ХАБАРИ ДОҒ

Наврӯзи иҷборӣVSНаврӯзи мардумӣ

  • Панҷшанбе, Март 29 2018

SMART-2

Бо Наврӯз кӣ наҷангидааст? Сар аз Александри мақдунӣ, ки адибони клоссики бегонапарастамон, мисли Қосим Раҳбаровичи муосир, чун бут мепарастиданд, то арабу муғулу урус…ҳама бо Наврӯз ҷангидаанд. Муллоҳои ҳафтафаҳми мо ҳанӯзам бо Наврӯз ба ҷанганд. Зеро инҳо, ки то ҳанӯз фикр доранд, Замин рӯи моҳӣ қарор дораду наҳанги бузург дар болои 4 гов (-и мисли худашон буққа), аз куҷо медонанд, ки Наврӯз усулан падидаи астро-физикист. Мардуми олам то ҳанӯз дар аҷабанд, ки чигуна ва бо кадом асбоб Тоҷик ҳазорҳо сол пеш аз мелоду ҳиҷрат, дақиқан кашф кардааст, ки 21 март Шабу Рӯз баробар мегардаду сипас рӯзҳо дарозтар… Ва ин баробариро ҷадди мо дар Хатти Экватор мушоҳида карда буд, на болои бому хонааш!!!
Воқеан ҳам аз вежагиҳои эксклюзиви Наврӯз аст, ки он, яъне Наврӯз, чун ибтидои Соли Нави Хуршедӣ 7000 сол пеш аз зуҳури Ислом ҷашн гирифта мешуд!!! Яъне мо 64 қарн пеш аз худошиносии Аврупову 70 аср пеш аз раҳоии аъроб аз ҷоҳилият фарҳанги бузурги илмӣ-амалӣ доштем. Ва бо ин ҳама таърихи пурифтихори илми нуҷуму табиатшиносӣ, математикиву астро-физикӣ, имрӯз кадом муллои Элокӣ, ки 2х2-ро зарб зада наметавонад, моро насиҳат мекунад, ки Наврӯз ҳаром асту мо бовараш дорем…
Ин дар ҳолест, ки дар тӯли 3000 соли ахир тамомии набарде, ки ҷоҳилу кофиру экстремисту коммунист бо Наврӯз кард, ба нестӣ рафт. Зеро Наврӯз дар шахси ҳар Тоҷик пуштибон, муҳофиз, сарбози «смертник» дошт. Халқ нагузошт ин кашфиёти ҷаддаш, иди бобову бибиҳош маҳв шавад; Мурд, ҳабсу суду бадарға шуду Наврӯзро ҳифз кард! Ҳамон Александр, ки Қосим Раҳбаровичи камхон аз пули андозсупоранда толори бузургашро дар Хуҷанд сохтаву ташвиқу тарғиби ғосибпарастӣ дорад, ахиран пеши Наврӯз сар фуруд овард. Аъроби ғосиб баъди муборизаи идеологии беш аз 100-сола ахиран Наврӯзро пазируфт. Муғул Наврӯзро қабул ва ҳатто они худ хонд (имрӯз ягон степнишин Наврӯзро аз Тоҷик намегӯяд).
Ва аммо ҳарби аз ҳама пуршиддат бо Наврӯз дар даврони коммунистон буд: Бечора Наврӯз, ки дар тӯли садсолаҳо антиисломӣ ҳукмаш мекарданд, дар 70 соли шӯравӣ банохост, исломӣ ва зотан ба идеологияи люмпен-пролетариат бегона шуд. Бо ин ҳама 1 Тоҷик набуд, ки аз Наврӯз истиқбол нагирад. Мисле, ки мурдаҳои коммунист-Тоҷиконро шабона ҷаноза мекарданд, Наврӯзро низ ниҳониву ошкоро тамоми миллат ҷашн мегирифт. Ахиран урус ҳам пеши Наврӯз таслим шуд. Дуруст аст, ки таҷлили расмии онро ба номи Бӯриннисо Бердиеваи нозанин сикка задаанд. Аммо дар асл, агар ХАЛҚ пуштибони Наврӯз намешуд, магар ин идро иҷозат медоданд? Ҳаргиз на!
То раҳматии Бердиева 1 деҳа, кӯча, гузар, қишлоқе набуд, ки маросими Дарвешона (номи истиорӣ-ҷосусӣ-позивнойи Наврӯз) баргузор намекард. Кӯҳрӣ, яъне «антипартийный» мешуд он маҳалла дар чашми миллати Тоҷик. Дарвешона ихтиёрӣ буд. Дар дастурхони Дарвешона мардум чӣ дороие дошт мерехт. Занҳо суманак мепухтанду атолаву дангича. Ва…СТОП… Оши Палавро мардон
мепухтанд! Зеро палави ҷамъиятӣ бояд бо дасти мард омода мешуд ва ҳам мегуфтанд «дасти мардак намак дорад!-Палав болаззат меояд!!!». Сахиҳо пул мепартофтанду гӯштӣ мешуд. Аз тамомии Осиёи Миёна ба Дарвешона-Наврӯзгоҳҳои Тоҷикистон паҳлавонҳо меомаданд. Ҳофизу сарояндагон базми тараб барпо мекарданд. Тантанае мешуд, тантанае мешуд дар Наврӯз, ки назирашро ягон Иди расмӣ, 1 Май ва 7-ноябри маҷбурӣ надошт.
Ҷои зикр аст, ки ягон нафар каси дигарро маҷбур намекард, ки куртаи атлас пӯш, маршировка баро, тамрину машқ кун, галстук банд, салют ва респект равон кун ба минбарҳо, чун дар идҳои расмии шӯравӣ…Намегӯям идҳои расмӣ шукӯҳу шаҳомат надоштанд. Ещё как доштанд! Аммо Наврӯзи ихтиёрӣ, ки алтернативаи ҷашнҳои ҳукуматӣ буд, бошаҳоматтар мегузашт…
Имрӯз шукри Худо, Наврӯз ҷомаи расмӣ пӯшидааст. Вале ба назар мерасад, ки дар бархе маврид мо «мегузаронем». Набояд Наврӯз маҷбурӣ бошад. Наврӯз аз мардум аст ва ситам кардан ҳини таҷлилаш халқро мабодо дилсард аз ин ҷашнвораи антиқа кунад?! Ҳини баргузории Наврӯз низ бояд ҳатман системаи SMART, яъне суду зиёни он дидаву санҷида шавад. Зеро аз тариқи ихтиёран иҷборӣ ҷашнгириҳои Наврӯз, имрӯз, дар навбати аввал, мубаллиғони экстремизм суистифода мекунанду миёни мардум пропагандаи антинаврӯзӣ мебаранд.
Муҳаббати мардум ба Наврӯз набояд маҷбурӣ бошад. «Асала камаш хуб!». Барномаҳои Радиову Телевизионии Наврӯз ҳам бояд меъёр дошта бошанд, то дилбазан нагарданд. Бало паси ин барномаҳо! Метарсам онҳо Наврӯзро дилбазан накунанд!!!
Дар ҳар сурат баҳогузории SMART дар ин маврид айни муддао мебуд. Зеро агар мани Наврӯзпараст, ки 10 сол шуд бо мулло-мубаллиғини антимиллӣ дар бастагӣ ба ин мавзуъ дастбагиребонаму боз ин матлабро навиштам, пас худ фикр кунед, ки дигарон дар чӣ андешаанд…
Наврӯзатон пирӯз бод,
Ҳар рӯзатон наврӯз бод!
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter