Принт

Қарзи коргаронро медиҳанд


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Сарбанд мақолаи «2 млн. қарзи коргаронро кӣ медиҳад?» (СССР, 15.12.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба масъалаи пардохти музди меҳнати кормандони собиқ корхонаи азими шаҳр ҶСК «Азот» иттилоъ медиҳад, аз моҳи декабри с.2008 то ин ҷониб бо сабаби қатъи интиқоли гази табиӣ ҶСП КМ «Тоҷик Азот» аз фаолият монд. Ин сармоягузорро водор кард, то ҳаллу фасл шудани интиқоли газ аксарияти кормандони истеҳсолотро рухсатии бемуҳлат ва бемузд дода, кормандони заруриро барои дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани дастгоҳу таҷҳизоти корхона нигоҳ дорад. Дар ин муддат сармоягузор то моҳи майи с.2015 музди маоши кормандонро бо пуррагӣ аз ҳисоби худ пардохтааст. ҶСП КМ «Тоҷик Азот» дар асоси ҳалномаи Суди иқтисодии вил.Хатлон аз 23.06.2014 ва тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2010, №392 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи давлатӣ ва воҳиди сохтории он» ба ҶСК «Азот» табдил дода шуда, 100%-и саҳмияҳо ҳамчун саҳми давлат ба расмият дароварда шуданд. Бо сабаби набуди газ ва фаъолият накардани ҶСП «Азот» дар давоми беш аз 2 сол қарзи музди меҳнати кормандон ба 2,5 млн. сомонӣ расид, ки дар маҷмӯъ 295 нафар кормандон аз ин маблағ ҳақ доранд… Новобаста ба ин сармоягузор тасмим гирифтааст, дар мавриди пурра ба кор даромадани корхона қарзи музди маоши кормандон пардохт намояд.

С.Самизода, раиси ш.Сарбанд


Матлабҳои дигар