ХАБАРИ ДОҒ
Принт

«Навниҳол» соҳиб дорад?

  • Душанбе, Март 26 2018


Бо номи “Навниҳол” рӯзномаи рангае чоп мешавад, ки муассисаш ТҶ “Навниҳол” будааст. Дигар он на муҳаррир дораду на ходиму на мухбиру на мусаҳҳеҳ..., ки хилофи Қонунҳои “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи табъу нашр” аст. Танҳо ҳаминашро фаҳмидам, ки дар н.Муъминобод 500 тан хонандагони синфҳои 3-4-ро маҷбуран ба он обуна кардаанд. Дар бораи муҳтавои маводи «Навниҳол» чизе гуфтанӣ нестам, лек шумораи №71-и имсола моро бо 1 сурати фаҳшаш дар ҳайрат гузошт. Дар маводи “Забони шимпанзеҳо 24 садо дорад” (саҳ.1) 2 расмро калон карда, ба тамошо гузоштаанд. Дар сурати 2-юм шимпанзе ба пушт хоб асту мояҳои калон-калонаш дар намоишанд. Чанд муаллимаи мактаб гуфтанд, ки ҳамин шумораи нашрияро ба шогирдон тақсим накарда, пурра нобуд намуданд. Агар Вазорати фарҳанг “Навниҳол”-ро таҳти №0118/мҷ ба қайд гирифта бошад, пас чаро нашри онро назорат намекунад? Ва ё Вазорати маориф куҷоро менигарад? Зеро ин нашрия аслан тариқи обуна ба мактабҳо тақсим мешавад. Худо накунаду «Навниҳол» пагоҳ ба намоиши алоқаи ҷинсии ҳайвонот… иқдом накунад!

Нурулло Ҳасанов,
журналист

Китобҳо

Flag Counter