ХАБАРИ ДОҒ

Ботин пок бошад, сатр лозим нест

  • Панҷшанбе, Март 01 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, Зайниддин Комилов, аз ноҳияи Бохтар ба СССР занг задаву гуфт, озодиҳои диние, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳаст, шояд дар ягон кишвари исломии дунё набошад. Танзими расму оинҳоеро, ки Ҳукумати мо ташкил кард, аз Қуръон гирифта шудааст ва 100% ба манфиати мост. Чунки дар Қуръон барпо кардани маъракаи 7-у 20-у 40 аслан нест. Дар Қуръон иҷрои садақа ҳаст, аммо ҳисоб карда, хароҷот кардан, нест-ку? Кӣ имрӯз бо гуфтаи Қуръон амал мекунад? Танзимро пеш аз президент бояд рӯҳониёни мо ташкил мекарданд, агар идрок медоштанд. Сатрпӯшии мо ҳам дурӯғ аст, зеро бояд ботинро ҳифз кард, на зоҳирро. Ботин пок бошад, сатр чӣ лозим?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter