ХАБАРИ ДОҒ

Мулло: Аз дарс не, аз қиёмат фоида!

  • Панҷшанбе, Фев 22 2018


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ҳангоми дарс, ки мавзуъ «Пандҳо аз бузургон буд», шогирде дар авҷи нақли панд даст бардошта гуфт:
-Устодам ба ман гуфт, ки аз дарс ба ман фоида нест, аз қиёмат фоида!
Ҳайф бар ту барин муллои камсавод. Наход аз дарс фоида набошад. Мулло антирушди ҷомеа аст. О, мо омӯзгорон меомӯзонем, то ҷамъият манфиат бинад. Илм омӯхтан ибодат аст. Аз субҳ то шом таълим медиҳем, мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекунем, то пайи ту барин муллои чаласавод қадам нагузорад.
Ҳангоми дар роҳ қадам задан марде садди роҳам шуда гуфт:
-Бачам, ҳамин Носир чӣ маънӣ дорад?
Маънояшро шарҳ додам. Аммо боз пурсид, ки «Носири Хусраваш кист?» Таърихи ӯро ҳам гуфта додам. Баъд маънои Хусравро пурсид. Пас ба асли мақсад омада гуфт:
-Номи набераамро Хусрав гузоштам. Аммо мулло гуфт, ки ин номи кофирӣ аст…
Хуллас, агар хоҳед, ки бо муллоҳои арабпараст дастбагиребон шаведу бо факту аргумент мусаллаҳ, ҳатман мақолаи Сайёфи Мизроб-«Ном, Мурсал, Мелод»-ро гирифта хонед! Ана ҳамин мақола балогардони номгузории шумо хоҳад шуд. Агар бо ин ҳам қаноат накунед, «Ҷаллодони Бухоро»-и С.Айниро ёфта хонед…

Исматулло Собирӣ,
муаллими мактаби №13, н.Вахш

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter