ХАБАРИ ДОҒ

Хиёнат ва Ҷиноят-8

Мазҳаби мо сареҳатан мегӯяд, ки аз паси эмоми камхирад, тирасавод ва бедониш ҳатто намозхонӣ савоб нест, чӣ расад ӯро пешво хондану аз пасаш зиндагониро қурбон кардан!!! Мо бошем аз пушти чанд бехирад то қатли ҳамдигарӣ рафтаву рафтаниему боз хоҳем рафт…
Яке аз пешвоҳои расмии салафияву ваҳҳобия, дар Саъудӣ соли пор иброз дошт (тавваҷҷӯҳ кун, хонанда, на 100 ё 200 сол пеш!), ки «ҳар нафаре гӯяд Замин курашакл аст, кофир мешавад!». Бар тибқи гипотезаи ин Спинозаи салафӣ «Замин тахташакл будаву дар рӯи 4 гову 1 моҳии бузург мавқеъ дорад!»… Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз Абурайҳони Берунӣ ва Синои Тоҷик 1000 сол пеш мушаххасан муайян карда буданд, ки Замин курашакл асту гирди меҳвари худ дар 24 соат 1 бор ва атрофи Офтоб-ситораи наздиктарин дар 365 рӯз боре давр мезанад. Бинед, аз насли кӣ будему пайгири ким шудае(м)д. Марг бар мо, ки Албониро аз Сино бузургтар мехонему аз падару модар наздиктар ва бо 1 амри «фас» ин аврупоӣ (оре, ӯ аз Албания аст!) худро мисли Тӯйчӣ Эрҷигитови аштӣ, ки дар ҶБВ карда буд, то бобову бибии Медведевро немисҳо асир набаранд, ба ДОТу ДЗОТҳои душмани эҳтимолӣ меафганем…Куҷо равонаем?
Эшони Нуриддин чанд солаке қабл (ҳоло низ андешааш дигар нашудааст, зеро тафаккур ҳамон асту дониш низ) дар 1 мавъизаи одамгирёнакаш мегуфт, ки «Бубинед, Худои таоло аз 1 қатра оби ҳароми манӣ чӣ қадар булбулу кабутарҳои зебо меофарад…» (тақрибан чунин мегуфт!). Эшон намедонаду намедонист (зеро аз илми муосир фарсахҳо дур аст!), ки зоти булбулу кабутар ва дар ҷамъ паррандаҳо умуман асбоби таносул надоранд, тем более, оби маниву нутфа!!! Вале ҳазорон-ҳазор Тоҷики бечора ин мавъизаро шунида, ҳой-ҳой мегиристанду мегирянд. Китоб нахонед, майлаш, вале ақаллан 1 бор ба ҳамон «табака» ва ё «грил», ки ҳамарӯз истеъмол мекунед, назар андозед, ягон асбоби фарқкунандаи ҷинсӣ миёни мурғу хурӯс мебинед??? Куҷо равонаем, эй мардум!!!
Мулло Ҳайдар, ки хеле иззаташ мегузорам (ба вежа, баъди оне, ки нахустин шуда аз хатари салафия дар оғози солҳои 1990 мардумро огаҳ кардаву зидди қувваҳои аҳримании ба ном исломӣ қиём таъсис дода буд), соле пештарак телевизорашро гирифта партофт ва дар намозе ТВ-ро манбаъи фисқу фуҷуру фаҳшову дигару дигар номид. Дар асре, ки хабару иттилоот дар 1 сония оламро фарогир мепечанд, муллову пешвои бузургтарин вилояти мо, ки зотан ин мавзеъро такягоҳи давлати дунявӣ мехонанд, аз ТВ рӯ гардонид. Куҷо равонаем???
Садҳо, ҳазорон мисол метавон овард, ки аз бидъату куфри домуллоҳои нохонда гувоҳӣ медиҳанд. Аммо вазъ ҳамарӯза батар мешаваду беҳтар не. Зеро мо алтернативаи онҳоро то ҳанӯз наёфтаем!!!
Саймурод-дӯсти гиромиям, боре қисса кард, ки чанд нафар Тоҷикони Қубодиён баъди аз сар гузаронидани 1 қиссаи риққатбори хандабарангез, ахиран аз эъмори масҷид (аксарият сарватмандони мо хайри ҷория гуфта, танҳо масҷид месозанду микрофонро ба дасти 3 муллои адамуттафаккур медиҳанд) даст кашида, мактаби русӣ сохтаанд. Он қисса ин аст:
-1 нафар дар Русия мемирад. Ӯро морг мебаранд. Руси масте баромада ба ин Тоҷикон мегӯяд, «его кремировать?». Инҳо фикр мекунанд, сару рӯяшро мехоҳад крем молад, то ҷароҳаташ натобад. Ҳадаҳа мегӯянд, «да, да, хороший крем сделай» ва боз 1000 рубли дигар медиҳанд. Пагоҳ чун барои тобут меоянд, он рус ба онҳо 1 бонка хокистар медиҳад. Баъди чандин рӯзи саргардонӣ мефаҳманд, ки Крема́ция (аз лотинии cremare «сӯхтан, хокистар кардан») аз крем фарқи осмоние доштааст… Зимнан, ба хотири рӯҳи ҳамон бечораи бо иллати аблаҳии инҳо хокистаргардида, тасмим мегиранд, дар ноҳияашон Мактабе таъсис диҳанду кӯдакону наврасон забони русӣ ва илми муосир бимӯзанд…
Воқеан ҳам аксарияти аудиторияи муллоҳои мо дар Русия ҳоли баде доранду бедонишиву бесаводии онҳо Миллати Шарифи Тоҷик-насли Синову Беруниро хандахариши мардуми бумӣ ва Ровшану Джумшути ТНТ кардааст. Борҳо гуфтаву боз мегӯям, инҳоро умуман ба Русия набояд роҳ дод. Русия чӣ, ки нагузоред Ӯзбакистону Қирғизистон раванд. Сар кафад таки тоқӣ. Аввал илм омӯзанд, сипас ҳунар в-он гаҳе забон ва баъдан аз фурудгоҳ бадарашон кунед...
Онҳое, ки ба горе-муллоҳои мову мавъизаи булаҷаб ва бехирадонаашон бовар доранд, сафашон садҳо ҳазор асту дар Русия гастарбайтеранд. Аммо 1 Даниел Рустамов, ки забону фарҳангу илми мусиқа омӯхтааст, дар ТНТ доди сухан додаву Тоҷикро чун насли асилзодаи Синову Берунӣ муаррифӣ мекунад!!! Пас, кӣ ҳақ асту ким ботил, хонанда худ қазоват кунад.
Мо танҳо афзуданием, ки беақлӣ ва кӯр-кӯрона аз паси касе рафтанҳо ҷавобгариро назди қонун, мазҳаб ва миллат коҳиш намедиҳад. Зеро агар донишманд гуноҳ кард, метавон ӯро ба хотири илмаш 1 бор бахшид, вале чун аблаҳ онро содир кард-ҳам хиёнат ва ҳам ҷиноят аст!!! Зеро кӯзпуштро гӯр рост мекунад…агар карда тавонад!
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter