ХАБАРИ ДОҒ

Вазирии “ҷазир”-у «ҷазирӣ”-и вазир

  • Ҷумъа, Фев 16 2018


(Памфлет)

“Кӯзпуштро лаҳад рост мекунад”
Ҳамқаламе қисса кард, ки мансабдореро саволҳои “ноҷояш” хуш наомаду якбора ба таҳдиду маломат гузашт. Аҷибтараш, он мансабдори “маъруф”-у “забардаст” журналисти “бечора”-ро на бо тақвию зӯрии худ, балки бо оне таҳдид кардааст, ки “ӯро ба ин мансаб Президент бовару эътимод карда, таъин намудаасту касе ҳақ надорад “аз бинӣ боло” бо ӯ ҳарф бизанад”. Ростӣ, на танҳо мо журналистон, балки 8 млн. тоҷикистонӣ ба ҳар иқдому дастур ва қарору фармони Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимод дошта, ҳамеша арҷгузор мебошем. Аммо суоли матраҳ он аст, ки ин афроди боваршуда, то чӣ андоза ба ин боварӣ содиқ мемонанду аз обу рӯ ва нуфузи ин шахсияти барҷаста ва маҳбуби мардум чӣ гуна суистифода менамоянд?
Гузашта аз ин ту, хонанда, хуб дар хотир дорӣ, ки маҳз нобоварӣ ба садоқати ин афроди “хиёнатзамир” ва суистифодаи онҳо аз муқаддасоти миллию нуфузу эътибори шахсиятҳо Роҳбари давлатро водор ба он мекард, ки ҳангоми таъинашон ба мансабҳо ҳатто ба муқаддастарин китоб-Қуръони карим, онҳоро қасам бидиҳад. Дар радифи ин парлумон ҳам қонуне ҷиҳати қасами садоқат хӯрдани “чиновник”-ҳоро низ ба тасвиб расонд. Аммо ҳаводиси бо ришва ба даст афтодани 1 тӯда мансабдорони “эшелони аввал” дар соли гузашта ва қарорҳои аз мансаб дур кардани иддае аз мақомдорони “камҳавсала”-ю “хиёнатзамир” дар маҷлиси охирини ҳукумат дар оғози имсол далели равшани он аст, ки мақоли бобоии дар боло оварда фармудааст.

Вазири “принсипнок” ва “шапка”-и ӯ
Дар аҳди Шӯравӣ қонуни нонавиштае буд, ки дар сохторҳои молия ва бонкдорӣ ба ҳич ваҷҳ афроди дар соҳаи тиҷорату савдо (манзур корчалон) фаъолият кардаро ба кор намегирифтанд. Зеро равоншиносии Шӯравӣ илман исбот карда буд, ки шахсиятҳои дар он соҳаҳо фаъолият карда, бо тақозои фаъолият хоҳ-нохоҳ дорои тафаккуру ҷаҳонбиние мебошанд, ки фаъолияти онҳо дар сохторҳои бевосита бо пулу дороӣ сарукордошта хатарзову пешгӯинашавандаанд. Ҳанӯз 4 сол муқаддам (29.11.2013) замони ба маснади Вазири молия нишастани Абдусалом Қурбониён (Қурбонов) хосу ом рӯшоду пинҳон ҳадс мезаданд, ки чи гуна 1 шахсияти аз соҳа бехабару саводи кофии иқтисодӣ надошта, болои ин бо собиқаи “оба лой куну моҳи гир” фаъолият намуда, метавонад масъулияти на ҳар иқтисоддон ҳавсала мекардаро ба зимма гирад. Авҷи ҳамин миш-мишу ҳадсзаниҳо буд, ки дар маҳфиле боз лаҷоми сухан ба сифоти вазирии ҷаноби Қурбониён гузашт. Ин вақт шахси таҳдону чандин сол бо Абдусалом-ака паҳлӯ ба паҳлӯ фаъолияткардае  ҳозиринро хомӯш карда, бо тамасхур нидо намуд: “Чӣ гуна вазоратро саришта мекарда бошадро-ку намедонам, аммо аниқ “шапка”-и вазир 60% ба 40% мешавад. Зеро Қурбонов (А.Қурбониён) ин принсипи оҳанинашро ҳич гоҳ ва дар ягон маснад вайрон намекунад...”. Сухани душман-дия, гуфта аҳамият надодем ба ӯ…



“Жадность фраера губит”
Тавре гуфтем, он замон ба суханҳои он “буродар” чандон эътимод накардаву онҳоро рашку ҳасад ва нотавонбиние тафсир намуда будем. Аммо ҳодисаҳои чанде пеш ба вуқуъ омада ва ҳангомаю гуфтугузорҳо гирди номи Қурбониён, баъди ба маҳкама кашида шудани муассиси ширкати “Умед-88” Раҷабалӣ Одинаев бо ҷурми напардохтани маблағҳои қарзӣ ва гӯё бо сабаби дар ин қазия даст доштани мӯҳтарам Қурбониён боиси аз вазифа сабукдӯш шудани ҷаноби вазир бошад, эътимод ба он гуфтаҳо қавитар гардид. Тасдиқи дурустию ҳақиқати ин далелҳо масъулияти мақомоти тафтишотию судӣ буда, ҳақиқат ҳам дар қарору ҳалномаҳои онҳо дарҷ мешаванд. Аммо “то табар омадан, кунда меосояд” гуфтагӣ барин, ҳолдонҳо ҳангомаеро бардоштаанд, ки шояд сабаби аз мансаб поин шудану ба гирдоби бало афтидани собиқ Вазири молия маҳз боло бурдани меъёри “шапка”-и 60 ба 40-и пешинаю вайрон кардани “принсипи оҳанинаш” бошад?! Боз кӣ медонад? Лек дар ин қазия факти сарсахтию якравии Раҷабалӣ Одинаев-муассис ва роҳбари ширкати нафтрасонии “Умед-88”-ро низ илова мекунанд, ки мавсуф ба ин “ноадолатӣ”-и Қурбониён эътироз карда, маҳз ба ин сабаб маблағи қарзро бозпас нагардонида бошад. Ҳароина ҳақ ба ҷониби бародарҳои рус аст, ки дар мақоли машҳури мазкур таъкид менамоянд. Ба Тоҷикӣ вариант ҳам дорад: Моли мумсик-насибаи бебок!!!

“Ғарию пешхезӣ”
Агар хато накунам ягона изҳороти расмии дар назди намояндагони ВАО ҳамчун Вазири молия дар 4 соли фаъолияткардаи Қурбониён ин гунаҳгор кардани раисони бонкҳо дар садамаи молиявии иқтисодиёти кишвар ва бӯҳрони дар соҳаи бонкдорӣ ба вуқуъомада буд. Маълум буд, ки вазири “журналистқимоб”-и ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ширкат намекарда, он замон яку якбора тамоми шикасту рехт ва масъулияти вазъияти бавуҷудомадаро саросемавор ба гардани бонкирҳо зада, ба ин васила худро “аз об соф баровардан” мехоҳад. Аммо тибқи далелҳои мавҷуда ва таҳлили мутахассисони соҳа, яке аз сабабҳои асосии ба бӯҳрон гирифтор шудани бонкҳои низомсози ҷумҳурӣ маҳз ба 1 идда қарору дастурҳои Вазорати молия, ки дар зери онҳо бевосита мӯҳтарам А.Қурбониён имзо гузоштааст, марбутанд. Масалан, тибқи мактуби расмӣ таҳти №4-6 аз 16.12.2013 ба тамоми сохторҳои вазорат дар ҳудуди ҷумҳурӣ буда, бо 1 дастури Қурбониён яку якбора ва дар мӯҳлати кӯтоҳ тамоми маблағҳои ташкилотҳои буҷетӣ, ки дар суратҳисобҳои ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва дигар ташкилотҳои қарзӣ қарор доштанд, ба тавозуни БДА ҶТ “Амонатбонк” гузаронида мешаванд. Ин амали дар назари аввал назарногир, зарбаи мудҳише ба пардохтпазирии соири бонкҳои низомсози кишвар шуд. Зеро бо интиқоли маблағҳо аз 1 тавозун ба тавозуни дигар суратҳисобҳои мухобиротии ин бонкҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ба якборагӣ холӣ ва ё дар сатҳи ками пардохтпазирӣ қарор гирифта, имконияти иҷрои ҳама гуна амалиёт ва хизматрасониҳо тадриҷан маҳдуд мешавад. Маҳз ҳамин “зарбаи миёншикан”-и собиқ вазири молия “сутунмуҳра”-и бузургтарин бонкҳои кишварро шикаста, боиси норизоию ҳангомаҳои мизоҷон ва оқибат ба шикасту садама дучор гардидани онҳо шуда буд.
Феълан, байни ҳолдонҳо баҳсест ва иддае чунин назар доранд, ки тасмими мазкур ба камсаводии вазиру нафаҳмидани соҳааш рабт дорад. Аммо зумраи дигари ҳолдонҳо ба ин боваранд, ки Қурбониёни “борондида” ин тасмимро дониста ва бо мақсади дар 1 “охур” (манзур Амонатбонк, ки сохтори зертобеъи Вазорати молия ва Вазири молия аст) ҷамъ овардани тамоми ташкилотҳои буҷетӣ ва иттифоқан ҷорӣ кардани “назорат”-у ҳамон “принсипи оҳанӣ”-и дар боло зикргашта, амалӣ кардааст. Ҳароина вақт довари бузург аст ва аз хок берун бошем хоҳем дид, ки ҳолдонҳои аввалӣ ҳақанд ва ё дуввумиҳо эътимоднок. Гӯшбақимор бошед, ки Мо метавонем!

(давом дорад)


Одинашо Муродов
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter