Принт

Вақте Армия барои бойбаччаҳо нест...

Хиёнат ва ҷиноят-8

20.02.2018. Клуби футболи ЦСКА Маскав, яке аз номдортарин бошгоҳҳои русӣ сар аз ҳамин рӯз сарпарасти ғоявии ҳаракати “ЮнАрмия” (Артиши ҷавон)-и ФР эълон гардид. Чеҳраҳои тобони санъату варзишии ин кишвар, ба мисли Никита Михалков (коргардони маъруфи кино), Вячеслав Фетисов (капитани дастаи хоккейи СССР) ва Игор Акинфеев (капитани дастаи футболи ЦСКА) лицо-чеҳраи “ЮнАрмия” муаррифӣ шуданд.
ЮнАрмия чист ва онро бо чӣ мехӯранд?
“Армияи ҷавон” ташкилотест, ки наврасу кӯдакони аз 8 то 18-соларо дар рӯҳияи патриотизм, ҷангозмоӣ, набардсозӣ, қатлу куштори душмани эҳтимолӣ омода месозад. Таври маълум, имрӯз ҷаҳон зидди Русия бархестааст, зимнан русҳои “гурги борондида” сар аз соли 2016 ин ташкилотро созмон додаву ба ҷанги эҳтимолӣ бо НАТО ва муттафиқинаш омодагӣ мегиранд. То имрӯз дар 85 вилояти ин кишвар беш аз 190.000 кӯдак дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор доранд. Офаринашон! Метавонанд!!!
А, дар мо чӣ?
Дар мо то ҳанӯз 1 вазирбачча, 1 ҷияни раис, 1 фарзанди мансабдоре ба Армия намеравад. Ва боз мо бовар дорем, ки патриотем. Бо суруду тарона на-ме-ша-вад (боз дар ҳоле, ки тибқи талаботи мӯд кал ҳам аз патриотизм мегӯяду кару ғару шал ҳам!). Амалан исбот кунед, ки Армия танҳо барои камбағалон нест. “Армияи камбағалон” тамғаи сиёҳест, ки то рӯзе ҳама ҷавонони аз 18-сола боло ба Армия нараванд, аз бадани Артиши мо шуста намегардад!!! Кайҳо фурсате расидааст, ки ба мансабҳои давлатӣ, хусусан, баъди Соли ҷавонон ва раванди тозаи сиёсии ҷавонсозии ҳукумат, танҳо баъди хидмат дар Армияи Тоҷикистон насли нав роҳ бубарад. Зеро насле, ки 1 шаби бехобии пос дар Артиш накашидаву 1 бор кашаи низомиро начашидааст, ҳич гоҳ патриот буда наметавонад. Ҳоло 1 сирро мегӯям, ки сахт “махфист”, яъне гӯё касе намедонад, дар ҳоле, ки ҳама воқифанд: Агар дар даврони шӯравӣ ба ҷавонони Армия нарафта духтар намедоданд, пас ҳоло аз собиқ сарбозон ҳазар доранд. Зеро дар тафаккури касали мо “касе хизмат кардааст, пас бе пушту паноҳу камбағалу мариз метобад”. Чунин нест, мегӯед? Ещё как ҳаст!!!
Дар тӯли таърих Лашкар, Артиш, Армия мояи фахр барои элитаи кишварҳо буд. Фарзи мисол, агар 100 бор ту Рустами Дастон мебудиву шоҳзода, ашрофзода, бойбачча на, туро ба Лашкар роҳ намедоданд. Шояд роҳ медоданд, аммо мисли Санчо Панчои маъруф силаҳвардори Дон Кихот мебудиву бас.
Ва акнун дар бораи Рустам.
Агар касе надонад, мегӯям, Рустам шоҳзода буд ва худаш ҳам Шоҳ. Сӯҳроби писараш низ шоҳзода буд ва модараш духтари подшоҳ. Сиёвуши ҷавонмарг, ки то ҳанӯз мо роҷеъ ба тақдири бадаш менолем, яккаписари Императори Эрон буд ва домоди Шоҳи Тӯрон!!! Исфандиёру Искандару Бежан...низ ҳама шоҳзода буданду дар сафи аввал меҷангиданд! Спитамене, ки бо ӯ ифтихор дорем, низ Шоҳ буд. Катан ҳам подшоҳ буд, ки паҳлӯи ӯ бо Искандар-шоҳзодаи дигар меҷангид. Шоҳзодае, ки барои ҳифзи марзу бумаш ба истиқболи марг намерафт, бешараф мешуд. Шарафро шоҳзодаҳои мо бар марг тарҷеҳ медоданд. Аммо имрӯз 1 бойбачча аз элита дар тӯли 25 соли мавҷудияти Армияи Тоҷикистон (23.02.2003) хизмат нарафтааст. Инро чӣ хел фаҳмем? Шояд демократия? На! Зеро дар Аврупои демократӣ низ вазъ чунин буд, ҳаст ва мемонад. Тамомии мушкетдорони Шоҳи Фаронса ашрофзода буданд. Д’Артаняне, ки бо дӯстонаш-Атосу Партосу Арамис маҳбуби қалби мо шудаанд, ҷумлагӣ ашрофзодаанд. Дар Англия танҳову танҳо лорду пэрҳо меҷангиданд. Гусарҳои Русия куллан графу дворян буданд. Шоҳи Англия-Ричарди Шердил дар қораи Араб бо шоҳзодаи Байтулмуқаддас-Салоҳиддин 1х1 баромадаву шикаст хӯрдаву асир шуд. Гап миёни худамон Солеҳ Тоҷик буд!
Ҳоло ҳам шоҳзодаҳои Англия меҷанганд. Шоҳзода Ҳенрӣ (Henry Charles Albert David Mountbatten-Windsor) писари малика Дианаи раҳматӣ ва Чарлзи Уэлсӣ то чанде қабл дар сафи қувваҳои мусаллаҳи зудамали Бритониё дар ҳайъати НАТО дар Афғонистон меҷангид. Ӯро касе маҷбур набурда буд. Худаш рафт! Шумо метавонед ӯро қотилу ғосиб хонед. Аммо инро садоқат ба Ватан, ба Англия, ба Тахт мегӯянд. Садоқат қурбонӣ мехоҳад, на урраа-патриотизми хушку холӣ.
Дур намеравем. Дар даврони СССР писарони Сталин-“бузургтарин диктатор”-и ҳама давру замонҳо (иддаои чанд неотаърихшинос) дар сафи пеш бо Гитлер меҷангиданд. Ва замоне, немисҳо хостанд писари асири Сталинро бо фелд-маршали хеш иваз кунанд, Сталин гуфт:
-Ман солдатро бо генерал иваз намекунам!
Набуди таблиғу ташвиқи патриотизм буд, ки Ҳайдар Қосимов-қаҳрамони Иттифоқи советиро чанд бузришаке, дар минтақаи Қӯрғонтеппа кушт. Ин хиёнати полуда бар ҷиноят аз куҷо маншаъ мегирад? Аз тарбияти нодурусти антипатриотии миллат! То ин рӯз дилхоҳ қафқозӣ дилхоҳ иштирокчии ҷангро дид, кору борашро сӯе гузошта, мошини қаҳрамонро таъмир кардаву худашро ба ресторан даъват мекунад. Мо қаҳрамони охирини зиндаеро, ки Гитлер куштан натавонист..., куштем. Ба хотири 1 мошинча...Ва бидуни газетаи СССР дар ин бора 1 кас 1 ҳарф назад. Мо Метавонем!
Рӯзи Армияи Тоҷик муборак!!!

Матлабҳои дигар