ХАБАРИ ДОҒ

Генпрокурор: Файзалиро Сангак кушт!

  • Шанбе, Март 17 2018


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Тавре ёд дорем, чанд шумора пештар дар газетаи СССР муфаттиши собиқадори ВКД ва прокуратура Комрони Далер аз шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба қатлу куштори бобои Сангак Сафарову «писархондаш» Файзалӣ Саидов дар соли 1993 ба тафсил гуфта буд. Ин бародар дар охири матлаб бо ишора ба Бобоҷон Бобохонов-собиқ Генпрокурори ҶТ навишт, ки маҳз ӯ прокурори вилоят буду тамоми делоҳо дар дасташ ва қатли ин 2 лидери Фронти халқиро ӯ хуб медонад. Ин гапро ба он хотир гуфтам, ки кишвар он шабу рӯз дар дасти ҳамин Файзаливу файзалибаринҳо буд. Он вақт ҳама аз тарс дурӯғ мегуфт. Дар ТВ ҳатто мегуфтанд, «Файзалиҷон бисёр баччаи хуб аст, ба касе кор надорад». Ин дар ҳоле, ки Файзалиҷон дар даромадгоҳи ш.Қӯрғонтеппа автобусҳои пуродамро боздошта, қатли ом мегузаронд. Ин фармондеҳон бо шумули дигар қумандонҳои ҳар 2 ҷониб, ҳар киро мехостанд, мекуштанд, лату кӯб месохтанд, таҷовуз менамуданд...
Акнун сари мақсад меоям. Аз навиштаҳои матбуоти даврӣ маълумам шуд, ки дар таърихи 13.10.2008 Бобоҷон Бобохонов дар 1 пресс-конфронс, дар ҳузури даҳҳо хабарнигор, дар иртибот ба қазияи куштори Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов гуфта буд, ки «Файзалӣ бо дастони Сангак кушта шудааст!». Ин дар ҳолест, ки то кунун ҳеҷ яке аз масъулони давлати Тоҷикистон дар робита ба қазияи куштори ин 2 пешвои Фронти халқӣ ба ин тарз ошкор нагуфта буданд.
Дар хабаре, ки расонаҳои расмӣ ба дунболи ин ҳодиса дар охири марти соли 1993 нашр карда буднд, гуфта мешуд, ки ин 2 фарзанди миллат аз сӯи душманони халқ кушта шудаанд. Пас ба кӣ бовар кунем? Муаммои асрро расман кӣ фош месозад?

Зиёвиддин Ҷамолов,
муаллим, н.Рӯдакӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter