ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷикистон-Гӯристони автоҳои кӯҳна???

  • Ҷумъа, Фев 16 2018

 

Кишвари мо замони ахир ба 1 гӯристони бузурги мошинҳои дақюнусиву кӯҳнаву фарсуда табдил ёфтааст. Ин автоҳо на танҳо ба саломатӣ зиён доранд, ки боиси садама ва маргу мири садҳо нафар низ мешуданд. 1 тамошои сар-сарӣ аз «мошин-мазор» (оре, қисмати эҳтиётии автоҳои кӯҳнаро чунин меноманд) кофист, ки то ба кадом ҳадд саривақтӣ будани қарори манъи мошини кӯҳнаро дарк кунӣ…

Вуруди мошинҳои кӯҳна манъ шуд!
Бо қарори Ҳукумати ҶТ воридоти воситаҳои нақлиёти соли бароришашон то с.2005 аз 15.02.2018 ба ҳудуди кишвар манъ карда мешавад. Ин қарор ҳафтаи гузашта якбора дар чанд сомонаи расмӣ, аз ҷумла, Хадамоти гумрук низ ба тасвиб расида, дарҳол боиси баҳсу мунозира дар шабакаҳои иҷтимоии интернет гашт. Қарори мазкур аз ҷониби Ҳукумати ҶТ 28.01.2018 ба тасвиб расидааст. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва ВКД ҶТ муваззаф шуданд, ки раванди воридоти мошинҳоро тибқи талаботи ин қонун зери назорат бигиранд…

Тоҷикистон-ватани «секонд хенд»?
Бархе аз дӯстдорони мошинҳо дар баҳси фейсбукӣ мегӯянд, тасвиби ин қарор саривақтист, зеро имрӯз теъдоди мошинҳои сабукрави кӯҳнашуда хеле афзуда, ҳавои муҳити зистро ифлос мекунанд. Қисмати дигаре бар онанд, ки қарори мазкур баръакс ба киссаи мардуми камбизоат, ки бо роҳи мусофиркашӣ ризқ меёбанд, зарбаи сахт зада, онҳоро аз 1 бурда нон маҳрум мекунад. Аён аст, ки аксарияти мошинҳои сабукраве, ки ба Тоҷикистон медароянд, дар охири солҳои 1990 ва оғози солҳои 2000 дар Аврупо бароварда шуда, аз рӯи меъёрҳои аврупоӣ аллакай кӯҳна шудаанду бояд консерватсия-нобуд гарданд. Аммо тоҷирони Тоҷик тайи солҳои зиёд чунин мошинҳои кӯҳнашудаи аврупоиро таъмиру таҷдид карда, ба Тоҷикистон меоранд ва бо нархи дасти 2-юм мефурӯшанд. Нархи ин мошинҳо, аз ҷумла, тамғаҳои «Опел»-у «Мерседес» ва «Нексия» имрӯз дар бозорҳои мошинфурӯшии кишвар он қадар ҳам гарон нест ва мардум бо истифода аз пули дар муҳоҷират ҷамъ карда, ё кредит, мошин харида, мусофиркашӣ менамоянд.

Мошинфурӯшҳо зиқанд
Абдувалӣ Наимов, яке аз тоҷироне, ки тайи 10 соли охир бо воридот ва фурӯши мошинҳои сабукрав аз Олмону Литва ва Дубай ба Тоҷикистон машғул аст, таъкид медорад, ки ба имзо расидани қарори нав бозори мошинфурӯширо касод ва шояд аз байн бубарад.
-Аз набуди кори доимӣ садҳо нафар ҷавонмардон бо хариду фурӯши мошин машғуланд ва ҳоло ҳамагӣ зиқ ҳастем. Мошинҳои соли бароришашон аз 2005 боло маълум, ки қиматтаранд ва мо онҳоро бо сарфу хароҷоти зиёд меорем, аммо мардум пул надоранд ва мошинҳои гаронарзишро намехаранд. Устоҳои зиёд, ки бо таъмиру таҷдиди мошинҳо сарукор доштанд, қариб бекор мемонанд ва билохира, ин бозор-мошинфурӯшӣ аз байн меравад. Аз ин тиҷорат бошад аксарият, ҳатто дар мақомоти қудратӣ низ нон меёфтанду мехӯрданд. Барои харидани мошин аз марказҳои махсус ва намояндагиҳои ширкатҳои мошинсозӣ бошад, маблағи зиёд лозим, мардуми мо ба ин ҳоло одат накардааст, ронанда ҳоло имкони хариди мошинро то 20-30 ҳазор сомонӣ дорад, лек наметавонад мошини навро бо маблағи 300-450 ҳазор сомонӣ бихарад, мо ҳам дигар наметавонем ҳар сол 50-60 мошини сабукрав ворид кунем,- афзуд Наимов.

Шаҳр тоза, кӯча тоза, хона тоза?
Кормандони мақомоти қудратӣ, хоса, БДА ва Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти кишвар аз тасвиби ин қарор хеле розиянду бар он ақидаанд, ки минбаъд кӯчаҳои мамлакат аз ҳаракати мошинҳои кӯҳнаву таъмиргашта ва дуди ғализ бароварда, пок мешавад.
-Мо дар асри 21 зиндагӣ дорем. Кӯчаҳои пойтахт имрӯз пур аз мошинҳои кӯҳнаву ифлос аст, ки симои шаҳрро мекоҳонад. Баъдан, мошинҳои мӯҳлати истифодаашон гузашта аз худ гази махсуси бадбӯ ихроҷ мекунад ва ин партов ба муҳити зисту саломатии инсон зараровар аст. Масъалаи сеюм он аст, ки ширкатҳои бо воридоти маводи сӯзишворӣ машғулбуда, инро дида ба Тоҷикистон бензину соляркаи босифат намеоранд. Бигзор минбаъд мошин камтар ворид шавад, аммо наву босифат, аз мошинҳои кӯҳнашуда бошад мардум бояд даст кашанд. Шаҳр, кӯча ва хонаамон тоза мешавад, -афзуд яке аз мансабдорони Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти вазорати нақлиёти ҶТ.
Мо мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард ва назари шумо, хонандагони СССР-ро низ дар ин бора интизорем. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter