ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Гранти Хоҷа Машҳадро кӣ хӯрд?!

  • Панҷшанбе, Фев 08 2018

Мадрасаи Хоҷа Машҳад воқеъ дар деҳаи «Сайёд»-и ноҳияи Шаҳритус дар асрҳои 9-12 сохта шуда, ансамбли мӯҳташамеро ташкил медод. Ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ 2 гунбази равоқдори аз хишти пухта бо ҳам пайваста боқӣ монда. Бинои тарафи рост, ки аз ҷониби шарқию ғарбӣ даромадгоҳ доштааст, қисми қадимтарини ин ёдгорӣ буда, сохти гунбазу равоқу дижбонҳоро, ки аз хиштҳои моил чидашуда бино ёфтаанд, хоси меъмории ҳамон давра меҳисобанд.
Якчанд моҳ қабл аз ин мо ба мадрасаи Хоҷа Машҳад ворид шуда, устоҳои гулдасту ёрдамчиёни онҳоро, ки аз шаҳрҳои Истаравшану Кӯлоб, Ваҳдату Турсунзода бо даъвату раҳнамоии Вазорати фарҳанг омада буданд, дар ҷӯшу хурӯши кор дарёфтем. Сарварии эшонро Раҳматҷон Саломов-мутахассиси пешбари муассисаи ҷумҳуриявии илмӣ-истеҳсолӣ оид ба таъмиру тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг ба ӯҳда гирифта буд.
Мо дар навбати худ ба кору бори ҳунармандони чирадаст аз наздик ошно шудем. Устои кӯлобӣ Раҳмоналӣ Валиевро бо писараш Аскархон саргарми хиштчинӣ дарёфтем. Онҳо аз хиштҳои пухтаи омода сохтаи усто-кулоли қаротоғӣ Муқим Розиқов девори даромадгоҳи самти шимоли ёдгории меъмориро мебардоштанд. Воқеан хиштҳои тайёр кардаи усто-кулоли қаротоғиро аз хиштҳои қадимаю аслии бино қариб фарқ намудан душвор буд. Аз нақли М.Розиқов маълум гардид, ки онҳо аз канори заҳбури назди мадраса сурххоки махсусро ба воситаи нақлиёти боркаш ба назди танӯрҳои хиштпазӣ оварда, пас аз пазонидан 30 дона хиштро дар пойтахти кишвар аз ташхиси лабараторӣ гузаронида, ҳатто дар 25 дараҷа хунукӣ тобовар будани хиштҳои навпухтаро ба инобат гирифта, аз ҷониби комиссияи махсус сазовори баҳои «аъло» гардида, иҷозати истифодаи онро баҳри ёдгории таърихии миллат ба даст оварданд.

Хишти таърихӣ
Ин ҷо овардани нақли омӯзгори Шаҳритусӣ Қутбиддин Қурбоновро, ки мӯйсафеде барояш қисса намудааст, бамаврид медонем.
Тибқи нақли мӯйсафеди ҳамдеҳаи муаллим Қурбонов, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест, одамоне, ки дар асрҳои пешин дар тайёр кардани хишти пухта барои мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳисса мегузоштанд, лойи махсусро бо аспҳо хуб лагад мезаданд. Ин амал соатҳо тӯл мекашидааст. Сипас аспро лаби дарёи Кофарниҳон бурда, поралойи сумзадаю лагатхӯрдаро ба думи асп баста, ҷонварро тозиёна зада, аз ҷойи тезоби дарё мегузарониданд. Агар дар тӯли рафтуомади чандинкаратаи аспи бидав поралойи часпонидашуда аз думаш афтад, пас натиҷа мебароварданд, ки лой ҳоло хому бояд лагадкӯбиашро идома бахшид. Агар поралойи часпида часпак меистод, дигар ба пухтагии лой ҷойи шакку шубҳа боқӣ намемондааст…

$76.000 куҷост?
Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун ёдгории бебаҳои таърихӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Президенти кишвар барои ободии он ва мавзеъҳои ба он монанд пайваста талош меварзад. Вазорати фарҳанг низ худро кафили эҳёю ободии ёдгориҳои нодири мамлакат меҳисобад. Мояи ифтихору шодмонист, ки барои мадрасаи Хоҷа Машҳад давлатҳои дигар низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, бо маблағгузориҳои худ ба эҳёи навсозӣ ва таҷдиди он мусоидат менамоянд. Вале 100 афсӯс, ки қисмати маблағҳои ҷудогардида ба номи Хоҷа Машҳаду ба коми наҳангхоҷагон меравад. Барои Хоҷа Машҳад на танҳо сафорати Амрико, инчунин Cафоратҳои Эрону Япония низ маблағҳои бебозгашт ҷудо намудаанд, вале дар тармими ёдгориҳои таърихӣ маблағҳо мақсаднок сарф нашудааст, ки воқеан ҷои нигаронист. Аз ин 2 сафорат гранти сафорати Япония барои таъмиру тармими мадрасаи Хоҷа Машҳад то имрӯз барои мо муаммост. Барои фаҳмидани сабаби муаммои мазкур таваҷҷӯҳ фармоед ба тафсилоти зер.
Дар китобчаи «Ҳисобот дар бораи фаъолияти Вазорати фарҳанг дар соли 2005 ва самтҳои кори минбаъдаи он дар соли 2006» дар боби 5, ки «Грантҳои бебозгашт баҳри рушди фарҳанг» ном дорад, чунин сатрҳо ба чашм мерасад:
- барои тармими Мадрасаи Хоҷа Машҳад 76.000 доллари амрикоӣ…
Собиқ мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритус-К.Норбутаева ва сармуҳосиби ӯ дар соли 2006 баъди дастрас намудани китобчаи номбурда аз гранти барои Хоҷа Машҳад ҷудокардаи сафорати Япония огаҳӣ меёбанд. Аҷибаш ин ки то ҳол касе намедонад, ки он маблағи ҳангуфтро кӣ ба куҷо бурдаасту чӣ тавр тавзеҳ намудааст? Хуллас, пул ба Хоҷа Машҳад нарасидааст. Масъулони Вазорати фарҳанг ҳам ин масъаларо нодида мегиранд, ҳатто гранти мазкурро инкор менамоянд. 

104 ё 109…ҳазор доллар???
27.10.2009 дар бинои марказии матбуотии «Муошират ва иттилоот» нишасти матбуотии роҳбарияти Вазорати фарҳанг бо рӯзноманигорон доир гардид. Хабарнигор Ҷасур Абдуллоев, журналисти ҷавон дар боби гранти ҷудогардида барои Хоҷа Машҳад суол ба миён мегузорад. Вазорати фарҳанг дар посух гуфта: «Он гранте, ки шумо дар назар доред, на сафорати Ҷопон, балки сафорати ИМА қабул карда буд ва маблағи умумии грант $104.000-ро ташкил медод. Дар ин ҷо кор ҳоло идома дорад ва намояндагони ИМА омада, назорат бурда истодаанд то ҳамин сол ин кор пурра ба анҷом расонида шавад.Шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритус ба ин масъала ягон алоқамандӣ надорад...» (нутқи айнан).
Аз посухи масъулини Вазорати фарҳанг кас ба тааҷҷуб меафтад. Чаро гранти сафорати ИМА ҷудо кардаро ба гранти сафорати Япония нисбат дода, дуюмиро сарфи назар менамоянд? Дигар ин ки агар сафорати Япония грант ҷудо намекард, чаро дар китобчаи «Ҳисобот»-и Вазорат онро дарҷ намуданд? О, маблағи $76.000 ба гуфтан осон аст. Агар гранти мазкур ғалат бошад, чаро то ҳол онро тавзеҳ надода, аз дарҷи нодурусти он аз касе узр нахостаанд? Шояд дар ин бобат суханони масъули сафорати номбурда ҳалкунанда бошаду ҳақиқатро ошкор созанд?
Дар масъалаи гранти сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳам рақамҳо саҳеҳ нестанд. Масъули лоиҳаи тармими Хоҷа Машҳад, меъмор Р.Саломов гранти ба 3 зина ҷудо кардаи сафорати мазкурро наздики $109.000 арзёбӣ намуд. Сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Шаҳритус маблағи умумии грантро $104.000 гуфт. Киро бовар кунем?

Азизи ФАТТОҲ,
ҷамоати Сайёд, деҳаи Аскари Сурх, н.Шаҳритус

Китобҳо

Flag Counter