Принт

Мард бояд, ки ҳаросон нашавад… (Ё қиссаи кӯтоҳи 1 сафари дароз…)

SMART-3

Ҳафтаи пор дар вилояти Суғд бо хидматӣ қарор доштем. Ин, ки мо истироҳат надорему редаксияро дар ин вилоят ба ҷон пазируфтаву ба дида бардоштаву ҷону дил қурбони мо мекарданд, баҳси дигар аст. Ростӣ, то ин ҳадд иззату икром доштани газетаи мардумиро ҳатто худи ман тасаввур намекардам. Ҳоло гӯям, миннат хоҳанд гузошт, ки СМ газетаашро таърифу тавсиф мекунад. Аммо боре раведу пурсед, аз мардуми оддӣ, ки кадом газетаро мехонанду ба кадом нашрия эътимод доранд, СССР дар раддаи аввал ҳатман қарор мегирад. Зеро мо аз мардумем, мардумием, халқием, оддием ва ВАТАНСОЗем! Мо Метавонем!
Ҳубби мардум ба мо аз он аст, ки мо низ бар мардум муҳаббат дорем:
Барнамеояд ба танҳоӣ садо аз ҳеч даст,
Лол гӯё мешавад, гар тарҷумон пайдо шавад!
Мо ана ҳамон дастем, ки ба тарҷумон, яъне спонсор ниёз дорем. Спонсори мо ту ҳастӣ, хонандаи гиромӣ… Дар Истаравшан, Исфара, Мастчоҳ, Хистеварз (Қистакӯз) ин ҳарфро гуфтам ва боз ба такрор хоҳам гуфт:
-Редаксияи мо аз қимате, ки хонанда харидорӣ мекунад, 20-30 дирам зиёд фоида намебинад. Аммо ин дирҳамҳо маоши зиндагонии моанд ва мо талош хоҳем кард, ки нони хӯрдаамонро ҳалол кунем. Пеши ту. Мо метавонем!
Ман нек медонам, замона дигар шудааст. Обуна асоси пешравист. Ва боз хуб медонам, ки агар хоҳем дилхоҳ ноҳия 300-400 дона газета обуна мешавад. Аммо аз ҳисоби кӣ(м)? Мардум! Ман ва мо намехоҳем, ки дар ин додуситади зиндагонӣ бар 1 нафар ситам дошта бошем. Зимнан, мо ОБУНА на-до-реммм! Маъқул аст-хонеду харед. Писанд нест-нахаред! Намеранҷем. Зеро агар мардум газетаи мардумиро нахарид, пас ҷурм дар мост. Дар хабарнигорони мост, ки дарди дили мардумро нанавиштаем…
Ҳоло хонандаи ин сутур намедонад, ки чӣ қадар моро маҷбур ҳам мекунанд, ки обунаро ҷорӣ кунем. На-ме-ку-нем! То зӯрамон расад на-ме-ку-неммм. Мо Метавонем!
Акнун баргардем, сари SMART-и проекти нави худ:
Вақте дар Суғд будем, бо чашми сар дидем, ки мардуми солори Исфараи бостонӣ атрофи раиси хеш-Сиҷоуддин Саломзода ҳамакнун ҷамъ шудаву зери шиори «Мо Метавонем!» ба поку гулкории шаҳр камар бастаниянд. Воқеан ҳам руасои пешин бо иллати ба мо тамоман номаълуму номафҳум аз гулкориву ободии шаҳрак сарфи назар кардаанд. Мардум аз раисони пешин танҳо аз Амиров ба некӣ ёд мекарданд. Мутмаинан, раиси нав ин шаҳрро ба хубтарин шаҳраки шимол табдил хоҳад дод. Метавонад!
Вақте бо аҳли ҷамоат ва фаолони ин диёри бостонӣ сӯҳбат оростем, нафаре пешниҳод кард, ки таҳти шиори «МО МЕТАВОНЕМ!» 50-рӯзи ободсозии Исфара шуруъ шавад. Мо сахт, бадрашкона, аз шиори худ ҳифз мекунем. Вале чун ин шиор бар суди Исфараи бостонисту дар Боғи Сайфи Исфарангӣ, ҳамноми бузургмартабаи ман, садо дод, розӣ шудем, ки барои 5 даҳа он шиори Исфара гардад. Мо Метавонем!
Дидори хотирмони баъдӣ дар Мастчоҳи бостонӣ буд. Маро ҳайратзада кард, ки ҳазорон нафар ҷамъ шудаву аз хабарнигорони газетаи мардумӣ истиқбол мекарданд. Раиси ноҳия, Ғайрат Азиззодаи чун ҳама Мастчоҳиён паҳлавони таҳамтан(!), аксарияти кулли ҳукумат ва мардони сарбадори Мастчоҳ аз мухлисини ҷонӣ ва ба гуфтаи Ш.Амин «ашаддӣ»-и СССР будаанд. Базме, ки ороста шуду дар он Ӯрунбек Ҳамдамови беқиёс, Муродбек Насриддини беамсол, оташи меҳри Наврӯз барафрохтанд, барои садсолаҳо дар дили ману мо фурӯзон хоҳад монд.
Дар н.Б.Ғафуров шояд мо нахустин хабарнигороне будем, ки меҳмони гиромии Хистеварз (Қистакӯз)-и бостонӣ шудем. Мардуми бузургмартаба ва олидараҷоти ин деҳа (воқеан ҳам калонтарин деҳа дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ!!!) низ аз мухлисини мо будаанд. Зариф Назирӣ-раиси ноҳияи мазкур-интеллигент, кордон ва дипломат дар қатори руасои навоҳии болозикр, ба таҳқиқ раиси мардумист. Мо чашми некбин дорем. Ободкориҳое, ки таҳти ҳидояти президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳия дар ин чанд соли ахир кардааст, шояд дар 70 соли шӯравӣ касе анҷом надода бошад. Зиҳӣ. Мо Метавонем!
Истаравшани бостонӣ, Киропол, Кирэсхата, Ӯротеппа…моро бо дилу дидаи боз пешвоз гирифт. Раиси ноҳия-Баҳром Иноятзода, ки рӯзи 1 апрел аз фаолияташ ҳамагӣ 1 сол сипарӣ мегардад, шаҳрро тамоман қабои нав пӯшонидааст. Истаравшанро шинохта намешавад. Муғтеппае, ки ҳазорсолаҳо чуғзхона, вайрона, фаромӯшгӯша буд, ин соатҳо ҷомаи фарохи шоҳонаи аҳди Куруши Кабирро ба бар кардан дорад. Равед ва бинед ва ифтихор бо ҷадди худ ва раиси созанда кунед. Мо Метавонем!
Дар ҷамъ, проекти «Раиси Мардумӣ», ки бе ҳеч шакку шубҳаву тардид ҷои аввал ва назаррасро дар он Рустами Эмомалӣ ишғол кард, бори дигар сабт сохт, ки мардум дар интихоби Раиси мардумии худ хато накардааст.
Лоиҳа хатм шуд? Шояд. Аммо дигар руасое, ки мо кашф накардаем, магар ба муаррифӣ, танқид, тавсиф ниёз надоранд? Нависед. Чоп мекунем. Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар