ХАБАРИ ДОҒ

SMART-1

SMART вожаи нави менеҷменти сиёсӣ ва сармоядорист, ки Ҳадаф, Роҳу Усулҳои Ҳалли мушкил ва Расидан ба Мақсадро меомӯзад. SMART дар ҷаҳони муосир асоси илмии ҳар бархӯрди ҳасана, ҳамкорӣ ва ё ҷанҷолу хархашаҳост. Бе SMART НАТО ба қораи Араб ҳуҷум намекунад. Бе SMART Аврупо Русияро эмбарго намегузорад. Бе SMART харатон аз об намегузарад. Бе SMART, фарзи мисол, ягон проекти шуморо сармоягузори хориҷӣ намебинад. Шумо бояд ҳадаф, ноил шудан ба он ва зиёну зарари эҳтимолии лоиҳаи худро ҳатман муаррифӣ кунед. Ин 1 шарҳи саридастии SMART буд.
Ва акнун баргардем сари мақсад, ки зери ин мафҳум ва рубрика ман чӣ мехоҳам ба хонанда гӯям…
…Пӯшида нест, ки имрӯз ҳама сохторҳо план иҷро мекунанд. Хоҳ милиса бошад, хоҳ амният, хоҳ прокуратура ва ё хоҳ коррупсия ва дигару дигар сохтори қудратӣ. Вале касе намеандешад, ки Планҳо аксари вақт бар зиёни ҷамъиятанд, ки бар нафъаш буда бошанд. Ин фикри фардии ман аст, албатта. Барои мисол, мегирем, фаолияти прокуратура ва судяҳоро… Дар аксари маврид (ба ҳар ҳол ман нашнидаам), ки суд қарори сафедсозии ҷинояткори эҳтимолиро бароварда бошад. Шумо агар шунидаед, нависед, мо чоп мекунем. Мо Метавонем!
Табиист, ки прокуратура ва ё мақомоти тафтишотии милиса, коррупсия ва ё Агентии мубориза бо маводи мухаддира то суд делоҳои пухтаро мекашанд. Аммо миссияи суд бояд мӯйро аз хамир ҷудо кардан бошад. Фарзи мисол, дар даврони шӯравӣ, дар бештари маврид судҳо ҷазои нисбӣ медоданд. Бархеро ба коллективи кор вобаста мекарданд, то қонуншиканро тарбият кунанд (перевоспитание), ҳабси озод (свободное поселение), ҳабси нисбӣ (вольный) ва ғ. ва ҳ. Дар сурати содир шудани ҷинояти вазнин барои нахустин бор, низ гузаштҳо буд. Ретсидивистҳои ашаддӣ 12-15 сол мегирифтанду бас.
Нафаре қисса кард, ки ҳоло ягон ҷинояткори ашаддиро 12-15 сол кунанд, наздиконаш ба ҳамон судя изҳори сипос менамоянд… Зеро ҳукми имрӯзаи судяҳоро дида, кас ба таҳлука меафтад. 25, 30, 40-45 сол... Ин дар ҳолест, ки миссияи асливу усулии зиндонҳо ислоҳи ҷинояткор ва ба ҷамъият бозгардонии Одам аст. О, кадом ҷинояткор баъди 30-40 сол ислоҳ мешавад? Ҳоло сухан сари зинда баромадани ину он нафар нест. Баҳс рӯи ислоҳшавии онҳост! Вале аз сӯи дигар, афроде, ки 1-2 сол суд мешаванд, магар фардо ба ин ҷамъият лозиманд? Де-факто, ҳа, лозиманд, аммо де-юре, неъ, нолозиманд! Зеро таври маълум, дар аксари маврид дарҳои ҳукумат, ба вежа, мақомоти қудратӣ, ба рӯи «ҷинояткори собиқ» бастааст. Пас судяҳо бояд фикр кунанд, ки ҳукми баровардаи онҳо нафареро антиҷамъиятӣ мекунад. Инҳо, ҳатто агар гуноҳ ҳам содир кардаанд, дар ояндаи наздику дур душмани эҳтимолии сохтор мешаванд. Мехоҳем инро ва ё не, чунин аст. Зеро дарҳои ҳукуматро на танҳо ба рӯи ишон, ки зану духтару фарзандонашон низ мебандем!!! Пас куҷо раванд онҳо, ки дар зиндагонӣ «изгой» мешаванд? Ҳамин аст, ки аксари ҷинояткорон салафиву ваҳҳобӣ шуда, ба озодӣ мебароянд. Яъне фарди антиҷамъиятӣ!!! Чунки ҷамъияти мо дунявист, на мазҳабӣ… Ва ин аллакай эътироз аст. Эътироз ба ҳукумат, ҷамъият ва сохторҳои қудратӣ.
Боре қисса карданд, ки дар 1 шаҳраки собиқ вил.Кӯлоб прокурори гизалае ҳар нафареро, ки бо ҷузъитарин ҷурм, ҳатто мурғдуздӣ дастгир мешуд, суд мекард. Зумрае дигар бо ҷурми авбошӣ-хулиганӣ суд шуд. Воқеан ҳам, ба моддаи «хулиган» дилхоҳ кӯлобӣ медарояд, зеро мардуми хунгарм ва сахтгӯянд! Ин ба он овард, ки дар он шаҳрак қариб авлоде намонд, ки суд нашуда бошад…Яъне чӣ? Яъне шаҳраке, ба таъбири бобои Ғуломи таърихиву таърифӣ, «антипартийный» шуд! Ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад хато ҳам бошад, бояд он судя, прокурор, милисае, ки бештар одам «мешинонад», ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шавад (дар мо ба чунинҳо рутба медиҳанд!). Зеро «шинондан» ҳунар нест. Ислоҳ кардан, насиҳат кардан, аз роҳи бад баргардонидан ҳунар аст!!! Парпишо Бозоров-дӯсти бадахшии ман, ки дар н.Данғара 2 даҳсола беш милиса кор кардааст, ягон нафарро дар тӯли ин вақт суд накард. Баракс, бо насиҳат, тарбият ва корҳои фаҳмондадиҳӣ садҳо ҷинояткори эҳтимолиро чун Одами дуруст ба ҷамъият баргардонид… Идеологияи хоми мо ба ҷое оварда расонидааст, ки ба тарбияти насли наврас ва ҷамъият танҳо 1 кас банд ва ҷавобгар аст:
-МУАЛЛИМ…
Нафаре, ки манбаъи даромадаш бидуни маоши кӯчак…бӯрфурӯшиву мактабпулӣ ғундоварист. О, чаро суду прокурору милисаву коррупсия ба ин кор, яъне тарбияти наслҳо банд набошанд? Рӯдакист, ки мегӯяд:
-Чун теғ ба каф орӣ, мардум натавон кушт!!!
Зимоми вақт ба дасти мақомот барои судкунии мардум нест. Онҳо бояд ҷамъиятро аз хатароти бузургтар аз мурғдуздиву авбошӣ ҳифз доранд. Ва номи ин хатар экстремизм ва дилмондагӣ аз давлат аст. Намегӯям, умуман ҷинояткорро суд накунед. Мегӯям, адолат бештар аз ҳукми пурғазаб аст. Зеро бовар надорам касе аз зиндон 100% ислоҳ шуда барояду патриоти кишвар гардад. Аммо бовар дорам, мардумро боре бахшед, ислоҳ мешаванд. Бигзор на ҳама, вале аксарият. Зеро ағлаби марду зани бахшидашуда чун Одам ба ҷамъият бармегарданду авфшудаҳо дубора ба зиндон. Медонед барои чӣ? Зеро дар ин ҷамъият дигар онҳоро касе қабул намекунад. Чунки системаи SMART-ро судяву прокурорҳои мо аслан намедонанд, ки чист… Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter