ХАБАРИ ДОҒ

500 доллар нархи таъмири дандон!

  • Панҷшанбе, Март 01 2018


Салом СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Вақте дирӯз 1 дандони ман худ аз худ афтиду пеши стоматолог-пизишки дандон рафтам, нархномаи умумии кору заҳмат ва масрафоти дандонро шунида, қариб буд, дандонҳои дигарам меафтиданд. Бовар мекунед, 4700 сомонӣ (500 доллари амрикоӣ!!!) барои «таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ»-и дандонҳо лозим будааст. Дар замони шӯравӣ ҳам доруву дармони дандон арзон буд ва ҳам агар имтиёз медоштед, шифои ройгон кафолат дошт!!! Имрӯз акнун 1 деҳқони одии пахтакору пиллапарвар аз куҷо пул дорад, ки дандонҳояшро табобат кунад? Ӯ, ки ҳамагӣ 200-300 сомонӣ нафақа мегирад, онро ба куҷо сарф кунад: Шикам, ё дандон?

Зебо Салимова,
ш.Душанбе, маҳаллаи 102

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter