ХАБАРИ ДОҒ


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Мастчоҳ матлаби Ҷумъабой Наврӯзов-«Азиззода ба мани маъюб кӯмак мекунад?» (СССР, №3(488), 18.01.2018)-ро мавриди омӯзиш қарор дод. Бояд гуфт, ки Наврӯзов оид ба кам будани нафақа ва таъмин шудан бо хонаи истиқоматӣ аз раиси ноҳия, муҳтарам Азиззода Ғайрат ёрӣ хостааст. Омӯзиши масъалаи таъйини нафақа нишон дод, ки ба ӯ тибқи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», тибқи аризааш аз 17.04.2015, №149 нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол дар ҳаҷми 60 %-и андозаи нафақаи заминавӣ (130 сомонӣ) ба маблағи 78 сомонӣ нафақа муқаррар карда шудааст. Ҳамзамон дар асоси Фармони Президенти ҶТ аз 6.07.2016, таҳти №97 андозаи нафақаи Наврӯзов мавриди бозҳисобӣ қарор дода шуда, ба маблағи 15,60 сомонӣ зиёд ва дар маҷмӯъ ба андозаи 93 сомонӣ баробар карда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинобар дар ҳудуди ноҳия бо сабаби хусусӣ шудани хонаҳои истиқоматии давлатӣ ва дар буҷети маҳаллӣ пешбинӣ нашудани маблағҳо ҷиҳати бунёди манзил имкони бо хонаи истиқоматӣ таъмин намудани ӯро надошта, барои додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар маҳаллаи «Ваҳдатобод» дастгирӣ менамояд.

Ҳасанов Т.Ш.
муовини Раиси ноҳия

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter