ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Пуштибони маъюбон кист?

  • Панҷшанбе, Март 01 2018


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман дар ҳамин хоҷагии кишоварзӣ 23-24 сол кор карда, маъюб шудам. То ҳол аз тарафи ҷамоати деҳот ягон ёрию дастгирӣ надидаам. Соли 2012 саробони ман-писарамро аскарӣ бурданд. Лиҳозо, бо сабаби кам будани нафақа ба назди раиси ноҳия рафта арз кардам, ки ба ман 1-2 сотих замин, барои сохтани мағоза иҷозат диҳад. Аммо раиси ҷамоат супориши раиси ноҳияро иҷро накард ва ба ман замин надод. Заминеро, ки ба ман бояд медоданд, раиси ҷамоат барои фарзандонаш иҳота карда гирифта, дар он хона андохта, ҳатто роҳро низ танг кардан гирифт. Ғайр аз ин, заминҳои наздиҳавлигӣ, 10-15 га замини хоҷагии деҳқониро бо 100 га чарогоҳ ба номи фарзандонаш гузаронидааст. 7 писар дорад ва аз ин ягонтоаш дар Артиши Миллӣ хизмат накардаанд. Соли 2016 назди раиси навтаъиншудаи ноҳия-Миралӣ Раҷабзода даромадам, мутаассифона, ягон ёрӣ надод. Раиси ҷамоати Мискинобод бо писараш Шоев Абдулҳамид заминҳоро худсарона барои хешу табор ва фарзандонаш тақсим мекунад ва парвои мо-маъюбонро надорад.

Ҳомид Рабиев,
деҳаи Фатҳобод, н.Файзобод, тел: 93 930 68 38, 93 732 58 23

Китобҳо

Flag Counter