ХАБАРИ ДОҒ


Вазорати фарҳанги ҶТ нисбати мақолаи «Гранти Хоҷа Машҳадро кӣ хӯрд?» (СССР, 1.02.2018) иттилоъ медиҳад, ки воқеан, тибқи шартномаи Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон бо муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ» «Тоҷик МДМЁ» (роҳбари лоиҳа, меъмори муассиса Раҳматҷон Саломов) ҷиҳати тармими Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар н.Шаҳритуси вил.Хатлон дар солҳои 2005-09 аз ҷониби Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон грант ба маблағи 116000$ ҷудо шуда, аз 3 қисм (транш) иборат буд. Қисми 1 ба маблағи 19000$. Бо ин маблағ, тибқи шартҳои дар грант пешбинишуда заҳбури дар бари «Хоҷа Машҳад» ҷойдошта ба масофаи 9 км аз лою гили таҳшиншуда бо эксковатор тоза карда шуд. Чунки обҳои зеризаминӣ дар ин мавзеъ хеле баланд буда, ба ёдгорӣ таъсири манфӣ дошт. Корҳо охири с.2005 оғоз шуда, аввали с.2006 ба анҷом расонида шуданд. Пас аз ин, дар с.2006 корҳои мустаҳкам намудани таҳкурсии ёдгорӣ бо оҳану бетон ба анҷом расонида шуданд. Қисми дуюми грант аз 43600$ иборат буд. Бо ин маблағ дар с.2007 корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд:
1.Омода кардани 5 дона хумдонҳо бо хиштҳои махсуси ба ҳарорати баланд тобоваранда (огнеупорные кирпичи); 2.Бо автомашинаҳои боркаш кашида овардани хокҳои лозима, барои тайёр кардани хиштҳои шакли қадима; 3.Тавассути қолабҳои чӯбин, дастӣ рехтани хиштҳои андозаашон 25х25х5 см; 4.Тавассути тракторҳои боркаш (тележкаҳо) кашида овардани аррарезаҳо (опилка) ҳамчун маводи сӯзишворӣ барои пухтани хиштҳо; 5.Аз н.Турсунзода кашида овардани хиштҳои стандарти замонавӣ (азбаски паҳноии деворҳо то 2 метр аст, қисми дохилии онҳо бо хишти стандарти замонавӣ бунёд карда шуда, аз берун бо хиштҳои шакли қадимӣ рӯкаш карда мешаванд); 6.Аз нав барқарор кардани девор ва бурҷи харобшудаи қисмати шарқии мақбара; 7.Тармим кардани гумбази мақбара аз берун ва дохил. Қисми сеюми грант аз 53400$ иборат буд. Бо ин маблағ корҳои барқарор кардани пештоқҳои шимолӣ ва ҷанубӣ, бурҷ ва аркҳои қисми ғарбии ёдгорӣ ва арки мобайни ҳар 2 гумбазҳо анҷом дода шуданд.

Ш.Орумбекзода,
Вазир

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter