ХАБАРИ ДОҒ

Дар Бадахшон ҷанг сар шуд: Бо Водка!!!

  • Ҷумъа, Фев 16 2018

31.01.2018. Гурӯҳи сокинони Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ бо ирсоли 1 номаи сарҷамъона аз Президенти ҶТ хоҳиш кардаанд, ки фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар ин вилоят манъ гардад. Гӯиё 1 номаи дод. Не?! Аммо паси ин чӣ ё кӣ меистад? Фаромӯш накардаем, ки сиёсати «Сухой Закон»-и Горбачев бо пошхӯрди ин кишвари абарқудрат хатм шуд…
Он замон низ маҳз барои наҷоти мардум аз маризии алкаголикӣ (Алкул-вожаи арабист!) мардум ба президент мактуби дастаҷамъӣ равон карда буданд. Амри «Сухой Закон» ба басташавии ҳазорон корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ, барҳамзании миллионҳо гектар ангур ва дар ҷамъ бекории садҳо ҳазор нафар ва дефитсити на танҳо водка овард. Зеро баъди воридшавии «толпа» ба дӯконҳо мардум тару хушкро мехарид… Баъди чанд сол, дақиқан маълум шуд, ки нақшаи «Сухой Закон»-ро чун оғози бонкротшавии СССР дар Вашингтон кашида будаанд.
Албатта, даъвие надорем, ки ҷосусони хориҷӣ барои басташавии дӯконҳои фурӯши водка дар Бадахшон мардумро гӯл задаанд. Мо танҳо 1 факти таърихӣ  овардем…

Дар асл чӣ гап шуд?
Тибқи омори раиси вилоят беш аз 200 нафар гирифтори алкоголизм шудаанд. Барои вилояте, ки ҳамагӣ 200.000 аҳолӣ дорад, ин кам аст, ё зиёд? Воқеан ҳам зиёд. Зеро 1 алкоголик ҳам барои 1 млн нафар зиёд аст. Дар зимн, дар вилоят чанд дӯкони водкафурӯширо бастанд. Аҳолии деҳаи дурдасти Рошорви ноҳияи Рӯшон бошанд, ташаббус нишон дода, «худсарона», яъне бе қонунгузор маҷбур карданд, ки дӯконҳои водкафурӯширо тоҷиронашон банданд. Дар ин амри хайр мардуми бумӣ, солхӯрдагони боэҳтиром ва таваҷҷӯҳ кун, хонанда, Халифаҳо даст доранд. Воқеан халифаҳо, яъне муллоҳои мазҳаби исмоъилия, чанд сол аст, ки бо водка ҷанг эълон кардаанд… Аммо 1 сокини дараи Бартанг дар сӯҳбати вежа бо СССР гуфт, «ин, ки бархе мардони ин мавзеъ гирифтори майзадагиянд, факт аст. Аммо на аксарият, ки халифаҳо «метарсанд». Онҳое, ки бар зидди водка бархестаанд, манфиати хонаводагии хешро ҳифз мекунанд. Мақсад, хешу табори онҳое, ки шӯридаанд, водка савдо мекунанд ва табиист конкурент доранд, дар симои дигар тоҷирони бе пушту паноҳ. Ана ҳамин тоҷирони бепуштупанаҳ дар бало монданд, танҳо дӯконҳои онҳо баста мегарданд!».
Яъне манфиати хонаводагиро чанд тан ба мушкили миллӣ ва мазҳабӣ табдил кардан доранд. Бизнес?!

Бартанг оғози кор нест оё?
Ҳаргиз тарафдори водка нестем, лек набояд фаромӯш кард, ки дар Давлати дунявӣ зиндагонӣ дорем ва фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар ин кишвар манъ нест! Деҳаи Бартанг садҳо проблемаи дигар дорад, ки масъулин бо «ҷанг бо водка» аз онҳо чашм мепӯшанд. Газетаи СССР дар бораи заминларзаи шадиди Бартанг дар 2 соли пеш, вайронаҳои мавзеъ, фанду фиреби мардум аз сӯи масъулин, бологузории манфиати хонаводагиву хешутабории бархе масъулин, ғайбзании кӯмакҳои ҳукумати марказӣ ба зиёндидагон, таъмиру тармими хонаҳои вайрона навишта буд. Аз забони худи ҳамин мардум! Ҳоло ҳам ун мардум ниёз ба кӯмак доранд…
Рӯиҳамрафта, Бартанг ҳатто барқ надорад! Чаро дар асри 21 раиси вилояти Бадахшон, мӯҳтарам Шодихони Ҷамшед проектҳое рӯи даст нагирифт, ки барқ ба ин водӣ расад? Мушкил аст? Медонем, ки мушкил аст! Аммо раиси хуб бояд корҳои мушкилро анҷом бахшад. Кори сабукро дилхоҳ раис мекунад.
Фарзи мисол, тавассути халифаҳо оё ба Фонди Оғохон мерасониданд, ки Бартанг бебарқ аст, агар барқи обӣ ҳам ёфт намешуд, тамомии деҳотро ақаллан бо барқи офтобӣ нурполо месохтанд. Ва на танҳо Фонди Оғохон. Дигар фонду бунёдҳое ҳастанд, ки фикр мекунам, аслан аз ин проблема огаҳӣ надоранд, вагарна ин водӣ кайҳо фурӯзон мешуд…

Ванҷу Дарвоз
Ҳоло гуфта нашудааст, ки бо водка ҷанги мазҳабӣ оғоз кардаанд, ё миллӣ? Зеро дар Ванҷу Дарвоз хабари басташавии дӯконҳои водка ба гӯш намерасанд. Воқеан ҳам, таҷрубаи басташавии чунин дӯконҳо аввалбор нест. Дар солҳои 1990 дар Ванҷ «мини-давлати исломӣ» таъсис дода буданду ба гуфтаи худи мардум арақхӯрҳоро дурра мезаданд, яъне қамчинкорӣ менамуданд. Ҳатто латифае роиҷ аст, ки;
«Дар солҳои ҷанги гражданӣ, нафаре маст «пулиси исломӣ»-ро мебинаду барои калавида наафтодан, ниҳолеро медорад. «Пулис», ки додари кадом қумандоне будаасту нисфи Ванҷро «приватизация» карда, омада мепурсад, ки «Арақ хӯрдаӣ?», мегӯяд «на, ҳаргиз!». «Пас дарахтро сар те!»-амр мекунад «пулис». Он мард, ки шӯхтабиат ҳам буд, мегӯяд, «Э-ҳаа, э марак, хо, олӣ, бугу иншам приватизация кардам?…» ва буттаро сар дода, рост пуштонакӣ меафтад»…
Хандаовар не? Аммо он вақт ин даҳшат буд. Бо методҳои дақюнусӣ ва «исломӣ» дар кишвари дунявӣ набояд ҷанг кард! Ҳатто бо водка…
Мо Метавонем!

Дар Ғарб чӣ кор мекунанд?
Дар Шветсия, фарзи мисол, алкоголизмро ингуна табобат карданд:
-Қимати водкаву винову коняку вискиро аз 200 то 500 евро бардоштанд! Водка мехоҳӣ? Марҳамат! Аммо 2-3 шиша, ки нӯшидӣ, ҳамёнат холӣ ва зану фарзандат гурусна мемонанд. Муҳимтар аз ин. Дигар пул намеёбӣ, то нӯшӣ.
Дар Бадахшон нархи водка аз 3 сомонӣ сар мешавад ва то 15 сомонӣ мерасад. Гӯиё маҳз барои алкашшавии мардум… Нархро бардоред ва водкаи «суррагат»-ро ба ин вилоят роҳ надиҳед. Кори хирс тамом! Мо Метавонем!!!

М. Мубориз
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter