ХАБАРИ ДОҒ

Андози мо ба карат зиёд аст

  • Панҷшанбе, Март 01 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, Назира Ибодуллоева, соҳибкор аз бозори Корвони пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ки имрӯз ҳар касе Кодекси нави андозро варақ мезанад, мақоли мардумӣ ба ёдаш меояд: «Аз ин киса гирифтану ба он киса задан!». Ҳоло дар мо навъи андозҳоро кам, вале меъёрашонро зиёд кардаанд. Бояд гуфт, ки ААИ-намуди андозест, ки аҳолӣ месупорад. Чунин навъи андоз дар қиёс бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар кишвари мо хело болост. Дар шароити иқтисоди бозорӣ худи мақсади давлат ин дастгирии соҳибкорон буда, мехоҳад ба ин роҳ пояи иқтисодро таҳким бахшад. Ба фикри ман имрӯз нигаронии ҳукумат дар хусуси паст кардани меъёри андозҳо дар он аст, ки дар ин ҳолат қисми даромади буҷаи давлат кам ва қисми хaроҷот зиёд шуда, касри буҷа ба миён меояд… Ин назари ман аст. Дигарон чӣ фикр доранд?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter