аз пардохти андоз озод намуданд, вале харҷҳои дигар ҳам ҳастанд,- мегӯяд Носиров.
Воқеан ҳам эҷодкор бояд эҷод кунад ва дар фикри таблиғу фурӯши ҳунари дасташ набошад. Аммо дар ин соҳа ҳанӯз ҳам маркетинг-ташкил ва фурӯши маҳсулот бо дарназардошти омӯзиш ва талаботи бозор рушд накардааст ва ҳунарманд маҷбур аст, маҳсулоти хешро бо миёнаравҳо фурӯшад ё ба умеди намоишгоҳи оянда шавад...

Андоз дарди сар!!!
Маҳмудҷон Муқимов-ҳунарманди дигари Тоҷик, ки бо пухтани собун ва маҳсулоти ороишии табиӣ дар н.Рӯдакӣ машғул аст, мегӯяд, ҳуҷҷатгузории зиёд ва муомилаи баду дурушти бархе аз кормандони мақомот ҳунармандро хаста ва дилсард мекунанд.
-Барои аксарияти ҳунармандони мисли ман ҳуҷҷатгузории аз ҳад зиёди мақомоти дахлдор ҳамеша садди роҳи кор мешавад. Ҳамеша мекӯшам тибқи талаботи қонунгузорӣ фаъолият намуда, андозҳо ва пардохтҳои давлатиро сари вақт супорам, лек муносибати дурушту муомилаи бад ва корбарии нодурусти бархе аз кормандони ниҳодҳои марбута водор месозанд, ки аз кор даст бикашӣ. Масалан, маблағ бештар бошад, маҳсулот ҳам зиёд истеҳсол мешавад, агар маблағ камтар бошад, маълум, ки камтар собун мепазам. Барои таблиғи маҳсулот ва ё кушодани дӯкон бояд бештар аз 10 хадамоту мақомот иҷозат гирам, ки харҷу даводавияш аз маҳсулоти пухташуда ба карат меафзояд. Барои ин ниҳодҳо фарқе надорад, ки маблағ дорӣ ё не, маҳсулот ба фурӯш рафт, ё не, бояд андозро супорӣ. Боз 1 проблемаи дигар он аст, ки ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бақайдгирӣ осон аст, лек аз қайд баромадан кашмакашҳои зиёд дорад. Ҳукумати мамлакат соли равон ҳунармандонро аз пардохти андоз озод намуд, кош дар баробари он феҳристе ташкил шуда, барои мо-ҳунармандон низ ягон шаҳодатнома, ё ҳуҷҷате медоданд, ки бо он аз андоз озод шудани хешро собит мекардем, - таъкид медорад Муқимов. Муқимов низ маҳсулоти хеш-собунҳои сирф Тоҷикиро тавассути дӯстону шиносҳояш таблиғ мекунад ва онҳо аллакай ҳаводорони худро доранд, аммо ин фоизи хеле камро ташкил мекунад, барои таблиғи густурда ё ташкили дӯкон барои фурӯш бошад маблағи кофӣ ба даст намеояд. Яъне агар раиси Кумитаи андози ҶТ то шахсан эҷодкорро аз андоз озод накунад, кор ба бунбаст мекашад. Мо Метавонем!

Made in Tojikiston бренд шавад!
Сабоҳат Ашӯрова, дӯзанда, тарроҳ ва масъули 1 сехи дӯзандагӣ дар маркази савдои «Баҳор»-и ш.Хуҷанд соли аввал нест, ки бо тарроҳӣ ва дӯхти сарулибос аз матоъи атласу адрас барои занҳо машғул аст. Агар қаблан ӯ бо ҷалби 2-3 шогирд дар хонааш кор мекард, ҳоло бошад ҳам сехи дӯзандагӣ дорад ва ҳам дӯкони хос, ки тавассути он метавонад маҳсули эҷоди хешро низ ба фурӯш гузорад. Мавсуф ғайр аз сарулибос, боз аз адрасу атлас ва порчаҳо аз матоъҳои Тоҷикӣ, ки худ аз деҳоти дурдасти вилоят хона ба хона гашта, ёфта, харида меорад, сумкаҳо, дегпӯшак, дастархони уроқ, болопӯш, костюмҳо, ҳатто палто омода мекунад. Ҳар 1 модели эҷодкардааш беҳамтост ва танҳо 1 маротиба дӯхта мешавад-Эксклюзив! Ин аст, ки аксарияти занҳо, хоса, мансабдорону депутатҳо ва раисон маҳз ба Ашӯрова либосҳои миллӣ-аврупоии хешро аз Душанбе фармоиш медиҳанд.
-Солҳои қаблӣ ман бештар аз матои истеҳсоли кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон истифода мебурдам. Ҳоло бошад танҳо ва танҳо аз атласу адраси пахтагини истеҳсоли Тоҷикистон. Танҳо хостори онам, ки тамғаи Made in Tojikiston дар ҳар 1 маҳсули эҷодкардаи на танҳо дӯзандаҳо, балки матоъҳо низ бошад. Ин чиз бояд бештар таблиғ ва бренд шавад. Дар порчаҳое, ки аз дигар кишварҳо меовардем, чунин тамға буд, аммо дар матоъҳои истеҳсоли Тоҷикистон ин тамға ё рамз қариб навишта намешавад. Агар чунин тамғаро дар матоъ бубинам ҳатман дар ҷои намоёни сумка ё кошелёк, дастархон ё рӯйкаши уроқии болишт ҷой мекунам-маҳсулоти ватанам аст, - иброз медорад С.Ашӯрова.
Мавзӯи рушди ҳунарҳои мардумӣ ва мушкилоти ҳунармандони Тоҷик, хоса, дар минтақаҳои дурдасти кишварро пайгирӣ намуда, ният дорем дар бораи ҳунарҳои рӯ ба фаромӯшӣ ниҳода низ матлабу гузоришҳо омода намоем. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter