Принт

Вақте хеш аз Ватан болост…

Хиёнат ва Ҷиноят-7

Зи нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед!

(Ҳазрати Фирдавсӣ)

Чанде пеш бо бародари 1 хиёнаткори ватан, ки дар хориҷа табли хусумат мекӯбаду антиватаниву антимилливу анти Тоҷик аст, во хӯрдам. Чун сухан сари ун бародараш рафту гуфтам, воқеан ба миллат иснод меорад, гуфт:
-Ӯ бародари ман аст! Агар ҳазорон-ҳазор бор ба миллату давлату ватан хиёнат ҳам кунад, бародари ман мемонад!!!
Дуруст гуфт? Оре! Чун бародар дуруст гуфт. Аммо чун патриот чӣ? Боз дар ҳоле, ки рутбаи баланди ҳарбӣ дошт…
Дар Ленинград бо 2 паштуни покистонӣ дар 1 хона мезистам. Боре шоҳиди баҳси онҳо шудам, ки мегуфтанд: «Агар падарат низ сӯи ватанат шамшер кашид, дигар ӯ падар нест-душман аст!!!». Инро 2 паштуни бе савод мегуфтанд. Ва акнун андешаи он паштунҳоро бо ин афсари баландрутба дар 1 параллел гузор, хонандаи гиромӣ. Фарқиятро дидӣ? Наход хиёнаткор, агар фарзанди падарат ҳам бошад, болотар аз манфиати миллату ватан қарораш бидиҳӣ? Куҷост ғояи ватанпарастӣ, патриотизм, ҳуббулватан???
Дар даврони шӯравӣ, ки зикри хайрашро мо бисёр мекунем, чунин бебандубастӣ набуд. Ҳоло мегӯянд, ин ғоя бо таъсири сиёсати сахту шадиди Сталин эмбандӣ мешуд, ки фарзи мисол, дар 1 шаб тамомии аҳолии Чеченистонро барои «омодагӣ ба хиёнат» бадарға кард: Онҳо ҳоло ҷиноят содир накарда буданд, танҳо овоза буд, ки мехостанд Гитлерро бо аспи сафед пешвоз гиранд (воқеан ҳам мисли чанд буздили маҳалгарое, ки барои Абдумалик Абдуллоҷонов аспу зин омода карда буданд. Вале ин тамоман мавзуи дигар аст, ки сари он бармегардем! Мо Метавонем!!!).
Сталин сахтгир буд. Талаботи замона чунин буд. Ва агар чунин намекард, шояд СССР дар гоҳвора буғӣ мешуд. Ҳаргиз сталинист набудам. Вале факт факт аст. Ҳоло перомуни репрессияву қатли миллионҳо тан мегӯянду менависанд. Аммо ҳамакнун маълум мешавад, ки ағлаби ин рақамҳо дурӯғ будааст. Дар асл, бо амри Сталин беш аз 780.000 одам қатл шудааст. Ин ҳам дар кишваре, ки 280 млн. табаа дошт. Албатта кам нест. Аммо охир на 10 ё 20 млн, ки дурӯғ менавиштанд?! Бо ин ҳама ҷаҳон ва ҳатто душманони Сталин иқроранд, ки Виссарионич бо сиёсати сахту дурушташ мамлакат сохт. Ба гуфтаи Уинстон Черчилл «Русияро бо плуг гирифта, бо бомбаи атомӣ ба мерос гузошт!».
Зимнан, чун таърихнигорон дар бораи хиёнати Сталин ба ҷамоъаи ҷаҳонӣ менависанд, магар намебинанд, ки Амрикову Аврупо-гоҳвораҳои тамаддуни демокротӣ, дар қораи Арабу Африқо ва Афғонистон ҳамарӯза ҳазорон нафарро қатл месозанд??? Репрессияи Сталин бад буд, ё ин амали ишон, ки ҳоло сари қораи Осиёи Марказӣ низ нақшаҳои глобалии қатли омм кашида истодаанд?!
Дар кишвари мо, шукри Худо, сиёсати сталинӣ нест. Ин аст, ки додару акову укои хиёнаткорони ватан дар вазоифи масъули давлату ҳукумат ва мақомоти қудратӣ кору фаолият доранд. Аммо чаро бо инҳо ҳадди ақалл корҳои профилактикӣ намегузаронанд, то мисли ун фарде, ки зикри хайраш дар боло рафт, ақаллан ба хиёнати бародар қоил бошанду аз ҷинояткор пуштибонӣ накунанд?
Хамелеон-бӯқаламунанд ин тойифа. Зеро агар бародар мехоҳанд пас истеъфо раванд. Аммо агар карйераи давлатӣ мехоҳанд бояд ошкоро хиёнати бародари худро таъйид ва маҳкум созанд. Чунинҳо на ба давлат содиқанду на ба миллат. Ва мутаассуф, сафашон хеле зиёд аст.
Амали бародарони полковники хиёнаткор Гулмурод Ҳалимов, ки хеставу ба Афғонистон рафтанӣ буданду бо бародарашон пайвастанӣ, ҳоло пеши аъмоли ун афроде, ки дар дил муҳаббати бештар аз ватан ба 1 хиёнаткори хунӣ доранд, ҳеҷ аст. Унҳо ҷавонмардона рафтанд. Инҳо фурсат мепоянд…
Ҳар нафаре, ки хиёнат ба ватанро аз сӯи бародару падару бобову бибии худ таҳаммул менамояду фикр дорад, ки бародар-бародар асту иззаташ беш аз муҳаббат ба Ватан, хиёнаткор аст. Ва агар ин нафар низомист, қудратист, масъули ягон ниҳоди ҳукумат ва ё просто-напросто...шаҳрванди Тоҷикистон аст, ин амалаш аллакай ҷиноят аст. Зеро фаромӯш набояд кард, ки агар 1 хешат ба ватан хиёнат кардааст, пас дар таркиби ин ватан падару модар, додару бародар, апаву хоҳар, аммаву холаву амаку тағои ту низ ҳаст. Яъне ӯ ба тамомии авлод туф андохтааст. Ӯ рӯи мурдаи 77 пушти шумо, ки дар ин марзу бум хок шудаанд, пой кӯфтааст.
Ба фикри сирф фардии ман, чунин афрод (хешони пуштигирро дар назар дорам!) ҳуқуқи шаҳрванди ҶТ буданро надоранд. Худ 1 бор фикр кунед, ки агар чунин амал дар дилхоҳ давлати рушдкарда рух медод, бо хеши хуние, ки хиёнаткорро пуштибониву дастгирӣ мекунад, чӣ бархӯрде мешуд? Тасаввур кардед? То-та!
Фикр мекунам, сиёсати расмии мо низ дар муқобалаи чунин хиёнатандешон бояд ҳатман дигар шавад. Албатта сталинӣ не, аммо андаке ҷиддитар ва сахттар...
Мо метавонем!

Матлабҳои дигар