ХАБАРИ ДОҒ

Навбати Маҳмуд кай мерасад???

  • Шанбе, Март 17 2018


Барои нахустин бор тӯли солҳои истиқлолият ҷониби Ӯзбекистон ҷинояткорони тоҷикистониро ба Душанбе дод. Баробари пахши ин хабар мардум ба худ суол дод: Маҳмуд Худойбердиеви хоинро кай ба ҶТ бадарға мекунанд?

Дафтари матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои 2-ҷонибаи сатҳи баланди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, рӯзи 26.02.2018, шаҳрванд Воҳидов Ҳомид Ҷӯрақулович (с.тав.1961), сокини ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ҳосилоти н.Ҳисор, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошт, дар кишвари ҳамсоя боздошт ва ба Тоҷикистон дода шуд. Ӯ қаблан бо моддаи 273 Кодекси ҷиноятии ҶТ, барои содир намудани ҷиноят тибқи моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ пешбинишуда маҳкум шудааст. Воҳидов аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии Узбекистон дар ш.Тошканд дастгир шуда, дар асоси Шартномаи «Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳои он» аз 25.05.1999 ба Тоҷикистон интиқол ёфт. Пӯшида нест, ин гирудеҳ баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ҷараён гирифтаву соат ба соат ҳамкориҳои мутаносибан судманд миёни кишварҳо вусъат мебинанд. Тибқи сарчашмаҳои хабарии наздик ба СССР, ҷинояткори низомии №1, Маҳмуд Худойбердиев-полковники хоин, то ҳол дар қаламрави Ӯзбекистон қарор дорад. Пӯшида нест, ки Худойбердиев то солҳои 1998 ба Душанбе ва вилояти Суғд шабехун задаву боиси марги бисёриҳо шуда буд. Сарнавишти ӯ чӣ мешавад? Суоли матраҳ ҳоло ин аст!

Автобиографияи Маҳмуд Худойбердиев
Иштирокчии Ҷанги Афғонистон (ҷанговари башардӯст) Маҳмуд Тӯронович Худойбердиев 18.10.1964 дар ш.Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба дунё омадааст. Падараш тоҷик ва модараш ӯзбек. Соли 1985 Омӯзишгоҳи низомии шаҳри Алма-Ато ба номи маршал И.С.Коневро хатм карда, барои хидмат ба Афғонистон фиристода шуда, то мақоми командири взводи разведка дар бригадаи №70 расид. Баъди хуруҷи нирӯҳои СССР аз Афғонистон дар с.1989 дар Омӯзишгоҳи низомии Алма-Ато чанд муддат омӯзгор буд. Сипас ба Тоҷикистон баргашта, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Ҷиликӯл (ҳол Дӯстӣ) ва Бохтар (ҳоло Кӯшониён) кор кард. Соли 1992 ба мақоми муовини военкоми вил.Қӯрғонтеппа таъйин шуд. Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ фармондеҳии 1 гурӯҳи вежаи дивизияи 201-и Русия дар Қӯрғонтеппаро бар дӯш гирифт. Сентябри с.1992 ба таври то ҳол мармуз танкҳои дивизияи 201-ро гирифта, ба Фронти халқӣ гузашт. Дар пайи пирӯзии ФХ ва ба қудрат расидани ҳукумати қонунӣ фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсус (спецназ) дар ш.Қӯрғонтеппа таъйин шуд. Ин бригада аллакай баъди 2 сол дар пайи куштани полковники 21-сола Иззатулло Кӯганов нирӯҳои боқимондаи Файзалӣ Саидов (писархонди бобои Сангак)-ро шикаст дода, назорати низомии водии Вахшро ба дасти худ гирифт. Полковник Худойбердиев чанд дафъа, аз ҷумла, дар тобистони с.1996 ва с.1997 зидди ҳукумати марказӣ шӯрид. Нафари хеле сарсахт бар зидди Сулҳи таърихии Тоҷикон буд!

Марги дурӯғини Маҳмуд
Ошӯби моҳи августи с.1997 бо барканории Маҳмуд аз мақоми фармондеҳӣ ва тарки қаламрави Тоҷикистон кардани ӯву ёрони мусаллаҳаш анҷом ёфт. Баъди ҳамла ба Хуҷанд дар тирамоҳи с.1998 аз назарҳо комилан ғайб зад. Дар ин байн чандин бор хабари марги ӯ нашр шуд, вале боз ба зудӣ дурӯғ баромад. Охирин бор матбуоти даврӣ дар бораи бо дасти муовинаш Сергей Зваригин кушта шудани ӯ дар моҳи октябри с.2001, чанд рӯз пеш аз оғози маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон навишта буд. Дар н.Сариосиёи Узбекистон ҳатто маросими дафни Маҳмудро доир карданд, вале тибқи овозаҳо ин ҷаноза дурӯғ буда, дар даруни кафан ҷасади на ӯ, балки комилан каси дигар будааст.
Соли 2006 номи ин «раҳматӣ» боз расонаӣ шуд. Вақте ҳукумати Ислом Каримов митингҳои мардумро дар Андиҷон бо Калашников «хомӯш» кард, шоҳидони зиёде мегуфтанд, дар саркӯби эътирозҳои Андиҷон Маҳмуд даст дорад! Ҳамчунин Икром Ёқубов-афсари собиқи Хадамоти амнияти миллии Узбекистон баъди фирораш ба Аврупо дар с.2008 ба расонаҳои хабарӣ гуфта буд, ки «Худойбердиев ҳимояти Каримов ва духтарони ӯро бар ӯҳда дорад!».
Соли 2010 бошад Суди олии Тоҷикистон Ҳайдар Бобомуродовро барои таҳияи суиқасд ба ҷони раиси ш.Турсунзода-Баракатулло Атохоҷа ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар ҷараёни тафтишот гуфт, дар 1 қисми махсуси низомӣ дар ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Шаргун дар вил.Сурхондарёи Узбекистон хидмат мекард. Ба гуфтаи ӯ, фармондеҳи ин қисми низомӣ Худойбердиев буда, фармони куштани раиси ш.Турсунзодаро ба ӯ маҳз худи Худойбердиев дода буд.

Вуруди осони Маҳмуд ба Хуҷанд
20 сол пеш, шаби 3 ба 4.11.1998 ҷангиёни Маҳмуд вориди вил.Ленинобод (ҳоло Суғд) шуда, дар байни ҳамагӣ чанд соат ш.Хуҷанд, навоҳии атрофи онро то ағбаи Анзоб тасарруф карданд. Вале баъди 3 рӯз зери фишори нирӯҳои ҳукуматӣ бо сарварии генерал Сӯҳроб Қосимови раҳматӣ ва Ғаффор Мирзоеви зиндонӣ, бозпас ба Узбекистон гурехтанд. Маҳмуд дар байни ҳамагӣ чанд соат тақрибан тамоми нуқтаҳои муҳими стратегӣ дар шаҳрҳои асосии шимоли Тоҷикистон-Хуҷанду Чкаловск, Қайроқуму Ӯротеппаро бо шоҳроҳу фурудгоҳҳо, истгоҳҳои муҳими роҳи оҳан ва ҳам ағбаи Анзобро таҳти назорати худ гирифт. Ҷангиёни Маҳмуд то расидан ба ш.Хуҷанд ба ягон муқовимати ҷиддӣ рӯбарӯ нашуданд. Мираҳмади Амиршоҳ-сухангӯи вақти генерал Ғаффор Мирзоев-фармондеҳи Горди президентӣ, дар с.1998 он замон дар расонаҳои хабарӣ гуфта буд, "танҳо 2 қисми низомӣ ба афроди Маҳмуд муқовимати мусаллаҳона нишон доданд: Яке қисми низомии Гвардияи президентӣ дар шаҳри Чкаловск, дувумӣ-қисми низомии марбут ба генерал Сӯҳроб Қосимов, мустақар дар Қалъачаи Хуҷанд. Қисмҳои дигар, метавон гуфт, бе ҷанг вилояти Ленинободро ба одамони Маҳмуд супурданд. Нирӯҳои Маҳмуд нуқтаҳои муҳими шимоли кишварро ба даст оварда, танҳо 1 фурудгоҳи хурдеро дар Исфара аз ёд бурданд, ки ин ба фоидаи Душанбе шуд. Аввалин шуда нирӯҳои таҳти итоати фармондеҳии Ғаффор Мирзоев дар ҳамроҳӣ бо нирӯҳои мухолифин, ки ба онҳо Ҳамроҳ ном нафаре раҳбарӣ мекард, тавассути ҳамин фурудгоҳи Исфара вориди шимоли кишвар шуда, аз он ҷо ба самти Чкаловску Хуҷанд ҳаракат карданд…».
Инчунин Ҳоҷиюсуф Рабеъзода-раиси бахши гумруки н.Нов (ҳоло Спитамен) дар робита ба ин ҳамла гуфтааст, "аҷиб он буд, ки он шаб ҳатто дар посгоҳҳои муҳими Деҳмой ва Нов ба ҷои 10-15 навбатдори маъмулӣ танҳо дунафарӣ истода буданд. Дар натиҷа, нирӯҳои Худойбердиев он шаб аз 2 самт-аз н.Нов ва аз Шаҳристон вориди вилояти Ленинобод шуданд. Нерӯе, ки аз роҳи Нов омад, ба самти Хуҷанду Чкаловск ҳаракат кард. 1 бахши дигари нерӯҳои Маҳмуд таҳти фармондеҳии муовини ӯ полковник Сергей Зваригин, тавассути Шаҳристон вориди вилоят шуда, Шаҳристону Ӯротеппа ва ағбаи Анзобро ба ҳадаф гирифтанд…”.

Шикасти Маҳмуд ваҳдати воқеӣ буд!
Амалиёти зидди Худойбердиев дар Ленинобод амалан аввалин амалиёти муштараки нерӯҳои давлатӣ ва мухолифин шуд. Генерал Сӯҳроб Қосимов, ки он вақт ба бригадаи таъиноти махсуси ВКД фармондеҳӣ мекард, дар 1 сӯҳбати хос ба расонаҳои хабарӣ эътироф карда буд, ки саҳми нирӯҳои мухолифин дар саркӯби ошӯби Худойбердиев калон буд: "Ба фарқ аз нирӯҳои ҳукуматӣ, ки асосан бачаҳои ҷавони бидуни таҷрибаи ҷангӣ буданд, ҷанговарони мухолифин ҳама мардони баркамол ва бо таҷрибаи ҷангӣ буданду хеле нотарсона меҷангиданд. Ин ҳамкорӣ бо оппозитсия барои сарбозони мо ҳатто 1 мактаби хуби ҷангӣ ҳам шуд.”
Баталйони 25 зери раҳбарии Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ-Ҳалим), фармондеҳони мухолифин Мирзо Зиёев (Ҷага), Мирзохӯҷа Низомов, Шоҳ Искандаров… нерӯҳои худро ба кӯмаки Ғаффору Сӯҳробу артиши ҳукуматӣ фиристоданд. Дар натиҷа, аллакай, рӯзи 5 ноябр ба ҳукумат муяссар шуд, ҷангиёни Маҳмудро аз Хуҷанд биронад.

Шаҳрзоди Амин
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter