ХАБАРИ ДОҒ

Аз муздури авбош то вазири ҷазир

  • Ҷумъа, Фев 16 2018

Хиёнат ва ҷиноят-6

Мунофиқро мадон ёри мувофиқ,
Мунофиқро мувофиқ дон, мунофиқ!!!
Ҳоло дар олами виртуолии Интернет, ки кайҳо ба реалӣ табдил ёфтааст, навори чанд Ҷавонмарди Тоҷик мечархад. Инҳо муздурони оддиянд, ки дар Русия корфармо маъошашонро пардохт накардааст ва онҳо тамомии таъмиру тармими кардаашонро бо лому кувалу парма вайрону хонаи армании ситамгорро ба замин яксон мекунанду мегӯянд:
-Эй, халқи Тоҷик!!! Шумо ҳам чунин кунед ва дигар ягон нафар Тоҷикро «кидат» намекунад!
Медонам, ҳазорон тоҷики дигар хоҳад гуфт, накунед ин корро, авбошӣ чӣ лозим, обрӯи миллат мерезад. Аммо ман мегӯям, ки ҳоло ҳам кам кардаед! Занед, вайрон кунед ва соҳибмулкро низ шаттакаш созед. То фардо Тоҷике дигар дучори ин ситам-кидала нагардад.
Ҷавонмардӣ дар ҳар шаклу шамоиле зуҳур кард, Ҷавонмардист!!! Мисле, ки номардӣ шарҳ (оправдание) надорад, Ҷавонмардӣ низ надорад! Мо Метавонем!
Аҳамият деҳ, хонанда, ин чанд ҷавони душанбегӣ наворҳои вайронкорияшонро ошкоро ба интернет гузоштаву худро зери зарба қарор медиҳанд. Аммо барои чӣ ва ё барои кӣ? Барои ҳифзи Шарафи Миллат ва пуштибонӣ аз ҳамтои худ, муздури бечораи дигари Тоҷик, ки дар Русия барои қути лоямути модару зану фарзанд сарсону саргардон аст.
Имрӯз тоҷиконе, ки мушт бар сина кӯфта мегарданду худро раису бригадиру рекэт дар Русия муаррифӣ мекунанд, ҷумлагӣ «чмо»-янд. Онҳо раиси Тоҷик, биргади Тоҷик ва рекэти Тоҷиконанд. Ғорат мекунанд муҳоҷирони бечораи халқи худро ва ман мехостам, ух, как, мехостам, ки ана ҳамингуна ҷавонмардоне, ки арманиҳоро «наказать» кардаанд, инҳоро низ боре лату кӯб кардаву дар Интернет ба маъраз гузоранд! Аз дасташон меояд.
Боре шербаччаҳои ғайюри Тоҷик сари чанд фоҳишаро ҳам кал карданд, ки бо ғайритоҷикон ишқварзӣ доштаанд ва ба маърази тамошо гузоштанд. Сафашон кам шуд. О, мана, мешудаст-ку?! Акнун навбати бригадирҳоест, ки ҳамдеҳагонашонро бурда дар Русия «кидат» мекунанд. Номи яки чунин ҳаромхӯр маълум аст:
-Дилшод Назаров аз н.Ҳисор, ки Абдураҳмон Розиқов, Шаҳобиддин Қурбонов ва боз 2 ҳамдеҳаашро, ки синнашон то 55-сол мерасад, бурдаву фиреб кардааст. Садқаи нону намаки Ҳисори Шодмон кунад чунин «биргадир»-ро…
Ана чунинҳоро ёфтаву ҷазо додан лозим. Дасти Қонунгузори ҶТ ба унҳо намерасад? Дасти шумо дароз бод, Ҷавонмардони Тоҷики муқими Русия! Газетаи мардумии СССР дар паҳлӯи шумост. 2 тан сакалтуро ҷазо диҳед ва ҷони Тоҷик дар Русия аз ситам халос мехӯрад. Зеро маҳз ана ҳаминҳо тибқи аризаҳои расмии худи муздурон, танҳо дар соли пор 70 млн рубли Тоҷиконро надода будаанд! Вале боз чанд ҳазори дигар фиребхӯрда аст, ки ба хадамоти муҳоҷирати кор дар Русия муроҷиат накардааст, Худо медонаду худашон. Аксарият «қаҳр» карда, мисли Абдураҳмону Шаҳобиддин ба деҳа меоянд. Қаҳр ба мард намезебад. Гиребон бояд гирифт! Агар ӯ дар Русия аст, пас падару модарашро дар қишлоқҳо радди маърака кунед. Бо ҳар роҳу восита аз Шарафи худ, ки мини-Шарафи Миллат аст, ҳифз бояд кард. Бешарафӣ ба Хиёнат баробар аст…
Маро аҷаб меояд, ки 2-3 Ҷавонмарди Шарафманд мини-ҷиноят содир кардаву Шарафи Миллатро ҳифз мекунанд дар Русия. Боз риск карда! Вале аз чӣ бошад, ки дигар аҷабам ҳам намеояд, вақте 1 генерали Тоҷик, ки миллионҳо доллар дорад, зидди миллату давлат мехезад.
Хиёнат хиёнат мезояд. Роғун, таври маълум, дар тӯли 20 соли ахир орзуи миллати Тоҷик ва муҳимтарин ғояи Ҳукумати Марказӣ буд. Чанд сол пеш мӯсафедакон, кампиракон, зану марду хурду бузург охирин пайсаи худро ба буҷҷаи ин Неругоҳи Умед рехтанд. Ҳатто ёд дорам, кампираке ба редаксияи мо чанд сомонӣ овардаву гуфт:
-Медонам, ки то он рӯзи саъд намерасам, аммо мехоҳам набераҳоям аз гармии Роғун баҳравар шаванду бебарқии инрӯзии моро асло набинанд.
Хеле мутаҳайирам, вақте 1 вазир бе ягон азияти виждон аз буҷҷаи Роғун, ки охирин умеди халқу миллат аст, 170 млн сомониро мерабояд. Оре, ин пулдуздист. Ягон главбух метавонад иштибоҳ кунад, аммо вақте вазир имзои худро сари ҳуҷҷате мегузорад, ки садҳо млн сомонӣ ба боди фано, яъне сӯи 1 қарздор меравад, Хиёнат аст! Ва инро ошкоро бояд гуфт. Ва мо мегӯем!
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter