Принт

Кӯдак таҳти ҳимояи махсуси давлат аст


Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо арзи сипос аз ҳафтаномаи «СССР» барои нашри саволу дархости хонандагон ба пурсиши сокини ш.Душанбе Зулфия Саидова (СССР, №51, 21.12.2017) таҳти унвони «Кӯдакони ноболиғ чӣ ҳуқуқ доранд?» чунин посух мегӯяд: 1.Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, моддаи 34-и Сарқонуни ҶТ чунин муқаррар шудааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд». Инчунин Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18.03.2015, №1196, ҳуқуқҳои кӯдаконро ба таври комил муайян кардааст. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои кӯдакони ятим, маъюб, бепарастор, намояндагони қонунии кӯдакон, модару падари онҳо, хешовандони наздик, сарпарастони расмӣ ва дигар масоили марбут ба зиндагии атфолро муқаррар мекунад. 2.Вобаста ба ҳолати модари 2 фарзанд, ки аз ҳамсари бемораш ҷудо шудааст: агар суд шавҳари занро ғайриқобили амал эълон намуда бошад, дар ин маврид тарбияи минбаъдаи фарзандон ба уҳдаи зан-модар буда, тибқи сархати 4-уми моддаи 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» кӯдакони зани мазкур ба категорияи кӯдакони бесарпараст дохил намешаванд. Чунки онҳо дар саробонии модарашон қарор доранд. 3.Вобаста ба муроҷиати зан. Агар зан-модари танҳо аз норасоиҳои иҷтимоӣ дар таъмини фарзандон ҷиҳати фарогирӣ ба таълим, тарбия ва табобати онҳо танқисӣ кашад, тибқи моддаи 10-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» метавонад ҷиҳати дастрас кардани имтиёзҳои давлатӣ ба таври расмӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷои истиқомат ва комиссияҳои ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиат намояд.

Абдуқодиров Қ.Ҷ.
мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи МН МО ҶТ

Матлабҳои дигар