ХАБАРИ ДОҒ


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман аз номи дугонаҳоям оид ба 2-занагӣ 1 андешаи инфиродӣ дорам: Мо-гурӯҳи занони душанбегӣ феълан аҳволи модарони бо 2-3 кӯдак бешавҳарро дида, ба хулосае расидем, ки бояд масъулини дахлдор зери қонуни 2-занагӣ имзо гузоранд. Зеро, бовар кунед, бе ин намешавад. Ҳоло сафи занҳои 19, 20 ва 22-солаи аз шӯ ҷудошудаю хонавайрон торафт зиёд шудан дорад. Онҳоро дар ин ҷомеаи мо ягон марди безану ҷавон ҳаргиз намегирад! Ва маҷбур ба мардони хориҷӣ (афғон, эронӣ, чинӣ, қирғизу қазоқ, рус…) зани 2-у 3 шудан доранд, ки ҳама шоҳиди вазъиятем! Магар ин ба шаъну шарафи миллии мо зебанда аст? Дар Тоҷикистон мардоне ҳастанд, ки шароити хуб доранду зани 2-ро ӯҳда карда метавонанд! Яъне дар ин қонун ба мардоне иҷозати зани 2-ум гирифтан дода шавад, ки шароиту имконияти молӣ дошта бошанд. Ҳоло аксари мардон аз тарси қонун дигар ҷуръати зани 2-ум гирифтан надоранд, ки ин 100% бар зарари худи ҷамъияти мост. 1 фикр кунед: Агар қонуни дузанагӣ барояд барои мо чӣ зарар дорад? Чун дар сурати қонунӣ шудан фарзандони бепадари онҳо беназорату бетарбият нахоҳад монд. Хоҳиш мекунем, ин нуқтаи назари моро ҷиддӣ ва самимӣ қабул кунед!!!

Муҳаббат Бобоева,
ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter