ХАБАРИ ДОҒ

 

Агар кӯҳи Бадахшон лаъл гардад,
Ба дидори бадахшонӣ наарзад…

Ин маротиб бо супориши редаксия ва дар доираи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?» ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ сафар намудам. Маълум аст, роҳи заминӣ ба Бадахшон ва ин ҳам дар фасли зимистон хеле тӯлонӣ ва мураккаб асту на ҳар кас ба қавле дилу гурда пайдо мекунад, ки дар ин шароит ба сӯи Хоруғу Рӯшон роҳ пеш бигирад. Аммо ман рафтам, зеро Мо метавонем! Субҳи рӯзи 1.03.2018, дар рӯзи 1-уми фасли баҳор, баъди чандин дафъа лағв шудани сафари ҳавоӣ (задержка), соати 11:00 бо мошин баромада, пас аз 14 соат, яъне соати 01:00-и шаб ба маркази Бадахшон-ш.Хоруғ расидам. Хоруғ маро чӣ гуна пешвоз гирифт ва 1 рӯзам дар маркази Бадахшон чӣ гуна гузашт, бароятон ҳоло хоҳам гуфт. Инак, рррраааафтеееем!



Шодихон Ҷамшед: «Кори ғалат накардаам!»
Новобаста аз он, ки шаб дер расидаму то пайдо кардани ҷой барои хоб вақт зиёд рафт, боз ҳам субҳи 2.03.2018 барвақт бедор шуда, аз пайи кор шудам. Субҳи Хоруғ хеле сард буду барфи чанд рӯз пеш рехта ҳанӯз ҳам рӯи замин хоб. Ман аз меҳмонхона баромада ба тарафи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ВМБК роҳсипор, хостам кори нахустинамро аз сӯҳбат бо раиси ВМБК Шодихон Ҷамшед оғоз кунам. Боз ҳам интизор надоштам, ки раис маро бидуни огоҳӣ, нома ва ё дархост, бе навбат, қабул хоҳад кард. Вале раис омадани мухбири газетаи СССР-ро шунида, дарҳол дастур дод, маро ба утоқаш даъват намоянд. Чунин қабули одию оҷилиро аз раис интизор надоштам!
2.03.2018. Соат бо вақти Хоруғ 8:30 дақиқа. Мулоқоти хосаи ман бо раис сар мешавад. Дар бораи проблемаҳои вилоят, мушкилоти мардум ва пешравиҳои чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон беш аз 1 соат сӯҳбат кардам. Пеш аз ҳама аз раис дар бораи иқдоми охиринаш, ки вокунишҳои зиёд ба бор овард-мубориза алайҳи машруботи пастсифат дар миқёси вилоят, пурсидам.
-Бароям имрӯз тани сиҳат ва рӯҳияи солими сокинон, хосса, насли наврас хеле муҳим аст. Ғайр аз ин, аз рӯи ихтисос табиб ҳастам ва медонам, ки майпарастӣ инсонро то куҷо оварда мерасонад. Таҳлилу санҷишҳо нишон дод, ки ба вилоят маҳсулоти спиртӣ ва машруботи пастсифату қалбакӣ хеле зиёд ворид мешавад. Аён аст, ки нархи чунин машрубот арзон буда, ҳар 1 наврас низ имкони харидорӣ ва нӯшидани онро дорад. Имрӯз бо дастури ман воридот ва фурӯши якчанд намуди нӯшокиҳои энергетикӣ низ ба вилоят мамнӯъ шуд. Пешгирии ин омил вазифаи ҷонии ман буду дарҳол бонги хатар зада, аз пайи он шудам ва фикр мекунам кори ғалат накардаам, - гуфт Ш.Ҷамшед.

Биноҳои 16-ошёна дар Бадахшон!


Дар идомаи сӯҳбат раис бароям дар бораи пешравиҳои вилоят гуфт.
-Бинед, дар 70 соли замони шӯравӣ мегуфтанд, ки дар Бадахшон, хосса, ш.Хоруғ бунёди биноҳои баландошёна имконнопазир аст. Ҳама ба ин бовар мекарданд, лек имрӯз бо шарофати истиқлолият дар Хоруғ нахустин биноҳои 9-ошёна қомат афрохта, мардум аллакай дар он зиндагӣ доранд. Мешудаст-ку! Сохтмони биноҳои 9, 12 ва 16-ошёна оғоз ёфта, масъалаи таъминоти онҳо бо оби нӯшокӣ ва системаи коррезӣ ҳалли худро пайдо карда истодааст. Лоиҳаи бунёди хати обгузари Боғевдара, фазаи 2-юм низ сар шуда, барои системаи обу коррез иншооти обтозакунӣ ва таҳшиншавӣ низ сохта истодаем. Ғайр аз ин барои таъмин намудани мардум бо маҳалли зист шаҳраки Тем бунёд шуда истодааст, ки он аз 207 га иборат буда, дар ин шаҳрак фақат биноҳои 5-9 табақа сохта мешаванд. Ин шаҳрак имкон дорад барои 20.000 нафар ҷои зист фароҳам орад. Айни замон дар ин шаҳрак корҳои ирригатсионӣ ва техникӣ гузаронида шуда, насиб бошад соли оянда омадед, ҳатман шоҳиди оғози сохтмони бузурги Тем хоҳед шуд. Хуб медонед, ки дар Бадахшон замин хеле кам аст ва бунёди шаҳраки Тем имкон медиҳад масъалаи №1-таъмини аҳолӣ бо манзилро ҳаллу фасл намоем, - гуфт Ш.Ҷамшед.

Имкониятҳои Бадахшон пурра истифода намешаванд!
Шодихон Ҷамшед таъкид дошт, ки имконият ва захираҳои табиӣ дар Бадахшон ҳанӯз ҳам ба таври пурра истифода намешаванд, ҳол он, ки дар ин самт потенсиал ҳаст.
-Захираи дарёҳои Бадахшон имкон доранд то 72 млрд кВ/с қувваи барқ истеҳсол намоянд, аммо мо имрӯз танҳо 183 млн. кВ/с қувваи барқ истеҳсол мекунему халос. Кӯҳҳои Бадахшон аз захираҳои табиӣ бой мебошанд, лек ҳанӯз ҳам на ҳамаи сарватҳои зеризаминӣ ба мисли тиллову сурмаву мис коркард шудаанд. Масъалаи 3-юм ин ҷалби бештари сайёҳон аст. Хориҷиҳо ба якдигар мегӯянд, ки «Ту Бадахшон рафтӣ!? Агар нарафтӣ, пас ту Тоҷикистонро надидӣ!» Ин албатта хуб аст, вақте сайёҳони хориҷӣ чунин назар доранд, вале барои мо имрӯз хеле муҳим аст мардуми кишвари худамон ба Бадахшон биёянд. Ба хотири ин мо имрӯз тасмим гирифтаем сари масоили хизматрасонӣ ва фароҳам овардани инфрасохтори лозима дар гӯшаҳои мухталифи вилоят кӯшиш ба харҷ дода, барои таблиғи зебоиҳои Бадахшон ва ҷалби сайёҳи дохилӣ азму талош намоем. Бигзор мардуми Хуҷанду Кӯлобу Бохтару Мастчоҳ ҳам барои сайёҳат ба Хоруғу Рӯшону Ишкошим биёянд. Чаро не!?-, афзуд Ш.Ҷамшед.
2.03.2018. Соат бо вақти Хоруғ 9:30 дақиқа. Сӯҳбати мо бо раис ба охир расид. Пушти дари эшон чанд нафар шаҳрвандон, ки аз деҳаҳои дурдасти вилоят барои арзу дод омадаанд, нишаста буданд. Раис пас аз ман онҳоро ба қабул даъват кард. Баъдан гуфтанд, новобаста аз рӯзи қабули шаҳрвандон, ки рӯзи шанбе муайян шудааст, мардум ҳар рӯз меоянд ва Ш.Ҷамшед онҳоро ҳатман қабул ва гӯш мекунад. Аз бинои ҳукумати вилоят баромада сӯи бинои ҳукумати ш.Хоруғ роҳ пеш гирифтам. Ку, бинем, дар Хоруғ чӣ гап аст?



Иқдоми Рустами Эмомалӣ дар Хоруғ
2.03.2018. Соат бо вақти Хоруғ 10:00 дақиқа. Ба қабулгоҳи раиси ш.Хоруғ Маҳтобшозода Арамбегим Бозор даромада худро муаррифӣ карда, дар интизори қабул нишастам. Муаллимаро, ки қаблан дар сафарҳои пеш ба Бадахшон дида будам-пештар роҳбарии Мактаби президентии вилоятро бар дӯш дошт, хуб мешинохтам. Раиса низ мухбири газетаи СССР-ро хеле хуб қабул карда, ҳатто таъкид ҳам намуд, ки агар лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?» бидуни сафар ва гузориш аз Хоруғ анҷом меёфт, вай ҳатман аз ин нороҳат мешуд. Мулоқоти мо бо Маҳтобшозода низ сари проблемаҳои шаҳр, расидагӣ ба арзу доди мардум ва корҳои неку созанда дар ин шаҳри мамлакат идома ёфт.
-Хоруғ агар нисбат ба Душанбеву Хуҷанду Бохтару Кӯлоб шаҳри хурд бошад ҳам, проблемаҳояш кам нест. Шабу рӯз мекӯшем, ки сокинони шаҳр аз норасоии барқу об ва нақлиёти ҷамъиятӣ азият накашанд. Ҳар нафаре бо арзу шикоят меояд, шахсан қабул мекунам, намегузорам, ки то рӯзи шанбе ноумед гардад. Дар бораи 1 иқдоми дигаре, ки мо аз таҷрибаи Рустами Эмомалӣ-раиси ш.Душанбе дар Хоруғ низ пеша кардем, сокинон, хосса, кӯдакон хеле хурсанд шуданд. Дар маҳаллаҳои Хоруғ ба бунёди майдончаҳои варзишӣ ва дилхушӣ сар кардем! Амале, ки то ба имрӯз дар ин минтақа набуд ва коре сар шуд, ки интизорашро касе надошт. Дар ояндаи наздик 26 майдончаи варзишӣ дари худро барои кӯдакон ва наврасони ш.Хоруғ боз хоҳад кард, - афзуд Маҳтобшозода.
Воқеан ҳам имрӯз раисӣ дар ин ё он шаҳру ноҳия масъулияти сангинеро талаб мекунад, хосса, агар он минтақаи кӯҳӣ бошад. Раисаро мушкил дар пеш зиёд аст ва бояд сари танзими нақлиёти ҷамъиятӣ дар ш.Хоруғ, хизматрасонии ошхонаву тарабхонаҳо, ба тартиб овардани бозори марказӣ ва беҳтар намудани вазъи санитариву экологии ш.Хоруғ кӯшиши зиёд ба харҷ бидиҳад.

Даре, ки баста аст…
Чуноне ки дар оғоз гуфтам, Бадахшон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳаст ва хоҳад монд. Аз рӯи омори расмӣ дар с.2017 беш аз 400.000 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ин минтақа дидан кардаанд ва маълум аст, 1 меҳмоне, ки меояд, пули худро гузошта меравад-дар меҳмонхона меистад, дар ошхона ё тарабхона 2-3 маротиба хӯрок хӯрда, албатта, тӯҳфа ҳам харидорӣ мекунад. Барои ҳамин бояд шароит фароҳам овард, вале чизе, ки имрӯз дар Хоруғ дидам, барои ман барин сайёҳи дохилӣ қобили қабул нест.
Аввал ин, ки меҳмонхонаҳои Хоруғ пас аз соати 23-и шаб ҳама бастаанд ва агар шумо соати 1-2-и шаб биёед, ин меҳмонхонаҳо барои шумо дарро боз намекунанд, мегӯянд саҳар оед, ё чаро қаблан занг назадед?! Ҳол он, ки 1 шаб истодан дар ин меҳмонхонаҳо 25-30 доллари амрикоист!
Дуввум ин, ки аксарияти ошхона ва қаҳвахонаҳо пас аз соати 17 дарҳои хешро мебанданд ва шумо барои хӯрдани хӯроки сабук ё қаҳва умуман ҷой намеёбед. Саввум он, ки аз баъди нисфирӯзии шанбе то субҳи рӯзи душанбе тамоми мағозаҳои шаҳр бастаанд-мардум истироҳат доранд! Шояд ин хуб бошад, аммо 1 корафтода ё сайёҳе мисли ман, ки поси шаб ба Хоруғ мерасад ва ягон хешу табору ошно ҳам надорад, бояд куҷо равад ва дар куҷо чой нӯшад!?
Ва масъалаи чорум, аксарияти меҳмонхонаҳои Хоруғ барои шаҳрвандони хориҷӣ бартарият медиҳанд ва ба сайёҳи дохилӣ он қадар ҳам таваҷҷӯҳ надоранд, ин аст, ки нархи меҳмонхонаҳо бо доллари ИМА ҳисоб карда шуда, барои шаҳрвандони Тоҷикистон фарқияте намегузоранд. Проблемаҳое, ки садди роҳи туризми дохилӣ мешаванд.

«Харағ, узум ту живч!»
3.03.2018. 1 рӯзи буданам дар Хоруғ бо ҳама камбудиҳояш хеле хуш гузашт. Ошноӣ бо шахсиятҳои нав, сӯҳбатҳои дӯстона сари 1 пиёла ширчой (палави бадахшӣ ҳамин ширчой бо равғани қутос аст!), боздиду тамошо аз дӯконҳои шаҳр, чашмзади ҳунарҳои мардумӣ, боздид аз баландтарин боғи ботаникии Осиёи Марказӣ-Боғи ботаникии ш.Хоруғ ва дидори дӯстон бароям хеле фараҳбахшу хотирмон буд ва Хоруғро новобаста ба камбудҳояш, ки зикр кардам, дӯст доштам. «Харағ, узум ту живч!»
Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, 1-3.03.2018
Душанбе-Хоруғ-Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter