ХАБАРИ ДОҒ

Ман, ростӣ, то ҳанӯз нашнидаам, ки Тоҷике Очаашро МОДАР гӯяд. Албатта, дар суханронии расмӣ, баромадҳо, тантанаҳо ин Олиҳа ҳатман МОДАР аст, вале чун меғалтем, дард мегирем, хурсанд мешавем, шодӣ мекунем ва ё тобуташро бардоштем... ОЧАааааҶооооон мегӯем. Пас ОЧА ба мо наздиктар асту қаринтару маҳбубтар. Зимнан, ОЧА рӯзат муборак...
Ман ОЧАҳои замонасозро хуш надорам. Зеро ОЧАи ман воқеан ҳам ОЧАи аслӣ, ОЧАи кӯҳистонӣ ва ОЧАи сахтгир буд. Дурӯягиро аслан қабул надошт ва моро низ дар ҳамин рӯҳия тарбият мекард...
12 сола будам. Ва чун кӯлобии асил (любой кӯлобӣ ҳунари навозандагӣ дорад!), рӯзе аккордион навохтаву баланд суруд мехондам, ки дари ҳуҷра кушода шуду ОЧАам даромада гуфт:
“Бачам суруд мехонӣ?”. Гуфтам, “Ҳова ОЧА, суруд мехонам...”. Очаам бе истиҳола гуфт: “Дигар нахон, бачам!”...
Сахт гуфт, аммо баҷо гуфт. Ман, ки пурхон будам, масали Зоғу Булбулро медонистам, ки Зоғ мегуфт “Эй булбул, даме даматро гир, то бачаи ман қар-қар кунаду ман кайф”. Ба дил гуфтам, агар садоям ба ОЧАам писанд нест, пас ба дигарон ҳич писанд н-ояд ва аз ҳамон рӯз тарки сарояндагӣ кардам ва хуб ҳам кардам. Зеро тамомии талошамро сӯи дигар нигаронидам ва дар дигар ҷода муваффақ шудам. Агар сароянда мешудам, ҷое намерасидам...
ОЧАи ростгӯям, Рӯзат муборак!

Рӯзи гулдухтарон муборак!
Синфи 5 мехондам, ки ба гулдухтаре ошиқ шудам. Моҳпарӣ ном дошту аз деҳаи Лангари Муъминобод буд. Воқен ҳам МОҲ ва ҳам ПАРӢ буд. Онгуна зебо буд, ки бо диданаш нафас дар гулӯям мегирифт. Аз омаданаш шабҳо ашки шодӣ мерехтаму аз рафтанаш рӯзҳо ашки надомат...Ӯ, ки аз шаҳри мо набуд, дар таътилҳо ба аёдати хешонаш меомад. Оҳҳҳ, ман чӣ қадар ТАЪТИЛро дӯст медоштам, зеро Ӯ ин ҳин бо ман буд...
Ба ҳама ГУЛДУХТАРОН ин рӯз муборак!!!

Рӯзи БОНУВОН муборак!
Аз Армия омадаву ба доми ишқи 1 духтари дарвозӣ уфтодам. Бо 1 назар ошиқ шудем (Оре, мо низ йигити бад набудему он солҳо ба мо низ дил мебастанд). Даврони студентиро барои ӯ дӯст дорам, зеро аслу гавҳараш ӯ буд...
Ба Ленинград рафтаму бо дидани зебосанамҳои Питер ҳуш аз сару қарор аз дилам рафт. Ба ҳар яки онҳо ошиқ будам. Булҳавас не, маҳз ошиқ! Ва ман дарк кардам, ки чаро дар Шариат ба 1 мард 4 зан равост. Зеро мард метавонад воқеан ҳам 2 занро дӯст дорад ва агар 2 танро метавон дар 1 дил ҷо кард, пас 4 бонуро низ метавон дӯст дошт. Ин ҷо бо ман баҳс накунед. Худо инро хоста. Аммо дӯстдорӣ ҳатман ба маънои ҳамбистариву ҳамхобагӣ нест...
Худо шуморо, БОНУВОНи АЗИЗ ва ЛАЗИЗ, тавре офарида, ки дӯст надоштани ҳар яки шумо гуноҳ аст, ҷурм аст, ҷиноят аст.
Зимнан, МО-МАРДОНи асил Ҳамаи шумо-БОНУВОНро дӯст медорем.
Ба ҳама БОНУВОНИ ОЛАМ 8 март муборак!!!
Мо Метавонем!

Бо дуову дуруд,
Сайёфи Мизроб
Сардабири газетаи мардумии СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter