ХАБАРИ ДОҒ

Нархи роҳкиро мардумро нигарон кард…

  • Чоршанбе, Март 07 2018

Тағйирот дар нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, аз 19.02.2018 боиси сар задани нофаҳмиҳо байни мусофирон ва ронандагони автобусу микроавтобусҳои хатсайрҳои ш.Душанбе гашт. Аз ин лиҳоз, шаҳрдорӣ тасмим гирифт боз 1 маротибаи дигар тарифҳои хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро дида баромада, иҷрои қарори мазкурро то 1.03.2018 мавқуф гузорад.
Тағйирот дар тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр аз 20.02.2018 сурат гирифта, тибқи он нархи роҳкиро дар троллейбус барои 1 нафар 1 сомонӣ муқаррар шуд. То ин дам ин нарх 70 дирам буд, аммо мусофирон дар аксар вақт 1 сомонӣ дода, бақияи худро намегирифтанд. Ин кайҳо одат шуда буд!
Нархи роҳкиро барои 1 нафар дар автобус 1.20 дирам муайян шуд, вале то ҷое огоҳ ҳастам, қаблан низ ин нарх ба таври расмӣ чунин буд, аммо мусофирон ва кондукторҳо аз баҳри 20 дирам баромада, роҳкироро 1 сомонӣ ҳисоб мекарданд.
Аз ҳама бештар нофаҳмиҳо дар тарофаҳои нави микроавтобусҳо, ки минбаъд 1.60 дирам муайян шуд, пеш омад. Солҳост, ки мусофирон то нисфи роҳ 1 сомонӣ ва то охири хатсайр 2 сомонӣ мепардохтанд, ҳол он, ки нархи расмӣ 80 дирам ва 1.60 дирам буд. Ҳамакнун, нархи роҳкиро дар микроавтобусҳо 1.60 дирам шуд ва мусофирон новобаста, ки 1 истгоҳ мераванд ё 10, бояд ҳамин маблағро пардозанд.
Роҳкирои микроавтобусҳои хатсайрҳои наздишаҳрӣ, аз ҷумла, хатсайрҳои №№30, 39, 41 ду сомонӣ муайян шуд. Ин ҷо низ мардум эътироз намуд, зеро нархи роҳкиро дар хатсайри №30, ки аз Гулбутта то Маркази нақлиёт-Автосентр ҳаракат мекунад ва ин масир ҳамагӣ аз 2-3 км иборат аст, 2 сомонӣ гардид, ки барои ин фосила хеле зиёд аст. Мусофирони хатсайрҳои дигари наздишаҳрӣ амсоли №№39 ва 41 кайҳост, ба нархи 1 сомонӣ то нисфи роҳ ва 2 сомонӣ то охири хатсайр одат карда буданд. Ронандагону кондукторҳо ва роҳбарони бархе аз ширкатҳои нақлиётӣ аз ин қарор хурсанданд, охир чаро шод нашаванд, вақте хатсайрҳои ба қавле 1-сомона, амсоли №№13 ва 15 1,60 сомонӣ шуданд?!
Нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, ки бори охир соли 2011 тағийр ёфта буд, дар ҳақиқат ба тағирот ниёз дошт. Сол аз сол қимат шудани нархи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ худ бозгӯи он буданд, ки нархи роҳкиро бояд боло равад. Новобаста аз 80 дираму 1,60 сомонӣ будани роҳкиро мусофирон ба 1-2 сомонӣ пардохтан одат карда буданду касе бақия ҳам намепурсид. Хуб мешуд, агар ҳамин «тарифҳои мардумӣ» тасдиқ мегардид. Аммо масъулони соҳаи нақлиёти кишвар бо эълони қарори мазкур дар бораи тарофаҳои нави роҳкиро, дурустараш «корректировка»-и он имрӯз мусофири пойтахтро саргаранг кардаанд! Новобаста аз он, ки қарори мазкур бояд то 1.03.2018 дубора баррасӣ гардад, ронанда барои 1 истогоҳ 1,60 сомонӣ мечинаду эътирози мусофирон ба фалак мепечад! Айни замон хатсайре нест, ки дар он барои нархи нави роҳкиро байни мардум ва ронандагон ҷангу даъво нахезад!
Аз реформаҳои раиси ҷавон-Рустами Эмомалӣ, ки алакай раиси мардумӣ гаштааст, аз иқдомҳои созандаи вай, сокинони на танҳо пойтахт, балки кулли мамлакат шоданд. Раиси ҷавон воқеан бо иқдомҳои ғайричашмдошти хеш тавонист симои Душанберо тағйир дода, қолабҳои шахшударо бишканад. Зимнан мардум умед дорад, ки баъди 1 март, шаҳрдорӣ қарори фавқро ҳатман бозбинӣ хоҳад кард. Мардум бовар дорад, ки Рустами Эмомалӣ ба додашон хоҳад расид. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter